Loading...
АСОСӢ
Кафедраи забонҳои хориҷӣ

 Диданд: 0

Кафедраи забонҳои хориҷӣ

Суроға: ш.Душанбе, хиёбони Сино 30/1
Телефон: (+992) 44-600-39-77 email: 27@tajmedun.tj

Мудири кафедра н.и.ф., Муҳамадиева Зуҳра Абдуманоновна

Таърихи кафедра

Кафедраи забонҳои хориҷӣ соли 1939 таъсис ёфта омӯзиши забонҳои русӣ, тоҷикӣ, лотинӣ ва забонҳои хориҷиро дар бар мегирифт. Аввалин мудири кафедра А.Б.Брукер буд ва ӯ аз забони лотинӣ дарс мегуфт.  А.Б.Брукер аз соли 1939 то 1942 мудири кафедра шуда фаъолият кард. ӯ як чанд корҳои методии худро барои донишҷӯёни тиб чоп намуд. Дар кафедра барои зиёд намудани шавқи донишҷӯён клуб ва кружок аз забонҳои англисӣ ва олмони таъсис дода шуда буд.
    Аз соли 1943 то 1964 В.Н.Завадский мудирии кафедраро ба ӯҳда дошт. В.Н.Завадский педагоги серталаб буда, як чанд корҳои методиро ба анҷом расонидааст.
    Дар солҳои 1964 то 1968 мудирии кафедраро М.П.Лоренц ба ӯҳда дошт. Дар ин солҳо кафедра ба кафедраи русӣ – тоҷикӣ ва забонҳои хориҷӣ-лотинӣ тақсим шуд.  Мақсади кафедра омӯзондани донишҷӯён ба хондан ва тарҷума кардани матҳо аз рӯи ихтисос бо забони хориҷӣ равона карда шуда буд. М.П.Лоренц дастурамалҳои забони англисӣ барои хониши матнҳои умумии-сиёсӣ  ва барои инкишофи нутқи донишҷӯёни тиб омада намудааст.
    Солҳои 1969 то 1979 мудири кафедра А.Р.Камалова мудирии кафедраро ба ӯҳда дошт. Камолова Анвар Раҳматовна соли 1972 кори номзадии худро дар мавзӯй «Первичные предлоги таджикского языка и их функциональные эквиваленты в английском языке» дар Институти Забонҳои Шарқи Академияи илмҳои шаҳри Москва дифоъ намуд, ва ба ӯ унвони «Дотсент» дода шуд. Аз соли 1969 то соли 1979 бо ёрии омӯзгорони кафедра 2 конферентсияи Умумииттифоқи бахшида ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва забони лотинӣ гузаронда шуд. Зиёда аз 20 дастурамали илмӣ-методӣ ҳамчун китоби таълимӣ ва мақола чоп шудаанд.
    Аз соли 1979 то 1996 мудири кафедраи забонҳои хориҷӣ н.и.ф. Н.Х. Ҳамроалиев  интихоб шуд.  Н.Х. Ҳамроалиев бо Медали  ХХ –солагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 (1965) (Москва), Нишонаи сарисинагии барандаи мусобиқаи социалистӣ (1976)(Душанбе), Грамотаи фахрии Вазорати маълумоти олӣ ва миёнаи махсуси ҶСС Тоҷикистон (1986) (Душанбе) мукофотонида шудааст. Аз тарафи н.и.ф. дотсент Ҳамроалиев Н.Х. зиёда аз 30 мақолаю маърӯзаҳо ва дастурамалҳои методӣ чоп шудааст:
1. Краткий англо-русско- таджикский словарь для чтения газетных текстов. Душанбе (1976. 81с.)
2. Глагольныйвид в современном английском  и таджикском  языках. Душанбе (1979, 182с.)
3. Муҳовараи тоҷикӣ-русӣ- инглисӣ. Душанбе (2002. 196 с.)
4. Методические  разработки по английскому языку (основные грамматические трудности) . Душанбе (1987, 81с.)
5. Методические разработки по аннотированию и реферированию медицинского текста. Душанбе ( 1981, 24 с.)
6. Лабораторные работы. Душанбе (1982, 46 с.)
7. Методические рекомендации по развитию навыков устной речи (бо ҳаммуаллифон). Душанбе (1980, 59 с.)
8. Методические разработки  по английскому языку для чтения общественно-политических текстов для студентов-медиков (бо ҳаммуаллифон). Душанбе (1987, 78 с.)
9. Методические разработки по развитию навыков устной речи для студентов- медиков      (англ. язык) Ч.1 Ч.11 (бо ҳаммуаллифон). Душанбе (1987, 100 с. 76 с.)
10. Методические разработки к самостоятельной работе студентов фармацевтического факультета (бо ҳаммуаллифон). Душанбе (1991, 164 с.)
М.М.  Акбарова аз соли 1996 то 2001 иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедра ва соли 2001 то соли 2008 мудири кафедраи забонҳои хориҷиро ба ӯҳда дошт.  ӯ муаллифи 5 дастурамали методӣ буда, инҳо:
1.Методические разработки по развитию навыков устной речи в диалогах для студентов 1 и 2 курсов всех факультетов по английскому языку. Акбарова М. М., Хамраева С.К.
2. Методические разработки по развитию навыков устной речи в диалогах для студентов 1 и 2 курсов фармацевтического факультета. Акбарова М. М. Хамраева С.К.
 3. Методические разработки по развитию навыков устной речи в диалогах для студентов 1 и 2 курсов стоматологического факультета по английскому языку. Акбарова М. М., Хамраева С.К.
4. Методические разработки по английскому языку для студентов начинающих групп с русским языком обучения. Акбарова М. М., Хамраева С.К.
5.Методические разработки по английскому языку для студентов начинающих групп с таджикским языком обучения. Акбарова М. М.,  Каримова У.Г.
    Акбарова М.М. дар конференсияи байналхалқӣ, дар конференсияҳои илмӣ-амалии Ҷумҳуриявӣ, дар конференсияи илмӣ-амалии  олимон ва мутахассисони ҷавон иштирок намудааст, ки зиёда аз 30 тезису мақолаҳои ӯ нашр гаштанд.
Соли 2001 бахшида ба 10 солагии истиқлолияти Тоҷикистон М.М. Акбарова бо нишони «Ифтихорномаи фахрӣ» мукофонида шуд.
Соли 2012 Акбарова М.М. аз тарафи Вазорати Маорифи ҶТ бо нишони –“Аълочии маориф” қадрдонӣ карда шуд.
Имрӯз муаллима Акбарова М.М. дар ҳайси омӯзгори калони кафедра кор ва фаъолият карда истодаанд.
З.А. Муҳамадиева аз соли 2001 то 2008  ҳамчун ассистенти кафедра фаъолият карда дар давоми соли 2008 ҳамчун иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедра таъин гашт. Соли 2009 З.А. Муҳамадиева мудири кафедраи забонҳои хориҷӣ интихоб шуд.  
Соли 2009, август Муҳамадиева З.А. дар конференсияи “English –Speaking Union International Relations conference” дар шахри Оксфорди Лондон иштирок кардааст.
Соли 2010 дар кафедраи забонҳои хориҷӣ мизи мудаввар бо мутахассиси забони англисӣ Бетани Густафсон гузаронида шуд ва дар ин вохӯрӣ омӯзгороне, ки бо гурӯҳҳои хориҷӣ дарс мегузаронанд таклиф карда шуданд. Ҳамчунин дарси кушод аз тарафи ин мутахассис бо як гурӯҳ донишҷӯён гузаронида шуд.
Соли 2011 китоби дарсии забони англисӣ Essential English for medical students бо забони давлатӣ  аз чоп баромад.
Аз соли хониши 2012-2013 дар кафедра ғайр аз омӯзиши забонҳои англисӣ ва олмонӣ, омӯзиши забони чинӣ низ ба роҳ монда шуд, ки мутахассисони забони хитоӣ дарс мегӯянд.
Соли 2013 З.А. Муҳамадиева дар атрофи мавзӯи «Таҳлили муқоисавии калимаҳои зану-шӯйи дар забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ» рисолаи номзадии худро дифо кард.
Соли 2015  тибқи лоиҳаи TEMPUS FLEPP (Foreign Languages for Professional Purposes)  Муҳамадиева З.А. дар шаҳри Колчестри Британияи Кабир ва дар Ҷумхурии Қирғизистон ҳамчунин дар шабакаи интернетӣ дар веб-семинар Webinar бо давлатҳои шарикии лоиҳа фаъолона иштирок намуд.  
Соли 2015 З.А. Муҳамадиева сазовори унвони “Аълочии маориф” гашт.

Корҳои таълимӣ

          Фаъолияти таълимии кафедра аз рӯи барномаҳои тасдиқшуда барои донишҷӯёни курси 1 ва 2-и факултетҳои тиббӣ, педиатрӣ, стоматологӣ, фармасевтӣ ва НТҶ ҳамчунин барои магистрон, аспирантон ва унвонҷӯён ба забонҳои англисӣ ва олмонӣ гузаронида мешавад.
Дар соли хониши 2012-2013 дар кафедра ғайр аз омӯзиши забонҳои англисӣ ва олмонӣ омӯзиши забони чинӣ ташкил карда шуд.

Фаъолияти таълимӣ - методӣ

Як қатор корҳои таълимӣ-методӣ омӯзгорони кафедра амалӣ гаштааст, ки инҳо:  
1. Китоби дарсии забони англисӣ барои донишҷӯёни тиб Essential English for Medical students бо забони давлатӣ, с. 2011.
2. Китоби дарсии забони англисӣ барои навомӯзон. З.А.Муҳамадиева, М.М. Акбарова, С.К. Ҳамроева, У.Ғ. Каримова,  Р.Р. Раҷабов. Нашриёти «Ҳикмат» Душанбе  с.2014.
3. Китоби дарсии забони англисӣ барои донишҷӯёни курси якуми факултети тиббӣ. З.А.Муҳамадиева, У.Ғ. Каримова. Нашриёти «Ҳикмат» Душанбе с.2014.
4. Учебное пособие. Развитие навыков устной речи по английскому языку. З.А.Мухамадиева, У.Г. Каримова. «Ҳикмат» Душанбе 2014 г.
5. Грамматика английского языка для студентов, магистров и аспирантов. Муҳамадиева З.А., Акбарова М.М., Ҳамроева С.К., Каримова У.Г., Мирзоева Г.Х.
6. Английский язык для аспирантов  и соискателей. Муҳамадиева З.А., Акбарова М.М., Ҳамроева С.К.
7. Методические разработки по развитию навыков устной речи по английскому языку для студентов, аспирантов, соискателей и работников медиков (Уровень В2+). З.А. Мухамадиева, С.К. Хамраева, М.М. Акбарова, Р.Р. Раджабов, М.А. Каюмова, Г.Х. Мирзоева, Г.Р. Муминова, Ф.Д. Одинаев, М.А.  Джалолова
8. Английский язык для магистров и аспирантов  факультета ОЗ.
С.К. Хамраева, М.М. Акбарова, Г.Х. Мирзоева
9. Лабораторная работа по английскому языку для аспирантов и соискателей. М.М. Акбарова, С.К. Хамраева, Г.Х. Мирзоева
10. Немецкий язык для аспирантов  и соискателей. З.А. Мухамадиева, М.М. Акбарова, М.А. Каюмова, Раджабов Р.Р.
Солҳои 2014-2016 тибқи лоиҳаи TEMPUS FLEPP (Foreign Languages for Professional Purposes)  омӯзгорони кафедра ҳамкорӣ намуда, Р.Р.Раҷабов дар Эстонияи шаҳри Таллин, Муҳамадиева З.А. дар шаҳри Колчестри Британияи Кабир, муаллими калони кафедра Ҳамроева С.К. ва Муҳамадиева З.А. дар Ҷумхурии Қирғизистон, Муминова Г.Р. дар шаҳри Киете Италия, Қаюмова М.А. дар шаҳри Боку-и Ҷумҳурии Озорбайҷон ва ҳамчунин дар шабакаи интернетӣ дар веб-семинар Webinar бо давлатҳои шарикии лоиҳа фаъолона иштирок намуданд.  

Корҳои тарбиявӣ

            Корҳои тарбиявӣ яке аз қисмҳои асосии фаъоляти кафедра ба ҳисоб рафта, тибқи нақшаи  тасдиқгардидаи муовинати тарбияи донишгоҳ иҷро мешавад.
Корҳои тарбиявии кафедра бо донишҷӯён ҳангоми гузаронидани соатҳои тарбиявӣ ва чорабиниҳои гуногун, аз ҷумла шанбегиҳо, ҷамъомадҳои тантанавии рӯзҳои таърихӣ, ҷашнҳо ва чорабиниҳои гуногуни маърифатӣ амалӣ карда мешаванд.
Тибқи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашнгирии 75-солагии таъсисёбии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино шиносоии шогирдон бо «Энсиклопедияи мухтасари тиб» дар китобхонаи донишгоҳ ва муаррифи намудани овезаҳо, лавҳаҳо ва ҳамаи айёниятҳои мавҷуда дар бинои асосӣ гузаронида шуд.
Дар соатҳои тарбиявӣ доир ба баромадҳои сарвари давлат мӯҳтарам Эмомали Раҳмон, дар мавзӯъҳои «Истиқлолияти ҶТ, Конститутсияи ҶТ», рӯзи Парчами миллии ҶТ, Ҷашнгирии Рӯзи модарон, Ҷашни Наврӯзи Оламафрӯз ва Ваҳдати миллӣ ва ғ. доир ба ахлоқу-одоби донишҷӯён баҳсу мунозираҳо гузаронида мешавад.
Соли 2016 донишҷӯён дар чораҳои фарҳангӣ ва дар театри ҷавонон 13-умин Фестивали Театрӣ бо муасиссаҳои Ҷумҳур бо забони олмонӣ баргузор гардид иштирок намуда аз ҷониби ташкилотҳои  DAAD, SLZ, ZFA ва Deutsche Botschaft барои ширкат варзидан ба шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон даъват шудаанд.
        Эҳтиром овардан нисбати Парчами миллӣ қарзи ҳар як шаҳрванд аст, зеро Парчам як рамзи хосаи истиқлолият, ватандорӣ, соҳибдавлатӣ ва рамзи ҳастии миллат аст. 24 – юми ноябри соли 2016 дар бинои нави таълимии Қарияи боло махфили донишҷӯён доир ба барномаи фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии сардори махфил Муминова Г.Р. баргузор гардид. Дар чорабинӣ муовини ректор оиб ба тарбия ва фарҳанг Бурхонова З.У., омӯзгорони кафедраи забони тоҷикӣ ва дигарон иштирок карда суханронӣ карданд. Ҳамчунин чорабини бахшида  ба “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028”  баргузор гардид, ки донишҷӯён бо забонҳои англисӣ ва олмонӣ баромад карданд.

Корҳои илмию тадқиқотӣ

Омӯзгорони кафедра ҳамасола дар конференсияи солонаи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, дар конференсияи солонаи илмӣ-амалии ҷавонон ва донишҷӯён, дар конференсияи байни донишгоҳҳо фаъолона иштирок менамоянд ва донишҷӯёни худро барои иштирок дар ин конференсияҳо омода мекунанд.
Соли 2013 Муҳамадиева З.А. дар атрофи мавзӯи илмии «Таҳлили муқоисавии калимаҳои зану-шӯйи дар забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ»  рисолаи номзадии худро дифо намуд. Аз тарафи ӯ  зиёда аз 40 мақолаҳои илмию методӣ ва китобҳои дарсӣ ба табъ расидааст.
Аз ҷониби омӯзгорони кафедра зиёда аз 100 мақолаҳои илмию методӣ дар рӯзномаю маҷаллаҳо чоп шудааст.
         Омӯзгорони кафедра чун ҳамасола барои тарҷумаи барономаҳо ва  саволҳои тестии дигар кафедраҳое, ки барои донишҷӯёни хориҷӣ тавсия карда мешаванд  ҳиссаи худро мегузорад.

 Мукофотҳои кормандони кафедра

М.М. Акбарова соли 2001 бо нишони «Ифтихорномаи фахрӣ» ва соли 2012 бо нишони –“Аълочии маориф” мукофонида шуд.
Ҳамроева С.К. соли 2013 бо нишони –“Аълочии маориф” мукофонида шуд.
Муҳамадиева З.А. соли 2015 бо нишони –“Аълочии маориф” мукофонида шуд.
Мирзоева Г.Ҳ. соли 2015 бо нишони –“Аълочии маориф” мукофонида шуд.