Loading...
АСОСӢ
Кафедраи бемориҳои сироятии кӯдакон

 Диданд: 0

Кафедраи бемориҳои сироятии кӯдакон

Суроға: кӯчаи Абай 3, Маркази тиббии шаҳрии Душанбе ба номи Ахмедов Карим
Телефон: (+992) 37 233-41-16, E-mail: 14@tajmedun.tj

Мудири кафедра н.и.т., дотсент Саидмурадова Гафҳар Мирбакоевна

Таърихи кафедра

Кафедраи бемориҳои сироятии кӯдакона, яке аз ҷузъҳои сохтории ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино буда, соли 1968 дар заминаи Беморхонаи клиники шахрии № 2 таъсис ёфтааст. Аз рӯзи ташкилёбии кафедра ҳамчун базаҳои клиникӣ Беморхонаи клиникии шаҳри №2 ва Беморхонаи клиникии сироятии кӯдаконаи (БКСК) ш. Душанбе, шӯъбаҳои сироятии Беморхонаи сироятии шаҳрӣ (БШК) буданд.        
Аввалин мудири кафедраи бемориҳои сироятии кӯдакона доктори илмхои тиб, профессор З.Я. Абдуллохоҷаев  бо роҳи «озмун» таъйин гардид, ки  солҳои 1968 – 1991 кору фаъолият  намудааст. З.Я. Абдуллохоҷаев дар давоми фаъолияти кории худ ҷараёни таълиму тарбия ва корҳои илмӣ-тадқиқотиро баланд бардошта, хамчунин  дар тайёр кардани мутахассисони олидараҷаи  соҳаи тандурустии амалӣ, саҳми арзандаи худро гузоштааст. Дастовардҳои илмии кафедра бахшида ба омӯзиши гепатитҳои вирусии шадид ва музмин дар кӯдакон буданд.
Аз соли 1991 то соли 1997  н.и.т., дотсент С.Б. Бобоев роҳбарии кафедраро ба уҳда доштанд. Дар давоми фаъолияти кории Бобоев С.Б. кафедра асосан бо пешравиҳои хеле назаррас ноил шуда,  корҳои таълимию илмиро амиқтар ба роҳ монда буд.
    Рохбарии кафедраро солҳои 1997 – 2007  доктори илмҳои тиб, профессор Н.Ф. Файзуллоев ба ӯҳда доштанд. Дар давраи роҳбарии профессор Файзуллоев Н.Ф. корҳои илмию тадқиқотӣ дар кафедра оид ба омӯзиши гепатитҳои вирусии шадиди омехта, тифи шикам ва амебиази рӯдаҳо гузаронида шуданд.
Солҳои 2007 – 2012-ум  н.и.т., дотсент Н.А. Рахматов роҳбари кафедра буд. Дар вақти роҳбарии ӯ корҳои илмию тадқиқотӣ дар кафедра оид ба омӯзиши хусусиятҳои сарирӣ, ҷараёнӣ ва муолиҷаи вараҷаи тропикӣ дар кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  хусусиятҳои иммуннопатогении вараҷа дар кӯдакон бахшида буданд.
Қайд намудан лозим, ки дар ин солҳо як рисолаи  докторӣ (2009 с.)  аз тарафи Хоҷаева Н.М. бахшида ба мавзӯи: «Малярия у детей: клинические и иммунопатогенетические особенности, оптимизация лечения» ва унвонҷӯъ Зиёева Д.М. рисолаи номзадӣ дар мавзӯи: «Особенности клиники, течения и лечения тропической малярии у детей» (2009 с.) ҳимоя карда шудааст.
          Аз соли 2012 то соли 2017 роҳбарии кафедраро  д.и.т., дотсент Хоҷаева Н.М.  ба уҳда дошт. Аз соли 2017 то ҳол роҳбарии кафедрарор н.и.т., дотсент Саидмурадова Г.М. ба зимма дорад.

Базаи клиникӣ ва кадрҳо

Кафедраи бемориҳои сироятии кӯдакона дар заминаи Маркази тиббии ш.Душанбе (МТШ) ва дар Беморҳонаи  клиникии сироятии кӯдаконаи ш. Душанбе (БКСК) воқеъ мебошад. Дар МТШ 3 шӯъбаи сироятии кӯдакона ва шӯъбаи эхъёгарии кӯдакона ба 60 кат фаъолият мекунад ва БКСК дорои 6 шӯъбаи сироятии кӯдакона ба  190 кат мебошад.  
Айни замон дар ихтиёри кафедра 8 дарсхона буда, лекин аз ҷиҳати масоҳаташон ҳаҷман хурд мебошанд, ки ҳамагӣ 10 – 15 донишҷӯ дар як хуҷраи дарсӣ ҷой мегирад.
Масоҳати умумии кафедра – 272,5 м2ташкил медиҳад, машғулиятҳои амалӣ дар 8 дарсхона гузаронида мешаванд.
Дар соли таҳсили 2016 – 2017 -ум басти кафедра 9,25  воҳиди кориро ташкил медод, аз ҷумла:
Айни замон дар кафедра 1 – доктори илмҳои тиб, 2 – номзади илмҳои тиб кору фаъолият доранд, ки 50% -и дараҷанокии илмиро аз хисоби кормандони асосӣ ташкил медиҳад ва аз хисоби воҳиди корӣ бошад – 42,9%.  Синну соли миёнаи кормандони асосии кафедра  60 соларо ташкил медиҳад.  

Корҳои таълимии кафедра

Дар давраи ҳисоботӣ дар кафедраи БСК донишҷӯёни курсҳои 5-ум факултети тиббӣ, 4 ва 5-уми факултети НТҶ дарс гузаштанд. Барои донишҷӯёни факултети тиббӣ машғулиятҳои амалӣ ва лексионӣ бо се забон – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ, барои донишҷӯёни факултети НТҶ бошад - ба забони тоҷикӣ ва рӯсӣ гузаронида мешуданд. Машғулиятҳо дар кафедра аз рӯи талаботи стандартҳо ва барномаи таълимӣ тасдиқшуда ҷараён мегирад.
Қайд кардан зарур аст, ки аз соли таҳсили 2009 бо талаботи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ дар кафедра бо миқдори 7 соати иловагӣ омӯзишӣ барои донишҷӯёни курси 5 факултети тиббӣ дар мавзӯъи «Ҳамбастагии бемориҳои кӯдакон» дарсҳои амалӣ гузаронида мешаванд.
Дар давоми гузариши дарсҳои амалӣ, донишҷӯён ду маротиба дар лабораторияҳои клиникӣ ва бактериологӣ   бо мақсади омӯзидани тарзҳои гуногуни санҷишхо омода карда мешаванд (гузаронидани дарс дар озмоишгоҳҳои клиникӣ ва бактериологӣ аз рӯи хронометражи дарсҳо гузаронида мешавад).

Машғулиятҳои амалӣ ва лексионӣ дар кафедра аз рӯи барномаҳои таълимӣ бо дар назардошти технология ва дастурҳои методии нав бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ бо истифодаи дастгоҳи мултимедӣ гузаронида мешаванд. Машғулиятҳои лексиониро барои донишҷӯёни гурӯҳҳои бо забони англисӣ таҳсилкунанда муаллими калони кафедра М.С. Фузайлова мегузаронад. Барои гузаронидани машғулиятҳо нақшаи мавзӯъҳои дарсҳои амалӣ ва лексионӣ, хронометраж барои ҳар як мавзӯъ, дастурҳои таълимӣ ва методӣ барои омӯзгорон ва донишҷӯён, номгӯи адабиётҳо ва саволномаҳои тестӣ тайёр буданд. Матни лексияҳо аз ҷониби лекторон мунтазам аз нав дида баромада мешаванд. Матни лексияҳо бо 3 забон дар китобхонаи илмии донишгоҳ маҳфуз мебошад. Қайд кардан лозщим аст, ки аз тарафи кормандони кафедра 3 намуди лексия бо тариқипроблемавӣгузаронидамешаванд.
Машғулиятҳои амалӣ дар дарсхонаҳо бо усулҳои пурсиши шифоӣ, тестӣ ва ҳалли масъалаҳои ситуатсионӣ, инчунин бо муоинаи беморон дар бистари онҳо гузаронида мешуд. Утоқҳои корӣ бо компютерҳо (кафедравӣ ва шахсӣ) ҷадвалҳо, расмҳо, китобҳои таълимӣ, дастурҳои таълимӣ ва методӣ (чопӣ ва электронӣ) таҷҳизонида шуда буданд. Санҷишҳои назариявиро донишҷӯёни курси 5 факултети тиббӣ дар Маркази тестии донишгоҳ месупоранд ва донишҷӯёни факултети НТҶ – дар шакли шифоҳи ва тестӣ имтиҳони ҷамбастиро дар кафедра месупоранд.

Барномаҳои  корӣ ва намунавии кафедра

  •   3 барномаҳои намунавӣ (барои донишҷӯёни курси 5, 6 факултети тиббӣ ва барномаи «Соли таҷрибаомузӣ»),
  •   5 барномаи корӣ барои факултети тиббӣ,
  •   5 силлабусҳо барои донишҷӯёни курси 4 ва 5 факултетиНТҶ.

Инчунин дар кафедра ҳамагӣ 55 корҳои таълимию методӣ, ки 30 адади корҳои таълимию методӣ дар давраи 2012-2016 аз чоп бароварда шуданд, аз он ҷумла 10 – бо забони давлатӣ, 20 – бо забони русӣ.
Ба ғайр аз он дар давраҳои 2012-2016 солҳо 2 монография «Иммунопатогенетические закономерности течения малярии у детей», нашриёти LAMBERT,Олмон (2013) ва «Лекции по инфекционным болезням», М. (2016);7 дастури таълимӣ, 21 дастурамалӣ методӣ нашр шудаанд.
Корҳои тарбиявии кафедра    Фаъолияти кафедра дар самти корҳои тарбияви-ғоявӣ мувофиқӣ нақшаи корҳои тарбияви-ғоявӣ тасдиқ гардидаи кафедра, аз рӯи ҷадвали дарсии донишҷӯён гузаронида шуданд. Омӯзгорони кафедра кушиш ба харҷ мекарданд, ки аз тарафи донишҷӯёни бахши 5-ми тиббӣ ва нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ  тамоми қоидаҳои низомномаи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва дастурамалӣ  Вазорати Маориф  ва илми Чумҳурии Тоҷикистон  иҷро карда шаванд. Бо мақсади баланд намудани ҳисси Ватандусти ва Ватанпарварӣ, баланд бардоштани сатҳи донишҳои иҷтимои-сиёсӣ донишҷӯён,  ҳар ҳафта  як маротиба дар гуруҳҳо маълумоти сиёсӣ-иҷтимои гузаронида мешавад.
     Дар соли хониши 2012-2013 дар кафедра чорабиниҳои зерин гузаронида шудаанд:  якуми сентчябри соли 2012 мудири кафедра омӯзгорон ва ҳамаи донишҷӯёнро ба соли нави хониш табрик карда дониҷӯёнро  бо қоидаҳои тартиботи кори донишҷӯён тибқи низомномаи Вазорати маориф  ва оинномаи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино шинос намудаанд. Дар санаи 8 сентябри соли 2012 ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба истиқлолияти  ҶТ бо роҳбарии Мамадярова М.Г. барпо гардид. 9 октябри соли 2012 аз рӯи  мавзӯи « Ҳимояи давлат вазифаи ҳар як шарванд мебошад» бо роҳбарии Саидмуродова Г.М. суҳбат баргузор гардид. Соли 2012-2013 тибқи қоидаҳои муқарар намудаи  донишгоҳ ва Вазорати маориф сипарӣ гашт.
    Дар ҳар як гуруҳи ба кафедра ворид шуда, бо донишҷӯён корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳи оиди риояи қоидаҳои низомна аз он ҷумла риояи либосҳои тавсиявии донишҷӯёни муассисаҳои олии касбӣ, рафтору кирдори донишҷӯён, риоя кардани қонунҳои давлатӣ,  истифода набурдани телефонҳои мобилӣ ва ғайраҳо гузаронида шуд.. Ҳар ҳафта як маротиба бо мақсади баланд намудани донишҳои сиёсии донишҷӯён суҳбатҳо оиди ҷашнвораҳо, паемоти Президенти кишвар Эмомалӣ  Раҳмон, қаҳрамонони Тоҷикистон, муқаддасоти Ватан гузаронида шудаанд.
   Дар санаи 7 декабри соли 2012 бо роҳбарии дотсенти кафедра Саидмуродова Г.М.ва масъул оиди корҳои тарбиявӣ Фузайлова М.С. инчунин иштироки донишҷӯёни гуруҳҳои 9,10, 11, 12 бахши 5-ми факултаи тиббӣ бахшида ба  «Нақши иҷлосияи  16-ми  Шурои Олдии Ҷумҳурии Тоҷкистон дар ҳаёти сиёсии кишвар» ҷамъомад баргузор гардида ва ҳозиронро бо интихоби Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмони, нахустсуханони Президенти кишвар баҳри сарҷамӣ ва соҳибистиқлолии кишвар, якпорчагии миллати тоҷик, сулҳу суббот дар мамлакатамон шинос намуд.
Дошишҷӯёни гуруҳи 11 бо роҳбарии омузгор ФУзайлова М.С. доир ба ҷашнвораи «16-ум Иҷлосияи Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» гушаи деворӣ омода намудаанд. Дар санаи 21 декабри соли 2012 ҳамаи омузгорони кафедра  бо донишҷӯёни гуруҳҳои аз1 то 4 сӯхбат дар мавзӯи  «Пайёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  соати тарбиявӣ гузаронидаанд.
     Аз рӯи навбатдории кормандони кафедраҳои донишгоҳ дар хобгоҳҳои донишҷӯён (хобгоҳи №7 ва хобгоҳи донишҷӯёни хориҷӣ) навбатдорӣ намуда аз ҳолати зисти донишҷӯён дар хобгоҳҳо бохабар гардида, бо донишҷӯён сӯҳбатҳо дар мавзӯъҳои «Тарзи ҳаёти солим», «Риояи гигиенаи шахсӣ» ва ғайра гузаронида шудаанд.  Дар фаъолияти ғоявӣ-тарбиявии кафедра дарҷ гардидаанд ва ҳисобот ба шӯъбаи тарбия ва фарҳанги ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино пешниҳод карда шуд.
Корҳои имлию тадқиқотии кафедра
Дар давраи 5 соли охир (2012 -2017) мавзӯъи тасдиқшудаи илмии кафедра: «ВНМО дар кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад ( № қайдгирӣ 0110 РК 168, УДК:616.022.6:053.2(575.3), оғоз – аз январи 2013 сол, анҷом – 2018 сол),  ки оид ба ин мавзӯъ аз соли 2013 то инҷониб унвонҷӯи кафедра Ашурова Р.Ш. дар мавзӯи: «Сироятҳои оппортунистӣ дар кӯдакони бо сирояти ВНМО: хусусиятҳои клиникӣ, иммунологӣ, беҳтар намудани муолиҷа», (роҳбари илмӣ – д.и.т. Хоҷаева Н.М.) кор бурда истодааст.

Пешбариҳои назарраси КИТ кафедра дар солҳои хисоботӣ оиди  проблемаи ВНМО\БНМО дар кӯдакон дар Ҷумҳурии буданд:

1. Паҳншавӣ ва спектрҳои сироятҳои оппортунистӣ дар кӯдакони хурдсоли бо ВНМО сироятёфта дар шароити сироятёбии вертикалӣ муайян карда шудааст.
 2.Ҳусусиятҳои клиникӣ-лаборатории СО нисбатан зиёд дучоршаванда дар кӯдакони бо сирояти ВНМО муайян карда шуданд: пневмонияи лимфоцитарӣ интерститсиалӣ,  пневмонияи пневмотсистӣ;
3.Натиҷаҳои гирифта оиди пахншавӣ, структура ва хусусиятҳои махсуси клиникӣ-лабораторӣ дар кӯдакони бо ВНМО сирояти ёфта якҷоя карда шуданд;
4.Ташхисгузории барвақти ВНМО дар навзодон гузаронида шуд;
5. Муайн карда шуд, ки ташхисгузории барвақт ва дақиқи сироятҳои паразитарӣ, вирусӣ, бактериалӣ ва замбурӯғӣ дар кӯдакони бо ВНМО сироят ёфта масъалаҳои саривақти муолиҷаи махсусро ҳал мекунад (махсус аз ҳисоби ВААРТ).
6.Муолиҷаи махсус ва саривақти кӯдакони бемори бо сирояти ВНМО ва СО бо маводҳои ВААРТ, ба паст гаштани адади сироятёбӣ меорад, ки барои кӯдакони бо сирояти ВНМО хатарнок ҳисоб мешаванд;
7.Муайян гардид, ки ҳамчун проблемаи ташхисгузории саривақтӣ дар кӯдакони бо ВНМО дошта сабаби дар мувозинат доштани масъунияти кӯдак мебошад, ки онро танҳо дар шароити саривақт сар кардани муолиҷаи бо маводҳои ВААРТ вобаста мекунанд, лекин дар оянда дигар компонентҳои муолиҷавӣ илова карда мешаванд, ки ба репликатсияи вирус таъсир мебахшад ба намуди  ситокинҳо: ИЛ-2, -12,-15, -7.

Оиди мавзӯи илмӣ 7 корҳои илмӣ (фишурдаҳо ва мақолаҳо), 2 - тои аз онҳо дар маҷалаи КОА ФР чоп шудааст, ва аз он ҷумла модули талимӣ дар мавзӯи: «ВИЧ-инфекция в педиатрии» модули таълимӣ барои табибони кӯдакона, табибони оилавӣ, ки бо якҷоягӣ аз тарафи ВТ ва ХИА ҶТ ва ТУТ тасдиқ шудааст, аз чоп баромад.
Корҳои илмии кормандони кафедра ва унвонҷуён

Унвонҷӯёни зерин корҳои илмиашонро пеш бурда истодаанд:
1.    Фузайлова М.С. - мавзӯъи номзадӣ «Оценка функционально-метаболической активности нейтрофильных гранулоцитов у детей с малярией»  тахассуси  14.01.09 – бемориҳои сироятӣ. 14.01.08 – педиатрия.  Роҳбари илмиаш – д.и.т., дотсент Хоҷаева Н.М. ва мушовири илмӣ - дотсент Бабаева Л.А.
2.    Исломов Н.Д. - мавзӯъи номзадӣ «Клинические и диагностические особенности ротавирусной инфекции у детей в Республике Таджикистан» - тахассуси  14.01.09 – бемориҳои сироятӣ. 14.01.08 – педиатрия. Роҳбари илмиаш –п.рофессори хизматнишондиҳандаи кафедра, н.и.т., дотсент  Рахматов Н. А.
3.    Ашурова Р.Ш. - мавзӯъи номзадӣ: «Оппортунистические инфекции у детей с ВИЧ-инфекцией: клинические, иммунологические особенности, оптимизация лечения», тахассуси  14.01.09 – бемориҳои сироятӣ. 14.01.08 – педиатрия.  Роҳбари илмиаш – д.и.т., дотсент Хоҷаева Н.М.    

                                          Корҳои нашриявии кафедра

          Дар кафедра 171 корҳои нашриявӣ нашр шудааст, аз ҷумла, 7 – дастури таълимӣ, 21 дастури методӣ, 2 монография, 83 мақолаҳо (18 дар КОА) ва 58 фишурдаҳо, ки миқдори онҳо дар солҳои охир то 2 - 2,5  маротиба зиёд шудааст (рӯйхати корӽои илмии чоп шуда дар давраи ӽисоботи 2012-2016 замима мегардад).

Дар кафедра дар байни донишҷӯёни курси 5-уми факултети тиббӣ  Ҷамъияти илмии донишҷӯён (ҶИД) амал мекунад. Онҳо ба корҳои илмию тадқиқотӣ таҳти роҳбарии омӯзгорони кафедра фаъолият намуда натиҷаи корҳои илмиашонро ба намудӣ презентатсияҳо, фишурдаҳо ва мақолаҳо дар кафедра ва дар  конфронсҳои солонаи илмию амалии олимони ҷавон ва донишҷӯён дар донишгоҳ ва хориҷи кишвар баромад намуда, ҷойҳои намоёнро ишғол намудаанд.
Дар солҳои 2012 - 2016 дар ҶИД 47 нафар иштирок намудаанд, ки аз донишҷӯёни курсҳои 5 ва 6 ФТ, ординаторони клиникӣ ва духтурон интернаҳои кафедра иборат буданд. Корҳои илмии аъзоёни ҶИД  дар асоси нақшаи тасдиқшуда гузаронида шуд. Аъзоёни ҶИД дар консилиумҳо ва муоинаҳои якҷояи табибон оиди кӯдакони ҳолаташон вазнине, ки бемориашон номаълум буданд ва дар гузаронидани таҳлилҳои лабораторӣ иштирок намуданд.
Ҳамагӣ дар ин давраи ҳисоботӣ дар конфронсҳои солонаи илмию амалии олимони ҷавон ва донишҷӯён ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва дар хориҷи кишвар (ФР ш. Рязан), аз тарафи ординаторони клиникӣ ва донишҷӯёни кафедра 25 баромад шуд.

Корҳои табобатӣ ва машваратӣ

Кормандони кафедра ёрии табобатию машваратиро дар ду базаҳои клиникӣ: шӯбаҳои сироятии кӯдаконаи ба номи Ахмедов Карим ва беморхонаи клиники сироятии кӯдакона гузаронидан. Базаи асосии кафедра бошад, дар Маркази Тиббии Шаҳрии Давлатӣ воқеъ мебошад, ки он дорои 60 кат буда ва дар ин база 4 кормандони кафедра – мудири кафедра Хоҷаева Н.М., дотсент Саидмуродова Г.М., муаллимаҳои калон Мамадёрова М.Г. ва Фузайлова М.С. кормекунанд. Мудири кафедра Хоҷаева Н.М. дар базаи асосӣ ҳамарӯза маҷлисҳои пагоҳирӯзиро бо иштироки табибони шӯъбаҳо ва кормандони кафедра гузаронида, ба беморонеки дар ҳолати вазнин дар шӯъбаҳо бистарӣ мебошанд, бо ҳамроҳии мудирон ва духтурони табобатӣ муоинаи якҷоя ташкил намуд, маслиҳатҳои лозимаро пешниҳод менамоянд. Дотсент Саидмуродова Г.М. ҳамчун мутассадӣ ба шӯбаҳои 2-юм ва эҳёгарӣ вобаста мебошанд. Ба ғайр аз он Саидмурадова Г.М. ва муаллимаи
калони кафедра Мамадёрова М.Г. ҳамчун маслиҳатгарӣ ёрирасон бо воситаи авиатсия санитарии мутассадӣ мебошанд. Муаллимаҳои калони кафедра Мамадёрова М.Г. ва Фузайлова М.С. ҳамчун мутассадии маслиҳатчӣ дар шӯъбаҳои якум ва сеюм вобаста карда шуданд. Ҳамаи устодони кафедра дар шӯъбаи қабул ба бемороне, ки ташхисашон номаълуманд ёрии худро мерасонанд.
Дар беморхонаи клиники сироятии кӯдакона (БКСК) ду нафар устодони кафедра кор мекунанд. Инҳо – профессори фахрии донишгоҳ Раҳматов Н.А. ва муаллимаи калони кафедра Гурачевская Л.П. Раҳматов Н.А. ҳар рӯз маҷлисҳои пагоҳирӯзро бо иштироки табибони шӯъбаҳои беморхона ва кормандони кафедра гузаронида, ҳамчун маслиҳатчӣ дар вақти муоинаи беморони вазнини дар ҳамаи шӯъбаҳои беморхона иштирок намуда дар вақти фавти кӯдакон беморон тақриз менависанд. Муаллими калон Гурачевская Л.П. низ ҳамчун маслиҳатчӣ ба шӯъбаи сеюм вобаста карда шуда, инчунин дар таҳлили фавти кӯдакон иштирок мекунанд. Дар базаҳои клиникии кафедра ҷадвалҳои гузаронидани иттилотҳои клиникӣ, ки аз тарафи сардухтури БКСК ва директори МТШ тасдиқ гардидааст гузаронида мешаванд. Аз рӯи ин ҷадвалҳо дар базаҳои клиникӣ ҳар моҳ аз рӯи маҷалаҳои «Паёми Сино», «Тандурустии Тоҷикистон» ва «Детская хирургия ва педиатрия», инчунин ва он маҷалаҳое, ки дар ФР чоп мешаванд «Детские инфекции» ва «Инфекционные болезни» конференсияҳо гузаронида мешавад. Масъалаҳои ёрирасонии табобатию-маслиҳатии кормандони кафедра дар давоми соли хониш ҳамавақт дар маҷлисҳои кафедра 2-3 маротиба дида баромада мешавад.
Фаъолияти муолиҷавию машваратии кафедра ба чунин тартиб пеш бурда мешавад:
1. Ташхис ва табобати беморон.
2. Иштирок ва гузаронидани ҷаласаҳои пагоҳирузӣ.
3. Таҳлил ва ташхиси беморони вазнин бистаришуда.
4. Гузаронидани конфронсҳои илмӣ-амалӣ (аз руи нақша).
5. Гардиши мудири кафедра ва профессори фаӽриикафедрадаршуъбаҳо (азруинакшаитартибдодашудаигардишҳо).
6. Муоинаи ҳамарӯзаи беморони вазнин аз тарафи мудири кафедра ва профессору дотсентон.
7. Ёрии машваратӣ аз тарафи мудири кафедра ба нафарони аз тарафи ВТ ҲИА ҶТ ва муассисаҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ равон карда шуда (ҳаррӯза).
8. Иштирок дар «Корвони саломатӣ» (якчанд маротиба дар давоми сол).
Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи кормандони кафедра баҳисобимиёна 7569 бемортабобатгирифта, ба 2885 нафарёриимашваратӣгузаронидашудааст.
Кормандони кафедра дар кори “Корвони саломатӣ” фаъолона иштирок карданд. Дар давраи ҳисоботӣазтарафид.и.т. ХоҷаеваН.М., ноҳияҳоиРашт, ш. Кулоб, ш. Қурғон-Теппа, ш. Душанбеёриимашваратӣбазиеда аз 1000 бемор гузаронида шуд. Дотсент Саидмурадова Г.М. ва муаллими калони кафедра Мамадярова М.Г. дар аъзои гурӯҳи бригадаи Вазорати тандурустӣ ва ӼИАҶТ«Корвонисаломатӣ»башаҳриКӯлобваВМБКсафарихизматӣкардандва 780 беморонроазмуоинагузаронидаанд.
Аз соли 2016 бо фармони ВТ ва ва ХИА ҶТ ҳамаи кормандони кафедра дар ноҳиаҳои Тобеи ҶТ ва Хатлон корҳои машваратию сарпарастӣ мегузаронанд.
Аз тарафи мудири кафедра Хоҷаева Н.М. ва дотсент Саидмурадова Г.М. ба 125 таърихи беморони бистарӣ гашта баходихии экспертӣ гузаронидаанд. Инчунин, дар давоми солҳои ҳисоботӣ дотсент Саидмурадова Г.М. ва муаллимаи калони кафедра Мамадярова М.Г. зиёда аз 50 маротиба барои ёрирасонӣ ба кӯдакони бемор бо авиатсия санитарӣ ба нохияхои Файзобод, Ёвон, Вахдат, Шахринав, Варзоб, Рӯдаки, Ҳисор ва Турсунзода сафар кардаанд. Профессори фахрии кафедра Раҳматов Н.А. таҳлили 42 таърихи кӯдаконро гузаронида ба онҳо тақризҳо тартиб додааст. Дар базаҳои клинии кафедра аз тарафи
кормандони кафедра семинарҳо оиди «Беморихои шадиди роххои нафас», «Беморихои шадиди меъдаю руда», «Гепатитхои вирусӣ», « Полиомиелит», « Сирояти ВИЧ дар кӯдакон» ва гайра гузаронида шуданд. Бояд қайд кардан лозим аст, ки дар муддати солхои ҳисоботӣ (то 2014) профессори фахрии кафедра Рахматов Н.А. ва аз с. 2014 инҷониб д.и.т. Хоҷаева Н.М. вазифаи сармутахассиси ғайривохидии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҶТ иҷро мекунанд. Инчунин, ҳамасола дар маъракаи маслиҳатчигӣ ба аҳолӣ дар Рӯзи саломатӣ - 7 апрел кормандони кафедра иштирок намуданд ва зиёда ба 276 нафар кӯдакони муроҷиатнамуда маслиҳатҳои худро оиди муолиҷаи бемориҳои шадиди сироятии кӯдакон пешниход намуданд.