Loading...
АСОСӢ
Кафедраи нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ ва омори тиббӣ бо курси таърихи тиб

 Диданд: 0

Кафедраи нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ ва омори тиббӣ бо курси таърихи тиб

Суроға: ш.Душанбе, хиёбони Сино 30/1 (бинои нави ДДТТ),
Тел: (+992) 44 600 39 71, (+992) 98 528 79 97 e-mail: 32@tajmedun.tj
Мудири кафедра, д.и.т., дотсент Миралиев Салоҳидин Раҷабович
 
Кормандони марказ
 
Ҷӯраева
Наргис
Сарабековна
н.и.т., дотсент
 
 
Ҳакимова Муҳаббат
Баҳодуровна
н.и.т., дотсент
 
 
 
Комилов Исмоил
Шарипович
муаллими калон
 
 
 
Маҳмудова Дилдора
Шодибоевна
муаллими калон
 
 
 
Нуриддинова Нигора
Наимҷоновна
муаллими калон
        
 
 
Комилова Гулнора
Ибрагимовна
асисстент

 
 
Пирова Гулчеҳра
Давроновна
асисстент
 
 
 
Юсуфзода Парвиз
асисстент

 
 
 
Исроилова Зулфия
Сироҷидиновна
асисстент
 
 
 

Таърихи кафедра

     Баъд аз се соли таъсисёбии Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон моҳи феврали соли 1942 кафедраи ташкили нигаҳдории тандурустӣ ташкил карда шуд. Якумин мудирони кафедра: номзади илми тиб, дотсент, А.С. Раевский (аз феврал то июли соли 1942) ва номзади илми тиб, дотсент, Б.М. Лядский (то майи соли 1952)
Мутаассифона марҳилаи аввали фаъолияти кафедра дар ягон ҷой ба қайд гирифта нашудааст, ҳатто дар бойгонӣ низ нисбати он ҳуҷҷате нест. Аз сабаби норасогии омӯзгорон то соли1954 барои хондани лексияҳо ва қабули имтиҳонҳо аз фанни беҳдошти иҷтимоӣ омӯзгорон аз дигар донишкадаҳо таклиф карда мешуданд (дотсент М.С. Меллер аз Донишкадаи II шаҳри Москва).
Соли 1954 ба вазифаи мудири кафедраи ташкили нигаҳдории тандурустӣ  номзади илми тиб Ёкуб Тоҷиевич Тоҷиев таъин карда шуд. Поперека-Ланге С.М ва Потапов И.Л. аввалин омӯзгорони кафедра буданд. Лексияҳоро аз фанни ташкили нигаҳдории тандурустӣ мудири кафедра Тоҷиев Ё.Т. ва аз таърихи тиб дотсент Я.П. Поперека (отоларинголог аз рӯи ихтисос)  мехонданд.
Вазифаҳои асосии марҳилаи аввал ташкил кардан ва такмил додани ҷараёни таълимӣ-педагогӣ, тайёр кардани дастурамалҳои методӣ буд. Машғулиятҳои амалӣ аз фанни беҳдошти иҷтимоӣ ва таърихи тиб бо донишҷӯёни бахшҳои 4, 5 ва 6 дар як вақт гузаронида мешуданд. Заминаи моддию техникӣ пай дар пай васеъ гардида, дар фаъолияти таълимӣ-педагогӣ таҷрибаҳои нав ба нав ба даст оварда мешуданд.
Марҳилаи навбатии инкишофи кафедра солҳои 60-ро дар бар мегирад. Дар охири солҳои 50-ум ва аввали солҳои 60 - ум дар байни  олимони соҳаи беҳдошти иҷтимоӣ дар атрофи масъалаи номи кафедра баҳсу мунозира мерафт. Гурӯҳе ҷонибдори монондани номи аввалаи кафедра «Ташкили нигаҳдории тандурустӣ» ва гурӯҳи дигар бошад, ҷонибдори номгӯй ва барқарор намудани беҳдошти иҷтимоӣ ҳамчун илм ва фанни таълимӣ буданд. Дар натиҷа донишкада ва кафедраҳои мувофиқ  дар соли 1969 ба донишкада ва кафедраҳои беҳдошти иҷтимоӣ ва ташкили  нигаҳдории тандурустӣ номгузорӣ карда шуданд. Ин оғози марҳилаи дигари инкишофи фанни мазкур буд. Дар солҳои оянда ҳайати кафедра аз ҳисоби хатмкунандаи Донишкадаи тиббӣ Тхостова В.Т. (1957) ва омӯзгорон Григоренко А.В. (1957), Галашевский О.М. (1960) ва Исхоков И.С. (1962) пур карда шуд.
Дар натиҷаи васеъшавии ҳайати омӯзгорони кафедра, имконияти ҷудо намудани фаннҳо пайдо шуд.  Исхоков С.И. ва сипас Авазов М.А. аз фанни таърихи тиб ва омӯзгори калон - Гончаров ва баъдан Ризвонова З.Г. аз фанни ҳуқуқи советӣ дарс мегуфтанд. Бо мақсади тайёр кардани кадрҳои илмӣ кормандони кафедра Авазов М.А. соли 1965, Анваров А.К. соли 1967, Муллоев А.М. соли 1976 ба аспирантура равона карда шуданд ва ё ҳамчун унвонҷӯи ба корҳои илмӣ ҷалб карда мешуданд (Тхостова В.Т., Пак Л.М., Немеровский Э.А.) таҳти роҳбарии профессор Ё.Т. Тоҷиев.
Сол аз сол нерӯи илмии кафедра ташаккул ёфта, таҳти роҳбарии  Тоҷиев Ё.Т., Абдушукурова Х.М. (1973), Францишко В.П. (1982), Махсумова М.М. (1983), Абдуллоева М. (1988) ва Собирова Д.Б. (1988)  рисолаи номзадиашонро дифоъ намуданд.
Аз соли 1989 номзади илми тиб, дотсент Анваров А.К. сарварии  кафедра ба уҳда дошт.  Марҳилаи сарварии ӯ ба давраи душвори таърихи Тоҷикистон рост омад. Баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ  сарзамини Тоҷикистонро ҷанги шаҳрвандӣ ва барқароршавии сулҳ пайгирӣ мекард. Моҳиятан ҳайати омӯзгорони кафедра дигар шуда, зарурати аз нав барқарор намудани нерӯи илмии кафедра ба миён омад.   Таҳти роҳбарии доктори илми тиб, профессор Анваров  А.К. корҳои илмиашонро Б.Х. Қобилова (2002), И.А. Филипущенко (2002), Н.С. Ҷураева  (2004) ба анҷом расонида, баъд аз вафоти ӯ ҳимоя карданд.
Аз соли 2002 то соли 2006 иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедра Насриддинова Б.З. ва аз соли 2006 то соли 2010 мудири кафедра номзади илмҳои тиб Филипущенко И.А. буданд. Аз соли 2010 то ҳол мудири кафедра доктори илмҳои тиб, дотсент С.Р. Миралиев мебошанд.

Фаъолияти таълимӣ

 Дар кафедра машғулиятҳои амалӣ ва лексияҳо аз фанни «Беҳдошти иҷтимоӣ ва нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ» барои донишҷӯёни курсҳои 4, 5 факултаҳо тиббӣ, стоматологӣ ва курси 4-уми факултаи нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ гузаронида мешавад. Донишҷӯёни курси 6-ми факултети тиббӣ аз фанни «Иқтисоди нигаҳдории тандурустӣ» дарс меомӯзанд. Барои донишҷӯёни курси 1-уми стоматологӣ ва фарматсевтӣ, факултаҳои  тиббӣ ва педиатрӣ дар курси 2-юм дарсҳо аз фанни  таърихи тиб гузаронида мешавад. Таълим дар мувофиқа бо барномаи таълимӣ гузаронида шуда, бо назардошти хусусиятҳои ҳар як факулта, хусусияти фаъолияти мутахассисони оянда бо забонҳои русӣ ва тоҷикӣ ба роҳ монда шудааст. Аз соли 2007, курсҳои 2 ва 3 донишҷӯёни хориҷӣ  аз фанҳои «Таърихи тиб» ва «Нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ» бо забони англисӣ таълим мегиранд.
Дар кафедра соли 2012 Маркази захиравӣ оид ба нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ кушода шуд. Марказ бо адабиётҳои зарурӣ, компютерҳо, интернет муҷҷаҳаз буда, бо китобхонаи электронии донишгоҳ пайваст аст.  
Аз соли 2014 кафедра дар доираи татбиқи «Нақшаи стратегии рушди системаи иттилоотии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба шабакаи ягонаи системаи иттилоотӣ барои беҳтар намудани аёнияти омӯзиши донишҷӯён пайваст шудааст.  
          Аз соли 2015 кафедра курси такмили ихтисос (КТИ) оид ба масъалаҳои сиёсат, менеҷмент, иқтисод ва низоми идоракунии иттилоотии тандурустӣ барои роҳбарони муассисаҳои тиббӣ ва ташкилотчиёни тандурустӣ ташкил карда шудааст.


 Кори таълимӣ - методӣ

Илова ба китобҳои тавсияшудаи дарсӣ ва дастурҳо,   дастурамалҳои тайёр намудаи  устодони кафедра дар дарсҳои  амалӣ истифода бурда мешавад. Ҳамаги 7 дастурамал оид ба нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ (ба забонҳои русӣ ва тоҷикӣ) ва як китоби дарсӣ оид ба нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ ба забони тоҷикӣ ва 2 монография нашр шудааст.

Фаъолияти тарбиявӣ

Корҳои тарбиявии кафедра аз рӯи принсипҳои асосии сарпарастӣ, ки дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино қабул гардидааст,  ба роҳ монда шудааст. Ҳадафи корҳои тарбиявӣ ташаккули худшиносӣ ба донишҷӯён ва аъзоёни ҷавони кафедра мебошад. Таваҷҷуҳи махсус ба ҷанбаҳои ахлоқӣ ва деонтологии амалияи тиббӣ, омӯзиши малакаҳои муносибати байниҳамдигарӣ дода  мешавад.

 Фаъолияти илмӣ

Аз соли 2010 то соли 2014 дар якҷоягӣ бо кафедраи тибби оилавии №2 ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ - клиники тибби оилавӣ, кафедра лоиҳаи тадқиқотӣ-илмии "Асоснокии илмии такмили минбаъдаи тибби оилавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро татбиқ намуд. Дар рафти амалисозии лоиҳа 1 рисолаи доктори дифоъ карда ва 2 рисолаи номзади барои ҳимоя тайёр кала шуд.
Дар соли 2015 корҳо оид ба мавзӯи нави кафедра "Ҷанбаҳои тиббӣ- иҷтимоии такмили ташкили кӯмаки ёрии аввалияи тиббӣ дар шароити  нави иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" оғоз гардид. Дар 5 соли охир дар кафедра тақрибан 120 корҳои илмӣ ва фишурдаҳо дар матбуотҳои чопии Тоҷикистон ва дар хориҷи кишвар бо забонҳои русӣ, тоҷикӣ ва англисӣ нашр карда шудааст. Кормандони кафедра иштирокчии  конфронсҳои илмӣ-амалӣ дар Россия, Қазоқистон, Олмон, Туркия, Малайзия ва Тоҷикистон мебошанд.
Аз ифтитоҳи магистратура оид ба нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ (2007) дар кафедра магистрони факултаи нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ ба омӯзиши сиҳатии аҳолӣ ва нигаҳдории тандурустӣ, иқтисодиёт ва маблағгузории тандурустӣ, ислоҳоти тандурустӣ ва идоракунӣ, ахлоқ ва ҳуқуқ дар тандурустӣ, пешвоӣ ва робита машғуланд. Дар маҷмӯъ то соли 2017 дар кафедра 25 магистри соҳаи нигаҳдории твндурустӣ таълим гирифта, рисолаи магистриашонро дифоъ намуданд.

Ҷоизаҳои кормандони кафедра

Мудири кафедра д.и.т., дотсент Миралиев С.Р. бо Ҷоизаи давлатии  олимони ҷавон ба номи Исмоили Сомонӣ, нишони «Аълочии тандурустӣ», медали «Хизмати  шоиста» ва бо ифтихорномаҳои фахрии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва ифтихорномаи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино сарфароз гардидааст.
Инчунин, муаллими калон Комилов И.Ш. бо ифтихорномаи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино сарфароз гардидааст.