Loading...
АСОСӢ
Кафедраи технологияи фармасевтӣ

 Диданд: 0

Кафедраи технологияи фармасевтӣ

Суроға: кӯч. Шукуфон 58, ш. Душанбе
Тел: +992 900 98 22 36 E-mail:
42@tajmedun.tj

Мудири кафедра н.и.ф., Валиев Абдуҷҷабор Халқуллоевич

Таърихи кафедра


Соли 1984 дар назди факултаи фармасевтии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино кафедраи “Технологияи дору ва фармакология” таъсис ёфт баъдан номи кафедраи “Технологияи фарматсевтӣ”-ро гирифт. Асосгузори ин кафедра, доктори илмҳои фарматсевтӣ, профессор Халифаев Давлат Раҳматович буд, ки дар ҳамон замон ягона номзади илм дар риштаи технологияи дорусозӣ аз Тоҷикистон маҳсуб меёфт. Устод Халифаев Д.Р. аз рӯзҳои аввали ташкилёбии кафедра то моҳи августи соли 2015 мудирияти кафедраро ба уҳда дошт. Аз 26 августи соли 2015 то имрӯз ба ҳайси мудири кафедра, номзади илмҳои фарматсевтӣ, Валиев Абдуҷаббор Халқуллоевич фаъолият мекунад. Замони асосии рушду камолоти кафедра дар самти тадқиқоти илмӣ, таълимӣ ва тарбиявии мутахассисони соҳаи фарматсия, аслан ба замони истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азиз рост меояд, зеро замоне ки ватани азизамон истиқлолияти давлатиро шарафёб гардид, кафедраи “Технологияи фарматсевтӣ” навраси ҳафтсолае буд, ки ниёз ба таъминот ва раҳкушоӣ дар ҷодаи илм дошт. Дар ин кафедраи тахассусии соҳаи фарматсия, ба ғайр аз фидоии кафедра устод Халифаев Д.Р., дар давраҳои гуногун мутахассисони варзидаи Тоҷикистон Мусоев С.М., Ҷамшедов Ҷ.Н., Стамова Л.Г., Губерман С.А., Зоиров С.Б, Саъдуллоев Ҷ., Имомов Р.Б., Маҳмудов Б.А., Гулмуродов И.С., Гулбекова М., Ҳасанова З. ва дигарон, кору фаъолияти илмию таълимӣ доштанд.


  Корҳои илмию тадқиқотӣ

Кафедра дар давоми фаъолияти худ 5 маротиба тағйири ҷой кардааст. Ба ҳамаи ин мушкилот нигоҳ накарда, ҳайати кормандони кафедра ба фаъолияти илмию таълимӣ машғул буданд.  Фаъолияти илмии кормандон ба азхудкунии ашёи растанигӣ ва минералии Тоҷикистон ҳамчун ашёи хоми доруворӣ ва дар заминаи он таҳияи технологияи шакли муайяни доруворӣ, равона гардидааст. Яке аз мушкилоти асосӣ барои муҳаққиқони кафедра, масъалаи дар Тоҷикистон мавҷуд набудани шӯрои диссертатсионӣ аз рӯи ихтисосҳои самти фарматсевтӣ (14.04.01-технологияи ҳосил кардани дору, 14.04.02-химияи фарматсевтӣ, фармакогнозия ва 14.04.03-ташкили иқтисоди фарматсия) мебошад, ки барои ҳимояи рисолаи номзадӣ ва докторӣ кормандон маҷбуранд озими шаҳрҳои Москва, Харков, Перм, Пятигорск, Ҳайделберг (Олмон) ва дигар шаҳрҳо шаванд. Аз он ҷумла, дар натиҷаи гузаронидани тадқиқотҳои илмӣ дар кафедра, Мусоев С.М. (соли 1991 дар ш.Москва), Валиев А.Х. (соли 2015 дар ш.Харков), Гулмуродов И.С. (соли 2016 дар ш.Харков) рисолаҳои номзадӣ ва Стамова Л.Г. (соли 1993 дар ш.Москва), Халифаев Д.Р. (соли 2004 дар ш.Перм), Шаропов Ф.С (соли 2015 дар ш. Ҳайделберг) ва аз рӯи равияи илмҳои фарматсевтӣ ҳимоя намуданд. Айни ҳол унвонҷӯи кафедра Рамазони Ш.С. зинаи пеш аз ҳимоявиро гузашта, тибқи нақша бояд давоми соли 2017 рисолаи номзадиашро ҳимоя намояд. Қайд кардан зарур аст, ки дар ҳоли ҳозир дар кафедра як профессор, як дотсент, ду номзади илм ва се ассистент фаъолият мекунанд. Имрӯз кафедра бо муассисаҳои гуногуни илмии дохил ва хориҷи кишвар дар самти тадқиқоти илмӣ алоқамандии зич дорад. Тибқи дархости ИИТ гастроэнтерология, омӯзиши дастрасии биологии гераниол дар ғилофак ба роҳ монда шуда, тибқи супориши Вазорати тандурустии ҶТ - таҳияи технологияи шакли доругӣ аз гиёҳи “Термопсиси тухмаш дарозрӯя” ба анҷом расид.   Чаҳор мақолаи фармакопеӣ ба ашёи хом, экстракт ва қурсҳо таҳия шуда, ба кумитаи фармакопеӣ пешниҳод гардид.
Самти асосии илмии кафедра дар тадқиқот, таҳия ва стандартикунонии шаклҳои гуногуни доруворӣ аз ашёи маҳаллӣ, равона гардидааст. Номгуи ашёҳои маҳаллие ки ҳамчун объекти тадқиқот ба шумор меравад инҳоянд: лойи бентонитии Тоҷикистон, растаниҳои дорои равғанҳои эфирӣ, лундаи бехи топинамбур, барги печак ва шодмондору. Аз рӯи натиҷаи тадқиқотҳои гузаронидашуда, танҳо оид ба лойи бентонитии Тоҷикистон, беш аз 100 мақолаи илмӣ нашр гардидааст. Дар асоси тадқиқотҳои физико-химиявӣ ва биофармасевтии равғани эфирии кокутӣ ва лойи бентонитии Тоҷикистон, шакли нарми дорувории малҳами “Субинак” таҳия гардид, ки хосияти зиддимикробӣ зоҳир мекунад. Бо усули тензинометрӣ муқаррар карда шуд, ки десорбсияи равғани эфирӣ из таркиби лойи бентонитӣ дар чор зина мегузарад, ин гувоҳи адсорбсияи физикӣ ва химиявӣ дар ин система мебошад. 
Дар маҷмӯъ кормандони кафедра соҳиби беш аз 8 патенти ихтироот мебошанд.


Корҳои тарбиявӣ

Дар самти тарбия ҳамасола аз ҷониби шуъбаи таълим ба кафедра миқдори муайяни соатҳо ҷудо мешавад, ки ба пуррагӣ иҷро мегардад. Мавзуи дарсҳои тарбиявӣ аслан арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандустию хештаншиносӣ ва роҳ надодан ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ равона гардидааст.


Корҳои таълимию методӣ

Бар замми фаъолияти илмӣ дар кафедра фаъолияти таълимӣ низ дуруст ба роҳ монда шудааст. Дар кафедра аз 5 фанни тахассусӣ дарс дода мешавад. Аз инҳо ба курси 3 - технологияи дорухонагӣ, курси 4 -технологияи саноати дорусозӣ ва ба курси 5 фанҳои тахассусии биофарматсия, биотехнологияи фармасевтӣ, ва инчунин стандартикунонӣ ва НСД тадрис гардид. Барои ҳар як фанни тадрисшаванда барномаи таълимии намунавӣ бо ду забон (русӣ ва тоҷикӣ) бо диди нав таҳия ва тасдиқ шудаанд. Китобҳои дарсии “Технологияи дорусозӣ” аз тарафи профессор Халифаев Д.Р. дар ду ҷилд бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ва китоби дарсии “Стандартикунонӣ ва назорати сифати доруворӣ” бо забони тоҷикӣ аз тарафи номзади илмҳои фарматсевтӣ Валиев А.Х., таълиф ва нашр шудаанд. Китоби дарсӣ аз фанни Биотехнологияи фармасевтӣ дар марҳилаи анҷоми таҳия қарор дорад.