Loading...
АСОСӢ
Факултети стоматологӣ
 Диданд: 2369

Факултети стоматологӣ

Суроға: ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 139, бинои асосии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, ошёнаи якум

Тел.: (+992) 44 600 36 11, (+992) 900 30 10, e-mail: stom@tajmedun.tj

Субҳонов Сатторхон Соибович   
 Декани факултет, н.и.т., дотсент 

 

 

Аминов Рустамҷон Сафарович
Муовини декан
       

   Факултет соли 1977 ташкил карда шудааст. Дар чор даҳсолаи гузашта зиёда аз 2.5 ҳазор мутахассисони ботаҷриба – табибон-стоматологҳо барои соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ омода карда шудаанд.
       Ҳар сол ба факултети стоматологӣ 110 нафар донишҷӯён қабул карда мешаванд.
       Шакли таҳсил дар факултет рӯзона буд, муддати таҳсил панҷ сол мебошад.  Хатмкунандагони факултет тахассуси «табиб-стоматолог»-ро мегиранд. Минбаъд онҳо таҳсилоти баъдидипломиро дар интернатура гирифта, баъди хатми он ихтисоси асосии «табиб-стоматолог»-ро мегиранд.   Дар оянда онҳо метавонанд дар ординатураи клиникӣ аз рӯйи ихтисосҳои «стоматологияи муолиҷавӣ», стоматологии кӯдакона, ҷарроҳии ҷоғу рӯй, стоматологияи ортопедӣ ва ортодонтия таҳсил намоянд.
           Маркази омодасозии кадрҳои стоматологӣ ин клиникаи донишгоҳии стоматологӣ – Маркази таълимӣ-клиникии (МТК) «Стоматология» мебошад. Аз соли 2007-ум МТК «Стоматология» ҳамчун пойгоҳи муолиҷавии чор кафедраҳои тахассусии факултет фаъолият намуда, маркази илмӣ-методӣ ва муолиҷавӣ-машваратӣ оид ба стоматология мебошад.
            Омӯзиши мутахассисони оянда дар чор кафедраҳои тахассусии зерин:
1.    стоматологияи муолиҷавӣ,
2.    стоматологии кӯдакона ва ортодонтия,
3.    ҷарроҳии ҷоғу рӯй
4.    стоматологияи ортопедӣ
аз тарафи омӯзгорони ботаҷриба – докторон ва номзадҳои илмҳои тиб тибқи талаботи педагогикаи муосир гузаронида мешавад.    Таҷрибаомӯзии истеҳсолиро донишҷӯён дар пойгоҳи МТК «Стоматология», ҳуҷраҳои стоматологӣ, шӯъбаҳо ва дармонгоҳҳои давлатӣ ва ғайридавлатии муассисаҳои тиббии ш. Душанбе мегузаранд.                  
           Роҳбарияти донишгоҳ, факултет, ҳайати омӯзгорони кафедраҳои тахассусӣ кӯшиш менамоянд, ки ҳар як хатмкунанда дар ҳаҷми пурра малакаҳои амалиро азхуд намуда, технологияҳои навтарини муосирро ки дар кори табиб стоматологи имрӯза зарур мебошад азхуд намояд.              
           Донишҷӯёни факултети стоматологӣ дар конференсияҳои илмӣ-амалии донишҷӯён ва олимони ҷавони ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино иштирок намуда, корҳои чопӣ дар маҷмӯъаи корҳои илмӣ доранд.

Кафедраҳо: