Loading...
АСОСӢ
Кафедраи физиологияи патологӣ

 Диданд: 0

Кафедраи физиологияи патологӣ

Суроға: хиёбони Рӯдакӣ 139, бинои асосии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино
 E-mail: 55@tajmedun.tj

Мудири кафедра н.и.т., дотсент Тоштемирова Зулфия Мухаммаджоновна

Таърихи кафедра

Кафедраи физиологияи патологӣ моҳи маи соли 1941 таъсис ёфтааст. Мудири аввали кафедра Г.В. Пешковский буданд. Баъди берун аз Ҷумҳурӣ шудани Г.В. Пешковский, мӯҳлати кӯтоҳ вазифаи мудириро дотсент Я.С. Андросов иҷро намуданд.
Соли 1950 ба вазифаи мудири кафедра профессор И.А. Ойвин интихоб шуданд. Дар таҳти роҳбарияташон корҳои илмии худро: Исламов И.И., Баканская В.В., Смоличев Е.П., Горбунова Н.Д., Тоиров Г.Ш., Сергеев Ю.В., Забудский В.Д., Мухамеджанов И.А. ва дигарон рисолаи номзадиро ба марҳилаи дифоъ расонидаанд.
        Зиёда аз 30 сол (1956-1987) кафедраро Евгений Петрович Смоличев роҳбарӣ намуданд. Дар таҳти роҳбарияти бевоситаи ӯ 17 рисолаи номзадӣ ва 5 рисолаи докторӣ иҷро шудаанд
Бо сабаби ба вазифаи профессор-консультант гузаштани Е.П. Смоличев, аз соли 1987 вазифаи мудири кафедраро дотсент И.И. Арав иҷро намуданд (1987-1989).
        Баъди берун аз Ҷумҳурӣ шудани И.И. Арав ба вазифаи мудири кафедра Ю.Б. Иброгимов интихоб шуданд (1990-1992). Дар ин давраи роҳбариашон рисолаи докториро ба мавзӯи: «Сопряжённые функции органных сосудов в динамике развития гипоксии и применение антигипоксантов», ки аҳамияти фундаменталӣ ва амалӣ дорад, бо муваффақият ба дифоъ расонд.
          Аз соли 1992 то 1994 вазифаи мудирро дотсент С.Г. Топорова иҷро намуданд. Дар ҳамин солҳо ӯ рисолаи докториро дар мавзӯи «Механизмы управления лимфатическим дренажем тканей» ба марҳилаи дифоъ расонд.
         Аз соли 1994 то соли 2006 вазифаи мудири кафедраро дотсент М.Ф. Шахобова иҷро карданд, ки фаъолияти кориро аз ординатори клиникӣ то вазифаи мудири кафедра тай намудааст. Дар соли 1975 ҳамчун аспиранти кафедра рисолаи номзадии илмиро дар мавзӯи «Влияние вегетативных сдвигов на частотно-пороговую характеристику кожного анализатора здорового и больного человека» ҳимоя карданд.  Дар муддати роҳбариашон 2 рисолаи номзадии илмӣ аз тарафи муаллимони калони кафедра П.К. Курбонбекова дар мавзӯи «Распространенность, особенности этиологии, патогенеза, клиники, течения  и терапии пиодермий у жителей высокогорья, среднегорья и долины» (таҳти роҳбарии д.и.т., профессор М.С. Исаева) ва  Н.Х. Меликова дар мавзӯи «Влияние межличностных отношений и состояния автономной нервной системы на мотивационную деятельность студентов» (таҳти роҳбарии д.и.т., профессор Ф.А. Шукуров) ибтидо ва ба марҳилаи дифоъ расонида шудаанд.
     Аз соли 2006 то марти соли 2017 вазифаи  мудири кафедраро д.и.т. Табаров М.С. ба ӯхда гирифтанд. Хатмкунандаи ДДТТ ба номи Абуали ибни Сино буда, ӯро дар соли 1999 бо роҳхати ВТ ҶТ ба докторантура ба Донишкадаи илмӣ-тадқиқотии тибби таҷрибавии академияи илмҳои тибби ш.Санкт-Петербург фиристодаанд. Дар соли 2003 рисолаи докториро дар мавзӯи «Раздельное и сочетанное воздействие гипоксии и гипотермии на реактивность сосудов» бо муваффақият  ҳимоя намуданд.
Ҷараёни таълим таҳти сарварии мудири кафедра, д.и.т. Табаров Мухиддин Сафарович аз тарафи устодони кафедра, дотсентон – номзадони илми тиб: М.Ф. Шахобова, П.К. Курбонбекова, Н.Х. Меликова, З.М. Тоштемирова, муаллимони калони кафедра: М.Х. Хоҷаева, Р.А. Саидмурадова, Н.А. Нуриллоева ва дигарон дар сатҳи баланд сурат гирифт.
Таҳти роҳбарии ӯ рисолаҳои номзадии илмиро муаллимони калони кафедра Н.Я. Шукурова оид ба мавзӯи «Реактивность органных венозных сосудов при воздействии вазоактивных веществ в условиях гипотермии и гипертермии организма» ва З.М. Тоштемирова дар мавзӯи «Циркадный ритм  функционирования кишечника при варикозной болезни нижних конечностей» бо муваффақият  ба дифоъ расониданд.
Таҳқиқотҳои илмии кафедра  дар ду раванд мегузашт: дар солҳои 2010-2012 оид ба мавзӯи «Сравнительное хрономедицинское исследование основных факторов риска геморроя и варикозной болезни (у мужчин и женщин) Республики Таджикистан» ва дар солҳои 2012-2014 – «Клинико-экспериментальное исследование дисфункции эндотелия сосудов при хронической болезни почек в условиях долины и высокогорья». Дар айни замон 3 рисолаи номзадии илмӣ аз тарафи муаллимони калони кафедра  Р.А. Саидмурадова,  М.Х. Хоҷаева ва Н.А. Нуриллоева барои пеш аз дифоъ гузаштан, омода ҳастанд.
Дар кафедраи физиологияи патологӣ донишҷӯёни курсҳои 3-ми факултетҳои тиббӣ,  педиатрӣ, нигоҳдории тандурустӣ, фарматсевтӣ ва курси 2-юм ва 3-ми факултети стоматологӣ  фан меомӯзанд.
         Барои гузаронидани машғулиятҳои лексионӣ технологияи муосир –системаи мултимедӣ истифода  бурда мешавад. Кафедра дорои 6 компютер ва 4 принтер мебошад. Дар компютерҳо вариантҳои зиёди китобҳои дарсӣ дар шакли электронӣ, матни лексияҳо бо забонҳои давлатӣ ва русӣ, презентатсияҳо оид ба дарсҳои амалӣ ва лексионӣ, коркардҳои методӣ барои машғулиятҳои амалӣ, барномаҳои таълимӣ, тестҳои санҷишӣ  ва ғайра маҳфуз мебошад. ҳар як синфхона  бо телевизор ва дигар таҷхизоти техникӣ таъмин буда, барои ба роҳ мондани дарсҳои интерактивӣ имконият фарохам оварда шудааст. Аз тарафи мудири кафедра Табаров М.С. ва дотсент Қурбонбекова П.К. китоби дарсии «Физиологияи патологӣ» бо забони давлатӣ таҳия ва ба нашр баромад.
Аз 1 марти соли ҷорӣ бо сабаби номумкин будани иҷрои ду вазифаи роҳбарӣ, муваққатан  иҷрокунандаи мудири кафедра шогирди М.С. Табаров дотсент З.М. Тоштемирова таъин карда шуд.
Дар айни замон кафедра аз 7 корманди асоси иборат буда, аз онҳо: 1 доктори илми тиб, 3 дотсент ва 3 муаллими калон фаъолият доранд.
Аз вақти ташкили кафедра ба муаллифони гуногун мачаллаҳо – 1064, фишурдаҳо  – 1384, коркардҳои илмӣ-методӣ ва тавсиятҳо – 56, ихтироот – 74 аз чоп баромаданд.
Дар айни ҳол кафедра бо донишгоҳҳои зеррин ҳамкорӣ мекунад:
1.    ДИТТТ АИТР (НИИЭМ РАМН), шахри Санкт-Петербург
2.    Донишгоҳи тиббии якум ба номи академик И.П. Павлов, шаҳри Санкт-Петербург
3.    ДДТИ (ИГМА) шаҳри Ижевск
4.    Донишгоҳи миллии Қазоқистон ба номи С.Д. Асфендияров.