Loading...
АСОСӢ
Факултети педиатрӣ
 Диданд: 262

Факултети педиатрӣ

Суроға: ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 139, бинои асосии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино

Тел.: (+992) 917 29 29 01, (+992) 919 03 14 21, e-mail: pediatri@tajmedun.tj

Табаров Муҳиддин Сафарович 
 Декани факултет, д.и.т.

 

Фузайлова Мавлуда Саидисломовна
Муовини декан
       
 Нимаи асри 20 дар ҷумҳуриамон зарурат ба омодасозии кадрҳои тиббӣ-педиатрӣ беш аз пеш афзуд. Он вақтҳо аз сабаби набудани факултаи педиатрӣ дар донишгоҳ табибон - педиатрҳо аз ҳисоби донишҷӯёни факултети муолиҷавӣ бо роҳи таъсиси субординатура дар назди кафедраи бемориҳои кӯдакона тайёр карда мешуданд, ки ин кор аз соли 1941 ба роҳ монда шуда буд.  

Дар соли таҳсили 1958-1959 бори аввал факултети педиатрӣ таъсис дода шуд, ки ба он дотсент А.М.Пилосов сарварӣ мекард. Бояд гуфт, ки мавсуф дар ташкил ва рушди факултет нақши босазо гузоштааст. Бо мақсади вусъат бахшидани раванди омодасозии табибон-педиатрҳо аз ҳисоби беҳтарин донишҷӯёни факултети муолиҷавӣ курсҳои 2 ва 3-и факултети педиатрӣ ташкил ёфтанд.  
Худи ҳамон сол аввалин қабули мустақилонаи 76 нафар донишҷӯён гузаронида, аввалин кафедраи факултети педиатрӣ таъсисдода шуд, ки ба он Г.Е.Левина роҳбарӣ мекард.     Баъдтар соли 1964 боз 2 кафедра- бемориҳои дарунӣ (мудираш М.Х.Бобохоҷаев) ва ҷарроҳии кӯдакон (мудираш А.Т.Пӯлодов) таъсис ёфтанд.  
Ба ҳайси декани факултет чунин олимони на танҳо дар дохили ҷумҳурӣ, балки берун аз он машҳури соҳаи тиб, ба мисли дотсент Н.Ҳ.Ҳошимов, профессор Ф.А.Абдураҳмонов, профессор Ю.И.Датхаев, дотсент И.Ю.Юлдошев, дотсент М.К.Каримов, профессор Н.Ф.Файзуллоев, Э.С.Шерматов фаъолияти пурсамар анҷом додаанд.  Аз соли 1996 бо сабаби муттаҳидсозии факултетҳои муолиҷавӣ ва педиатрӣ ин вазифаро дотсент Р.Ш.Ашурова, ва баъдтар дотсент Л.А.Бобоева ба зимма доштанд.   Дар соли таҳсили 2014-2015 дар донишгоҳ фаъолияти факултети педиатрӣ аз нав ба роҳ монда шуд ва дар айни замон роҳбарии факултетро профессор М.С.Табаров ба ӯҳда дорад.  
     Дар тӯли фаъолияти факултети педиатрӣ донишгоҳ бештар аз 6000 нафар табибон-педиатрҳоро тарбия намуда ба хизмати халқу Ватан сафарбар намудааст. Айни замон дар кафедраҳои педиатрӣ олимон- профессорон ва дотсентоне фаъолият менамоянд, ки дар рушду инкишофи хадамоти педиатрии мамлакат нақши босазо гузоштаанд. Ба инҳо профессорон А.М.Мироқилова, З.Х.Яъқубова, Н.Ф.Файзуллоев, К.И.Исмоилов, А.А.Азизов, М.Н.Ҷураев, А.В.Воҳидов, В.Н.Щиголев, З.К.Умарова мисол шуда метавонанд. Олимони номбурда то имрӯз дар ҳифзи саломатии кӯдакон ва тарбияи мутахассисони ҷавони соҳа саҳмгузорӣ карда меоянд. Ин ҷо аз хизматҳои бузурги профессороне ба монанди С.М.Яъқубова, Б.Я.Вялушкин, З.Я.Абдуллохоҷаев, А.Т.Пӯлодов ва С.Б.Бобоев низ ёдовар шудан лозим аст, ки тамоми ҳаёти пурбаракати худро ба соҳаи педиатрии донишгоҳ бахшида, дар давраҳои гуногун кафедраҳои факултетро роҳбарӣ кардаанд.  
Таҷрибаи бойи табибӣ ва маълумотҳои тӯли солҳо ба дастовардаи ин олимони номиро омӯхта истода, табибони ҷавони оянда имконияти пурра пайдо менамоянд, ки ба ҳар як бемори хурдсол бархӯрду муносибати дурусти касбӣ намуда, дар самти ташхиси дуруст ва табобати саривақтии кӯдакон ба дастовардҳои арзанда ноил гарданд, то ки кӯдакон аз бемориҳои эҳтимолӣ пешгирӣ карда шаванд. Ояндаи кӯдакони мо бошад ба фаъолияти олидараҷаи касбии табибон-педиатрҳои оянда  вобастагии қавӣ дорад.          

Кафедраҳо: