Loading...
АСОСӢ
Кафедраи физикаи тиббӣ ва биологӣ бо асосҳои технологияи информатсионӣ

 Диданд: 0

Кафедраи физикаи тиббӣ ва биологӣ бо асосҳои технологияи информатсионӣ

Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе, х.Рӯдакӣ 139, ошёнаи 1-3 
Телефон: (992) 44 600 36 57     E-mail: 53@tajmedun.tj
Мудири кафедра д.и.ф-м., профессор
Шерматов Дусназар Саидович 
Кормандони кафедра
 
 
Аслонова Хосият
Махкамовна
н.и.к.дотсенти
 кафедра
 
 
 
 
 
Туйчиев Абдуджабор   
Ашурович
н.и.п.дотсенти
кафедра
 
 
 
 
 
Расулов 
Сунатулло  
Неъматуллоевич
муаллими
калони кафедра
 
 
 
 
Сайфуллоев
          Зокирджон
 Умарович
муаллими
калони кафедра
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
Сафаров Сухроб Кукиевич
ассистенти кафедра
 
 
 
 
    
  

 

 
Сафаров Бахтиёр
Бердиевич
ассистенти кафедра
 
 
 
 
 
 
 
Саторов Далерджон  
Курбанович
ассистенти кафедра
 
 
 
 
 
 
 
Ходжаев Бахром 
Мирзоджонович
ассистенти
кафедра
 
 
 
 
 
 
Ибронов Сайрезвон  
Саидихсонович
ассистенти
кафедра
 
 
 
 
 
 
Юнусова
Гулбиби
Расуловна
ассистенти кафедра
 
 
   
 
 

 

   
 
Имомбердиев
Абдуназар
Боймуродович
ассистент
кафедры
 
 
 
 
 
 
Мирзоахмедов 
 Меликузи
Хамидович
ассистент
кафедры 
 
 
 
 
 
 
Солиев
Азимджон
Гафарович
ассистент
кафедры
 
 
 
 
 
 
Мухаммади
Бобо  
лаборант
кафедры
 
 
 
 
 
 
 
Осимова
Нигора
Музаффаровна
 
 
 
 
   
 
 
           

 

                                                                                         Таърихи кафедра 
     Дар донишгоҳи олии тиббӣ, фанни физикаи тиббӣ ва биологӣ яке аз фаннҳои бунёдӣ ба ҳисоб рафта, он аз тарафи донишҷӯён омӯхта мешавад.
   Кафедраи физика бо кушодашавии институти давлатии тиббии Сталинобод дар соли 1939 ташкил ёфтааст ва он дар соли 1986 бо сабаби дохил кардани тағйиротҳои калон ва иловаҳо дар барномаи таълимӣ, кафедраи физикаи тиббӣ ва биологӣ номида шуд. Номгузории нави кафедра, робитаи мустаҳками физикаро бо тиб, ҳамраҳии омӯзиши физикаро дар донишгоҳи тиббӣ, махсус қайд мекунад ва ин робита ҳамаҷабҳа аст.   Нишондодани шарҳи физикии равандҳои гуногуни физиологӣ (гардиши хун, нафаскашӣ, паҳншавии импулсҳои асаб ва ғайраҳо) дар организми одам, асосҳои физикии ташхис (электрокардиография, рентгенография ва ғайраҳо), таъсири омилҳои физикӣ ба организми одам бо мақсади табобат (дефибрилляторҳо, УВЧ-терапия ва ғайраҳо), асосҳои физикии материалҳои дар тиб ва муҳити атроф истифодашаванда ва ғайраҳо, кофӣ аст. Тараққиёти усулҳои ташхиси табобатӣ, таъмини тиб бо дастгоҳҳои электрикии ҳозиразамон, аз табиб донишҳои мукамалро талаб мекунад, ки онҳоро табиб ҳатман бояд ҳангоми омӯзиши курси физикаи тиббӣ ва биологӣ дар кафедра, гирад.
    Дар соли 2014 кафедраро бо кафедраи информатика муттаҳид карданд ва ҳоло бошад кафедра, кафедраи физикаи тиббӣ ва биологӣ бо асосҳои  технологияи инфарматсионӣ номида мешавад. 
Вазифаи асосии кормандони кафедра, дар тӯли солҳои фаъолияташон такмил додани фаъолияти таълим, корҳои методӣ ва илмӣ буд. Ин ба рушди босуръати илми физика, афзуншавии аҳамияти физика дар тиб бо сабаби прогрессияи илмӣ-техникӣ дар тамоми ҷабҳаҳои дониши инсон ва тағйиротҳои бузург дар тиб, алоқаманд аст. Муҳим он аст, ки беҳтаршавии робитаи физика бо тиб, шароити омӯзиши чуқури физикаи тиббӣ ва биологиро фароҳам овард.   
    Омӯзгорони кафедра барои азхуд намудани барномаи нави таълим вобаста ба «самтноккунӣ» ва навистани адабиётҳои таълимӣ-методӣ бо забони давлатӣ, меҳнати самаранок намуданд.  
    Натиҷаи интиҳоии омӯзиши курси физикаи тиббӣ ва биологӣ дар донишгоҳи тиббӣ дар он аст, ки донишҷӯён бояд ҳолатҳои асосии биофизика ва ҷиҳатҳои фарқкунандаи принсипалии биофизикаро чун илме, ки равандҳои элементарии дар организми зинда гузарандаро вобаста ба саволҳои ба физикаи амалӣ ва ё принсипи сохтори асбобҳо ва дастгоҳҳои тиббӣ тааллуқ доштаро, пурра ва кофӣ азхуд кунанд.          
     Якумин мудири кафедра дар соли 1939 номзади илмҳои физика ва математика, олими шинохта, педагог, ки пештар дар УДМ дотсент шуда кор мекард, Азизов А.А. буд. Пас аз чанде онро ба сафи Армияи Сурх даъват намуданд ва он дар вақти ҶБВ дар фронт ҳалок гашт. Онро Мальков И.А иваз намуд. Мальковро бошад Говорков А.М. (то соли 1961) иваз намуд. Дар давраи солҳои 1961 то 1979 роҳбарии кафедраро корманди хизматнишондодаи маорифи Республикаи Тоҷикистон, дотсент М.М. Таджиков ба ӯхда гирифт. Якчанд вақт роҳбарии кафедрароУ.О. Орифходжаев, К.К. Насыров дар ӯҳда доштанд. Аз соли 1984 то 2000 роҳбарии кафедраро «Аълочии маорифи  Республикаи Тоҷикистон», н.и.ф.м., дотсент К.Н.Шарифов дар ӯҳда дошт. 
     Аз моҳи сентябри соли 2000 ба вазифаи мудири кафедраи физикаи тиббӣ ва биологӣ «Аълочии маорифи Республикаи Тоҷикистон», доктори илмҳои физика-математика, профессор Д.С. Шерматов таъин гардид.
Дар давраҳои  солҳои 1970 то 1990 дар вақтҳои гуногун дар кафедра кор  карданд:
докторони илм: Ҳ.О.Абдуллоев, Н.С.Султонов; номзадҳои илм, дотсентҳо: А.А.Тилявов, А.Н.Норматов, Н.Т.Турсунов, С.Н.Низамиддинов, Р.А.Хошмухамедов, В.Б.Бабаев, А.И.Исломов, Т.Ф.Фатхуллаев, Н.Р.Тураева, Е.Н.Бахус, Б.Х.Хамзаев, С.Н.Сакиев, Н.Ю.Юханонов, М.М.Израилова, Ш.Н.Нуров, Б.Г.Гаффаров, Х.Н.Насруллоев, Н.Н.Нарзуллаев.
Муаллимони калон: З.Н.Яровинская, А.М.Павленко, Х.И.Касимов, А.М.Рубинов, К.Ж.Аубакирова, К.С.Ташпулатова, Н.Т.Усманова.
        Ассистентон: Э.М.Мухаммедова, Л.А.Жолобова, И.И.Саженин, Аслонова Х.М., Гулов А.Ф.
Кормандони кафедра як қатор корҳои методӣ ва дастурамалҳоро барои донишҷӯён тайёр ва чоп намуданд, корҳои илмӣ-татқиқотӣ рафта истодааст, 31 дастурамали методӣ барои донишҷӯён ва 550 мақолаҳои илмӣ дар нашриётҳои дохил ва хориҷи кишвар чоп карда шуд.

Корҳои таълими

       Дар замони ҳозира иҷроиши корҳоро бе компютер тасаввур кардан мушкил аст. Истифодабарии компютерҳо дар тамоми доираи фаъолияти одам рӯз аз рӯз фаъол шуда истодааст. Компютерҳо дар дар ҳифзи саломатии омма низ васеъ тадбиқ шуда истодаанд. Бо ин мақсад дар назди кафедра синфҳои бо компютерҳои ҳозиразамон таҷҳизонидашуда, ташкил карда шудаанд. Дар кафедра 4 синфхонаи бо компютерҳо, принтерҳо ва дастгоҳҳои мултимедиа пурра таъмин, ташкил карда шудааст ва 2 тахтаи электронӣ мавҷуд аст. 
    Дар кафедра ҳамаи донишҷӯёни курси 1 машғулят мегузаранд. Дар кафедра курси информатикаи тиббӣ барои аспирантҳо, ординаторҳо ва магистрҳои донишгоҳ гузаронида мешавад. Аз соли 2012 ин ҷониб дар кафедра курси такмили ихтисос КТИ аз информатика гузаронида мешавад, ки дар ин муддат 600 устодон ва кормандони донишгоҳ ин курсро гузашта, соҳиби сертификат шуданд. Устодони кафедра 4 маводи таълимиро аз информатика бо забонҳои русӣ ва тоҷикӣ аз чоп бароварданд. Кормандони кафедра дар конференсияҳои илмӣ иштирок ва бо маърӯзаҳо баромад мекунанд. Мақолаҳо ва тезисҳо дар журналҳои илмӣ чоп карда мешаванд. Ҳамасола  дастурамалҳои методӣ барои корҳои амалӣ бо тағйироту иловаҳо чоп карда мешаванд, ки ин ба рушди технологияи информатсионии муосир мувофиқат мекунад.
Мақсад ва вазифаи кафедра ин омӯзиш:
- аз фанни физика – донистани принсипҳои физикӣ ва биофизикӣ, ки дар асоси методҳои гуногуни ташхис ва табобати беморон хоб аст;
- донистани табиати омилҳои физикӣ ва биофизикӣ, ки бо мақсади табобат       истифода карда мешаванд;
- фаҳмидани таъсири якуминдараҷаи омилҳои физикӣ ва биофизикӣ ба организм ва ғайраҳо. 
- аз фанни технологияи информатсионӣ
    - самтҳои асосии истифодабарии технологияи информатсионӣ;
    - классификатсияи забонҳои барномасозӣ;
    - принсипҳои асосии кори системаҳои оператсионӣ (СО);
    - қоидаҳои кори МЭҲ дар режими диалогӣ;
    - имконияти истифодабарӣ ва қоидаҳои кори протсетсори матнӣ, истифодабарии ҷадвалҳои электронӣ ва почтаи электронӣ;
    - тарзҳои кор бо базаи маълумотҳо;
    - принсипҳо ташкили шабакияҳои локалӣ, регионалӣ ва глобалӣ.
    - технологияи информатсионӣ дар тиб.
   Кафедра  анъанаҳои хуби пештараро давом дода, омӯзиш, кор бо маводҳои таълим, корҳои илмӣ, корҳои нави лабораторӣ, такмили корҳои лаборатории кӯҳна ва барномаҳои таълимро коркард карда истодааст.  

 

                                                                                       Корҳои тарбиявӣ
   Кори тарбиявӣ дар кафедра яке аз кисмхои асосии таълим мебошад. Ҳамасола ба кафедра 20 гурухи академикӣ аз факултети тиббӣ ҷудо карда мешавад. Саркуратори кафедра Сафаров С.К. мебошад. Дар кафедра накшаи кори тарбиявӣ мавчуд аст, ки он аз тарафи ноиби ректор оиб ба кори тарбиявӣ тасдик карда мешавад. Дарсхои тарбиявӣ дар гуруххо аз руи накша гузаронида мешаванд. 

                                                                                       Кори илмӣ -тадқиқотӣ
    Рохбари кори илмии кафедра - мудири кафедра - профессор, д.и.ф.м. Дусназар  Саидович Шерматов мебошад. Соҳаи таваҷҷӯҳи илмӣ – тадқиқотҳои эксперименталии хосиятҳои мустаҳкамӣ ва пойдорӣ; сохтор ва хосиятҳои полимерҳои сахт; татқиқоти спектри дискретии савияҳои хосиятҳои физикӣ бо назардошти мустаҳкамӣ ва пойдории пардаҳои полимерӣ ва нахҳо, динамикаи онҳо ҳангоми таъсири омилҳои гуногун дар алоҳидагӣ ва якҷоягӣ. Дар таҳти роҳбарии он 4 рисолаи номзадӣ иҷро шуда истодааст. Муаллифи 80 корҳои илмӣ, 1 монография, 4 корҳои таълимӣ методӣ. Корҳои илмии Д.С.Шерматов дар журналҳои «Механика полимеров», «Acta polymerica», «Высокомолекулярные соединения», «Физико-химическая  механика полимеров» ва ғайраҳо чоп шудааст.
      Ӯ аъзои коллегияи редаксионии «Новые полимеры в России» мебошад, ки ин журнал дар Америка бо забонҳои англисӣ ва русӣ чоп мешавад.
     Ичрокунандагони кори илмӣ: Аслонова Х.М., к.х.н., дотсенти кафедра, Юнусова Г.Р – ассистенти  кафедра, Гулов А.Ф – ассистент-хамкори  кафедра, Расулов С.Н. – муаллими калони кафедра.
Соли  2012 муаллими калони кафедра Туйчиев А.А. рисолаи номзадиро аз фанни педагогика барои унвони номзади илмхои педагогика химоя кард. Мавзуъ:   «Педагогическая эффективность интегрированного обучения естественно-математическим дисциплинам в медицинском образовании»,  2012,  тахассуси  «Теория и методика воспитания (физика) (педагогические науки)» , шифр 13.00.02

                                                                                        Мукофотҳои кормандони кафедра  
Аслонова Х.М. –Аз тарафи вазорати илм ва маорифи Ҷумхурии 
Точикистон унвони аълочии маориф дода шуд,  28.08.2014
Туйчиев А.А. - Аз тарафи вазорати илм ва маорифи Ҷумхурии 
Точикистон унвони аълочии маориф дода шуд,  20.09.2015