Loading...
АСОСӢ
Кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдакон

 Диданд: 0

Кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдакон

Суроға: кӯчаи Н.Қарабоев  60, Муассисаи давлатии Маркази тандурустии «Истиқлол»
Телефон: (+992) 917 16 53 93, (+992) 44 600 36 24, E-mail: 41@tajmedun.tj

Мудири кафедра н.и.т., дотсент Бабаева Лола Абдунаимовна

Таърихи кафедра

     Кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдаконаи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар заминаи беморхонаи  клиникии бачагонаи  № 2  ш. Душанбе таъсис ёфтааст.
     Аввалин мудири кафедраи таълими асосҳои  бемориҳои кӯдакона В.С. Вайл  д.и.т., профессор, ходими шоистаи илмии Ҷумҳурии Шуравии сотсиалистии Точикистон  бо роҳи «озмун» таъин гардид, ки  солҳои 1953 – 1963 кору фаъолият  намудааст. В.С.Вайл дар давоми фаъолияти кории худ ҷараёни таълиму тарбия ва корҳои илмӣ-тадқиқотиро баланд бардошта, хамчунин  дар тайёр кардани мутахассисони олидараҷаи  соҳаи тандурустии амалӣ, саҳми арзандаи худро гузоштааст.   
    Аз соли 1963 то соли 1975  д.и.т., профессор Н.А. Красногорский роҳбарии кафедраро ба уҳда дошт. Дар давоми фаъолияти кории у кафедра асосан бо пешравиҳои хеле назаррас ноил шуда,  корҳои таълимию илмиро амиқтар ба роҳ монда буд.
    Рохбарии кафедраро солҳои 1975 – 1982 номзади илми тиб, дотсент Сангинова А.И. ба уҳда дошт. Дар давраи роҳбарии А.И. Сангинова  кафедра аз заминаи беморхонаи клиникии бачагонаи №2 ба заминаи  беморхонаи клиникии бачагонаи №1 гузашт.
    Солҳои 1982 – 1998-ум  д.и.т., профессор Б.Я. Вялушкин роҳбари кафедра буданд. Дар вақти роҳбарии у корҳои илмию тадқиқотӣ дар кафедра оиди омӯзиши инкишофи чисмонии кӯдакон дар як қатор ноҳияҳои Ҷумхурӣ ва шаҳри Душанбе ба роҳ монда шуда буданд.
    Бо ташабусси  д.и.т., профессор Вялушкин Б.Я. дар Донишкадаи илмию тадқиқотии профилактикаи тиббӣ шӯъбаи «Иммунологӣ» кушода шуда буд. Таҳти роҳбарии  Б.Я. Вялушкин   13 - нафар  аспирантону унвонҷӯён бомуваффақият корҳои илмии худро ба итмом расонида дифоъ намуданд ва соҳиби унвони «номзади илми тиб» гардиданд. Хамчунин дар ин давра се кори илм¬ӣ-тадқиқотии дигар оиди ҳимояи «доктори илми тиб» (Азизов А.А., Умарова З.К., Щиголев В.В.)   гузаронида шуд.    
    Моҳи январи соли 1995-ум кафедраи ТАБК ба заминаи БКБ № 2  ш. Душанбе гузаронида шуд ва дар натиҷаи якҷояшавӣ бо кафедраи Педиатрияи факултативӣ, як кафедраи «Педиатрияи факултативӣ ва таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона» ташкил карда шуд, ки роҳбарии онро Профессор Б.Я. Вялушкин  ба уҳда гирифта буд. Аз соли 1997 кафедраи Педиатрияи факултативӣ аз байн гирифта шуда, танҳо кафедраи Таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона боқӣ монд ва то ҳол дар заминаи БКБ №2 ш. Душанбе фаъолият дорад.
    Аз соли 1998 то 2010 роҳбарии кафедраро шахси кордону ҳалим д.и.т., профессор Азизов А.А. ба уҳда дошт. Мудири кафедра Азизов А.А. соли 2000-ум кори илмии худро ба анҷом расонида, хамчунин рисолаи докториашро бомуваффақият дифоъ намуд ва соҳиби унвони «Доктори илми тиб» гашт.
    Аз соли 1998 –ум кафедра корҳои илмӣ-тадқиқотиро оид ба бемориҳои узвҳои нафас  дар кӯдакони тез-тез ба беморӣ гирифторшавандаро ба анҷом расонида, мавзӯъи нави илмӣ-тадқиқотиро оиди бемориҳои узвҳои ихроҷи шошаи кӯдакон ба нақша гирифт.
    Солҳои 1998 - 2003-юм кормандони кафедра, аспирантон ва унвонҷӯён бо тадқиқоти узвҳои ихроҷи шоша машғул буданд. Мувофиқи натиҷаи корҳои илмӣ-тадқиқотии кафедра дар ин давра 1- ҳимояи  докторӣ ва 2-ҳимояи номзадӣ ба нақша гирифта шуда буд. Дар натиҷа 1-кори илмии докторӣ (Сатторов Г.Н.) таҳти роҳбарии мудири кафедра Азизов А. ҳимоя шуд, хамчунин 4 – дастурамал барои донишҷӯён ва кормандони тиббии соҳаи педиатрӣ интишор гашт. Аз соли 2004 кафедра мавзӯъи илмӣ-тадқиқотии худро оиди омӯхтани бемориҳои узвҳои нафас дар кӯдакони синни бармаҳал ба нақша гирифт. Мувофиқи ин соли 2005-ум се кори илмӣ-тадқиқотӣ ба нақша гирифта шуд.
    Солҳои 2006 – 2012 мавзӯъи илмӣ-тадқиқотии кафедра оид ба «Хусусиятҳои бурдан, ташхис, табобат ва офияти иммунологии патологияи роҳҳои нафас дар кӯдакони хурдсол, ки дар қиёси бемориҳои гипотрофия, рахит ва анемия ҷараён мегирад» интихоб гардид.  Дар натиҷа таҳти роҳбарии д.и.т. Азизов А.А.,  аспиранти кафедра Абдуллаева Н.А. соли 2011-ум ҳимояи номзадии илми тибро бомуваффақият ба анҷом расонид. Инчунин таҳти роҳбарии Профессори кафедра Якубова З.Х. унвонҷӯ Умарова М.Ф. низ рисолаи номзадиашро бомуваффақият дифоъ намуд.
    Соли 2010 роҳбари кафедра н.и.т., дотсент Бабаева Л.А.  таъин гардид. Аз  соли 2013 кафедра мавзӯъи илмӣ-тадқиқотии худро оид ба омӯзиши «Ғизои кӯдакони синни бармаҳал» оғоз кард.
        Дар 10 солаи охир аз тарафи кормандони кафедра 463 корҳои илмӣ (243 мақола, 220 тезисҳо), 4 китоби дарсӣ, 21 дастури методӣ, 46 коркарди методӣ чоп карда шуд.
       Дар айни замон, дар кафедра: 1 – мудири кафедра, 1 – доктори илми тиб, профессор, 2 – дотсент, н.и.т.,  2 – муаллими калон (1 - н.и.т.), 1 – н.и.т., ассистент,   6 – ассистент, 4 – ҳамкорон, 1– унвонҷӯ, 1 – лаборанти калон ва 1 – лаборанти   хурд кору  фаъолият доранд.
    Соли 2013 таҳти роҳбарии мудири кафедра Бабаева Л.А. дар заминаи БКБ №2 ш.Душанбе ду кори дипломии магистрони Донишгоҳи Гетерберги Шведсия омода ва дифоъ карда шуд.   Айни  замон, мудири кафедра н.и.т., дотсент Бабаева Л.А. дар давоми фаъолиятии кории худ ҷараёни таълиму тарбия ва корҳои илмию тадқиқотиро пеш бурда, дар тайёр намудани мутахассисони олидараҷаи илми педиатрӣ ва тандурустии амалӣ саҳми арзандаи худро гузошта истодааст.
     Таҳти роҳбарии бевоситаи мудири кафедра Бабаева Л.А. ва бо ташабуссу заҳмати ассистенти кафедра Маҷидов А.Қ. давоми солҳои 2010 ва 2013-ум чунин намуди китобҳо ва дастурҳои таълимӣ бо забони давлатӣ ва русӣ  таҳияву нашр шуданд:
1.    Китоби таълимии «Таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона»  - 2010с.
2.    Китоби таълимии «Таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона»  - 2011с. (нашри дуюм бо тағйиру иловаҳо).
3.    Дастури таълимии «Лексияҳо оид ба бемориҳои кӯдакона» - 2011с.
4.    Дастури таълимии «Лекции по педиатрии» (бо забони русӣ) - 2011с.
5.    Дастури таълимии «Парастории беморон» оид ба нигоҳубини беморон – 2012с.
6.    Дастури таълимии «Усулҳои муоинаи клиникии кӯдакон» - 2013с.
7.    Дастури таълимии «Клинические методы исследования детей» (бо забони русӣ) – 2013с.
8.    Дастури таълимии «Малакахои  муоширати» - 2014.
    Кормандони кафедра якҷоя бо духтурони беморхонаи клиникии бачагонаи №2 ш. Душанбе барои тайёр намудани мутахассисони болаёқати соҳаи тандурустӣ ва табобати беморон доимо омодаанд ва донишу ғайрати худашонро баҳри сиҳатии омма дареғ намедоранд.