Loading...
АСОСӢ
Кафедраи гистология

 Диданд: 0

Кафедраи гистология

Суроға: ш.Душанбе, хиёбони Сино 30/1
Тел.: (+992) 44 600 39 85, (+992) 907 77 07 17. 23@tajmedun.tj 
Мудири кафедра н.и.т., дотсент Шукурова Дилоро Адҳамовна 
 
Кормандони кафедра
 
 
Соҳибова
Зуфнуна
Назировна
н.и.т., дотсент
 
 
Умарова Зулфия  
Дилсузовна
муалими калон
 
 
 
Зияева Зебуниссо  
Ҷахоновна
муалими калон
 
 
 
Бобоева Гуландом   
Аҳмадшоевна
ассистент
 
 
 
Хасанова Дилором 
Муминовна 
ассистент
     
  
Мусоева Назокат
Муҳаббатовна
ассистент
 
 
 
 
Имомбердиева Мукаддас
Абдуназаровна 
ассистент
 
 
 
 
 
Имомназарова
 Ватансултон 
Шерназаровна 
ассистент
 
 
 

Таърихи кафедра

  Кафедраи гистология аз аввали ташкилёбии Донишкадаи тиббии Сталинобод соли 1939 фаъолият карда истодааст. Мудири аввалини он профессор Сиповский П.В. буд. Ӯ дар ташкил, интихоб ва пурра кардани ҳайати кафедра, дастрас намудани таҷҳизоти зарурӣ, лавозимот, асбобҳои айёнӣ ва реактивҳо саҳми арзанда гузошт.  Профессор П.В.Сиповский дар кафедра ду соли хониш фаъолият бурда, баъди он ба мудирии кафедраи анатомияи патологии нав ташкилшуда гузашт. Вазифаи мудири кафедра муваққатан  ба дӯши досент Ю.В.Полонский вогузор карда шуд. Аз соли 1941 то январи 1946 вазифаи мудири кафедраро гистологи номдор шогирди академик А.А.Заварзин,  доктори илмҳои тиб,  профессор Г.В.Ясвоин иҷро кард, ки аз шаҳри Ленинград эвакуатсия шуда буд. Солҳои пеш аз ҷанг ва Ҷанги     Бузурги Ватанӣ адади кормандони кафедра аз 5 нафар иборат буд.  Онҳо асосан ба корҳои ҷиҳати методологӣ дуруст ташкил кардани раванди таълиму тадрис дар кафедра эътибор медоданд.

  Солҳои 1946-1950 сардории кафедраро яке аз шогирдони ленинградии академик А.А.Заварзин дотсент Л.С.Сутулов ба зимма гирифта буд, ки ҳамҷоя вазифаи директори донишкадаи тиббиро иҷро мекард. Аз соли 1946 сар карда кормандони кафедра ба омӯзиши хусусиятҳои аксуламали бофтаҳои организм ба таъсироти муҳит оғоз карданд. Бо ин мақсад онҳо ба ағбаи Анзоб экспедитсияи баландкуҳӣ ташкил намуданд. Доираи тадқиқотҳо тадриҷан васеъ гашт. Нахустин кори илмие, ки дар кафедра оғоз ёфт, ба омӯзиши шифоии захмҳои пӯсти саг дар шароити баландкӯҳ (О.Т.Уткина) бахшида шуда буд. Корманди дигари кафедра М.Е.Мошгаллер оид ба қобилияти ҳарорати бадалии эпителияи қарнияи чашми қурбоққа ҳангоми фишори мӯътадил ва пасти ҳаво тадқиқот гузаронд. Соли 1949 таҳти унвони «Ягонагии сохтори бофта ва шароити мавҷудияти он» маҷмӯаи корҳои илмии кафедра ба табъ расид, ки дар он масъалаҳои морфологияи кишварӣ дар шароити баландкӯҳи ҷумҳурӣ дарҷ ёфта буданд. Дар 10 соли янда (1950-1960) вазифаи мудири кафедраро дотсент И.И.Шаров ба ӯҳда гирифта буд, ки ин олим, инчунин намояндаи мактаби гистологии шаҳри Ленинград буд. Дар таҳти роҳбарии ӯ кормандони кафедра тадқиқотҳои хислатҳои эмбриологӣ доштаро бо истифодаи спектри васеъии усулҳои гистохимиявӣ мегузаронанд.                                                                                                 

   Дар солҳои1960-1964 дар таҳти роҳбарии профессор Г.Г.Самсонидзе кормандон ва аспирантони кафедра ба омӯзиши проблемаи морфогенез ва барқароршавии узвҳо, хусусан – тадқиқоти муқоисавии гипертрофияи компенсаторӣ ва регенератсионии гурдаи ҳайвонҳои гуногун шурӯъ намуданд. Ҳамзамон дар вақти роҳсипар шудани профессор Г.Г.Самсонидзе ба Гурҷистон рисолаҳои номзадии аспирантҳои Л.И.Исмоилова дар мавзӯи: «Тағиротҳои рагҳои хунгард дар раванди гипертрофияи компенсаторӣ ва регенератсионии гурдаи калламушҳо» ва Ф.Х.Шарипов дар мавзӯи: «Оид ба фаъолияти митотикӣ ва раванди шабонарӯзӣ дар рафти гипертрофияи компенсаторӣ ва регенератсионии гурдаи калламушҳо» ба сомон расонида шуданд.  Ин аввалин рисолаҳои номзадӣ буданд, ки дар кафедра аз ҷониби кадрҳои маҳаллӣ анҷом пазируфтанд. Солҳои минбаъда дар кафедра омӯзиши тарзу усули ҷараёни равандҳои талофӣ ва таҷдидӣ дар ҷигар, ғадуди сипаршакл, испурч ва ғ. дар шароити баландкӯх ба роҳ монда шуд. 

   Солҳои 1965-1972 вазифаи мудири  кафедраи гистологияро дар Донишкадаи тиббӣ  гистологи номии мамлакат,  профессор А.А.Браун ба зиммаи худ гирифта буд.  Дар таҳти  роҳбарии профессор А.А.Браун равиши асосӣ дар омӯзиши проблемаи морфогенез ва таҷдиди узвҳо, масъалаҳое, ки ба механизми ин равандҳо тааллуқ доранд дар узвҳои гуногун дар шароити баландкӯҳӣ  ҳамҷоя бо денерватсияи узв ва таъсири омилҳои физикавӣ  мешавад.  Дар натиҷаи ин тадқиқотҳо 15 рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ аз тарафи кормандони ДДТТ да зери роҳбарии профессор А.А.Браун бо муваффақият дифоъ карда шуданд.

  Солхои  1981-1991  дар ҳаёти кафедра тағйиротхои куллӣ рух намуданд. Дар таҳти роҳбарии профессор М.В.Постников дар кафедра осорхонаи ҷаниншиносӣ ташкил карда шуд, ки инъикоскунандаи дастовардҳои корман¬дони он аст. Ба таҳқиқи қобилияти таҷдидии ҷигар ва гиреҳҳои лимфавӣ хангоми таъсири омилхои манфӣ ибтидо гузошта шуд. 

   Профессор Ф.Х.Шарипов дар солҳои 1972-1980, 1992-2003 дар кафедра роҳбарӣ мекард, Дар ин вақт  як силсила дастурамалу китобҳо ба табъ расиданд, ки дар кори беҳтар намудани сифати машғулиятхои амалӣ ва дарсхои лексионӣ аҳамияти калон доранд. Якумин дастурамал барои машғулиятҳои амалӣ аз ситология, эмбриология ва гистологияи умумӣ соли 1977 ба нашр расид.  Дастоварди калони кафедра ин буд, ки аз тарафи дотсент С.Ҷ.Ҷураев ду дастур: «Бофташиносӣ» (1993) ва «Сохти микроскопии узвҳои одам» (1995) ба забони давлатӣ ба нашр расид, ки имконияти такмил додани дарсгузарониро ба забони тоҷикӣ дод. Дар таҳти роҳбарӣ ва иштироки  профессор Ф.Х.Шарипов 12 рисолаи номзадӣ ва 1 рисолаи докторӣ иҷро ва дифоъ шудаанд.

    Дар солҳои 2004-2006  вазифаи мудири кафедраро доктори илмҳои тиб, профессор С.С.Қурбонов ба ӯҳда доштанд. Солҳои 2006-2012 мудири кафедра дотсент,  доктори илмҳои биология С.Г.Мухамедова буд.

Дар тарбияи кормандони ҷавон ва донишҷӯён н.и.т., доцент Мӯътабар Бурҳоновна Баҳромова саҳми арзанда гузоштаанд, ки аз соли  1963 то 2016 кор ва фаъолият бурдаанд. 

         Аз соли 2012 то ҳол  роҳбарияти кафедра ба зиммаи номзади илмҳои биология, дотсент Д.А.Шукурова гузошта шуд.  Ҳоло дар кафедра 13 устодон фаъолият бурда  истодаанд, ки аз онҳо кормандони асосӣ: н.и.б., доцент Дилоро Адҳамовна Шукурова, к.м.н., доцент Зуфнуна Назировна Сохибова, муаллимони калон Зульфия Дильсузовна Умарова, Зебуниссо Ҷахоновна Зияева,  ассистенты - Гуландом Ахмадшоевна Бобоева, Дилором Муминовна Хасанова, Назокат  Муҳаббатовна Мусоева, Ватансултон Шерназаровна Имомназарова, Муқаддас Абдуназаровна Имомбердиева, ҳамкорон  Шоира Ризоевна Ҷавадова, Саодат Рахимовна Сафарова, Орзубек  Одилов, Мавҷигул  Ҷураевна  Самиева мебошанд. 

Фаъолияти таълимии кафедра

   Барои баланд бардоштани сифати  корҳои таълимию-методӣ ва савияи  дониши  донишҷӯён    дар кафедра  дастури методӣ аз фанни ситология, эмбриология, гистологияи умумӣ ва ҷузъӣ барои донишҷӯёни ҳамаи факултетҳо  бо забонҳои давлатӣ,  русӣ ва англисӣ  омода  шудааст, ки  оиди ҳар як мавзӯъ  мақсад, номгӯи саволҳои санҷишӣ, тестҳо ва нақшаҳои графологӣ барои тайёрии назариявии берун аз синфӣ ва  кори мустақилонаи машғулиятхои амалӣ бо роҳбарии устод оварда шудааст ва он омӯзиши мустаҳзархои гистологии асосӣ, демонстративиро дар бар мегирад.

    Дар дастури методӣ  дар бораи ҳар як мустаҳзари гистологӣ оиди таркиби он маълумот дода шудааст, ки он омӯзиши мустахзари гистологиро осон мегардонад. Ба донишҷӯён барои хуб аз худ намудани сохту вазифаи ҳуҷайраҳо, бофтаҳо ва узвҳои омузишӣ  расмҳо ва нақшаҳо  дода мешавад, ки  барои тайёрии на танхо машғулиятҳои амалии гистология, балки  барои омӯзиши  илмҳои тиббӣ-биологӣ,  клиникӣ ёрии амалӣ мерасонад. 

    Яке аз дастовардҳои кафедра ин ворид намудан ва истифодаи самараноки барномаҳои инноватсионӣ дар раванди таҳсил ҳамчун илова  ба  методи  асосии таълим ва муайян намудани  дараҷаи азхудкунии  маводи таълимии донишҷӯён мебошад. 

   Барномаи компютерии махсус «Равзанаи дониш»  бо тарзи албоми электронии мустаҳзарҳои гистологӣ омода  шудааст, ки  ба донишҷӯён омӯзиши онро на танҳо дар кафедра, балки берун аз он низ имконият медиҳад.

Таълифоти кормандони кафедра

      Мавзӯи корҳои илмии коркунони кафедра айни ҳол  ин «Хусусиятҳои пиршавии пӯст бо назардошти омилҳои табиӣ – иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои солҳои 2016-2020.  Аз тарафи коргарони кафедра 500  корҳои илмӣ – мақолаҳо (зиёда аз 100) ва фишурдаҳо дар маводҳои конференсияҳо ва симпозиумҳо  ба чоп расидааст. Инчунин 14 пешниҳодҳои  ратсионализаторӣ  омода шуда ва 2патент барои ихтироот гирифта шудааст, 12-маводҳои таълимию – методӣ ба чоп расидааст, аз он ҷумла:     

 •     «Бофташиносӣ» (1992), С.Д.Джураев 

 •    «Сохти микроскопии узвхои одам» (1996), С.Д.Джураев    

 •    «Атласи бофташиносӣ» (2008), С.Д.Джураев

 • Истилоҳоти асосӣ аз фанҳои бофташиносӣ, ҳуҷайрашиносӣ ва ҷаниншиносӣ,  2009, Ҷураев С., Ҷураев О.С., Юсупов А.И.

 • Цитология, 2010, Ҷураев С., Ҷураев О.С., Ҷураев С.С., 

 • Общая гистология человека, 2010, Ҷураев С., Ҷураев О.С.

 • Гистологияи одам, 2011, Ҷураев С., Ҷураев О.С.

 • Луғати бофташиносӣ, 2011, Ҷураев С., Ҷураев О.С.,Тағойкулов Э.Ҳ.

 • Дастур аз ситология, эмбриология ва гистология, 2005, 2011, Бахромова М.Б., Шукурова Д.А.

 • Учебно-методические разработки к практическим занятиям по частной гистологии, 2012, Бахромова М.Б., Умарова  З.Д., Зияева З.Д.

 • Гистология,2013,  Ҷураев С.

 • Гистологияи ҷузъӣ ( курси лексияҳо бо дастурамал), 2013, Бахромова М.Б., Шукурова Д.А.

 • Учебно-методические разработки к практическим занятиям по частной гистологии, 2014 

 • Учебно-методические разработки к практическим занятиям по цитологии, эмбриологии и общей гистологии, 2017

 • Курс лекций по гистологии, 2017, Шукурова Д.А.

Ҳамкориҳои байналмиллалии кафедра

 Тибқи қарордоди дуҷониба байни донишгоҳҳои тиббӣ дар бобати омӯзиши таҷриба, мубодилаи мутахассисону донишҷӯён доктори илмҳои тиб, профссори кафедраи гистологияи ДДТ Қарағанда А.В. Куркин ба ДДТТ ба номи Абӯали ибни Сино соли 2013 ташриф оварда буд. Профессор А.В. Куркин тайи як ҳафта дар кафедраи гистология ширкат варзида бо усулҳои тарбияю таълими кафедра шинохт шуда буд. Дар ин айём профессор А.В. Куркин бо лексияҳо ва машғулиятҳои устодон  иштирок карда, инчунин худашон низ ба донишҷӯён ва устодон якчанд лексияҳо хонда семинар гузаронданд, ки ин ба ҳамкории академӣ ҳамчун омили тақвияти хамкориҳои байналмилали ва вусъати фазои таҳсилотӣ мебошад.