Loading...
АСОСӢ
Кафедраи забони русӣ

 Диданд: 0

Кафедраи забони русӣ

Суроға: ш.Душанбе, хиёбони Сино 30/1
Телефон: (+992) 37-235-77-92, (+992) 37 235-04-52, (+992) 98-529-64-78 email: 25@tajmedun.tj

Мудири кафедра д.и.п., профессор Юлдошев Умар Раҳимович

Кафедраи забони русӣ 1-октябри соли 1964 ташкил ёфт (чун кафедраи алоҳида аз кафедраи забонҳои донишгоҳ ҷудо шуд), аз  соли 1991 инҷониб чун   кафедраи мустақил ва яке аз кафедраҳои асосии соҳаи забоншиносӣ  фаъолият дорад.
Забони русӣ воситаи муҳимтарини муоширати илмӣ ва тиббии касбӣ ҳисоб ёфта, ҳамчун фанни  ҳатмии таълимӣ дар курсҳои якум ва дуюми ҳамаи факултетҳо, донишҷӯёни хориҷии курсҳои яку ду  ва донишҷӯёни хориҷии (бакалаврҳо) Донишгоҳи тиббӣ таълим дода мешавад.
       Мақсади ин курс такмили нутқи русии донишҷӯён дар соҳаҳои гуногуни муошират ( иҷтимоӣ,ҷамъиятӣ-сиёсӣ, касбӣ-таълимӣ, илмӣ) мебошад.
       Вазифаи асосии мутахассисони баландихтисос ҷараёни коммуникативию амалии курси таълимиро муайян менамояд, ки ин ташаккул ва инкишофи малакаҳои нутқи шифоҳию хаттӣ, хондан ва навиштани матнҳо (малакаҳои дарки маълумот, конспектнависӣ, навиштани реферат аз рӯи ихтисос бо забони русӣ, таҳияи маълумоту маърӯзаҳои илмӣ, иштирок дар мубоҳисаҳо, таҳияи ҳуҷҷатҳои расмӣ: ариза, тарҷумаи ҳол, забонхат, ваколатнома ва ғайра)-ро фаро мегирад.
Дар сатҳи баланд ба роҳ мондани таълими забони русӣ, такмили доимии ҷараёни таълим  ва истифодаи дастовардҳои муосири таълим аз вазифаи аввалиндараҷаи кафедра ба ҳисоб меравад.
Бо назардошти хусусиятҳои  таҳсилоти олии тиббӣ ҳангоми  гузаронидани машғулиятҳои амалӣ  бо донишҷӯёни тиб кафедра истифодаи воситаҳои  таълимӣ-методиро мақсаднок мешуморад, ки ин ба таълими забони русӣ аз рӯйи ихтисос мусоидат менамояд.
Устодони  кафедра аз оғози фаъолияти худ то имрӯз  бо  масъалаҳои такмили методикаи таълими забони русӣ дар Донишгоҳи тиббӣ машғул ҳастанд.Солҳои охир аз тарафи кормандони кафедра барои донишҷӯёни ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино барномаҳои зерини таълимӣ  таҳия ва чоп шуданд: 1.«Программа по русскому языку для студентов 1 и 2 курсов медицинского, стоматологического и фармацевтического факультетов ТГМУ имени Абуали ибни Сино» (сильный уровень).. Душанбе – 2013.34 с.. 2. «Программа по русскому языку для студентов 1 и 2 курсов медицинского, стоматологического и фармацевтического факультетов ТГМУ имени Абуали ибни Сино» (слабый уровень). Душанбе, 2013,33 с.
         Дар давоми фаъолияти худ устодони кафедра  маҷмӯи дастурҳои  таълимӣ-методиеро  таҳия ва нашр намуданд,ки барои   донишҷӯёни курсҳои 1 ва 2-юми ҳамаи факултетҳои донишгоҳ  пешбинӣ шуда, фарогири машғулиятҳои аудиторӣ ва ғайриаудиторӣ,инчунин тамоми навъҳои фаъолияти нутқи касбӣ мебошад.
      Бо мақсади таъмини раванди таълими забони русӣ  чунин дастурҳои методӣ ва китобҳои дарсии устодони кафедра бомуваффақият истифода мешаванд: 1.Практикум по развитию русской профессиональной речи студентов-медиков в условиях таджикско-русского двуязычия. (Сборник тестов по русскому языку) Должикова В.А.,  Хайрова Х.И., Белоус Л.В.- Душанбе. ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, 2008, 148 саҳ. 2.Учебное пособие по развитию русской устной и письменной речи студентов 2 курса факультета общественного здравоохранения, мураттибон: У.Р.Юлдошев, Х.И.Хайрова В.А.Должикова/ Нашриёти «Хикмат».- Душанбе, 2009, 108 с. 3.«Учебное пособие по развитию русской профессиональной речи для студентов 2 курса стоматологического факультета ТГМУ им. Абуали ибни Сино, Нашриёти «Хикмат» - Душанбе, 2011-138с.; 4«Учебное пособие по развитию русской профессиональной речи для студентов 2-го курса медицинского факультета/ Нашриёти «Хикмат». -Душанбе, 2011-145 с.; 5.«Учебное пособие по развитию русской профессиональной речи для студентов  2-го курса фармацевтического факультета//. Мураттибон: У.Р.Юлдошев, В.А.Должикова , Х.И.Хайрова .Душанбе, ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Нашриети. «Хикмат».  2014-139 стр.. 6.У.Р.Юлдошев.  Учебное пособие для практических занятий по русскому языку для студентов 1 курса  (Учебное пособие) Душанбе, ТГМУ им.Абуали ибни Сино, Нашриети. «Хикмат». 2014 -187стр.7.Учебное пособие по развитию русской профессиональной речи для студентов. 2-го курса/ Мураттибон: У.Р.Юлдошев, В.А.Должикова  Х.И.Хайрова-Душанбе, ТГМУ им.Абуали ибни Сино, Нашриети. «Хикмат».  2014-239 с.
   Ҳаминро бояд қайд намуд, ки солҳои охир  нақш ва мақоми забони русӣ дар системаи таълимӣ хеле баланд гардид. Фармони Пешвои миллат,асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 4 апрели соли 2003 «Оиди мукаммалгардонии таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ин хусус шаҳодат медиҳад. Ҳуҷҷати мазкур сиёсати забонӣ  ва такмили омӯзиши забони русиро муайян менамояд. Барои дар ҳаёт татбиқ намудани ин Фармон аз тарафи Ҳукумати чумҳурӣ аз 2 декабри соли 2003 таҳти № 508 «Барномаки давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар ҶТ барои солҳои 2004-2014 » қабул  шуд. Бояд  зикр намуд, ки барномаи мазкур бо Қарори Ҳукумати ҶТ аз 3 июли  соли 2014 таҳти № 427 то соли 2020 идома дода шуд. Барои иҷрои  қарори мазкур аз тарафи кормандони кафедраи забони русӣ дар давоми  солҳои 2006  ва  2017  23 барномаҳои корӣ ва намунавӣ, силлабусҳо, 7 китоби дарсӣ, зиёда аз 95 мақола ва 14 фишурда таҳия ва чоп гардидаанд.  
 Моҳи майи соли 2006 кафедраҳои забони русӣ ва забони русӣ барои донишҷӯёни хориҷии Донишгоҳи тиббӣ  муттаҳид карда шуданд.
    Мақсади асосии таълими забони русӣ ба донишҷӯёни хориҷӣ аз таъмини  иштироки онҳо дар раванди таълим иборат буда,  якчанд давраро дар бар мегирад:  давраи асосӣ, такмилдиҳӣ,  инчунин давраи хотимавӣ (курсҳои 1, П ва курси 1 (бакалавр). Вазифаи асосии таълими забони русӣ ба донишҷӯён дар ҳамаи давраҳо аз омӯзиши малакаҳои амалии нутқи хаттӣ ва шифоҳии касбӣ  иборат аст. Бинобар ин талаботи асосии  таълими забони русӣ ба донишҷӯёни хориҷӣ  ин дарки  бошууронаи маводҳои таълимӣ  ба ҳисоб меравад.
    Бо назардошти чунин мақсад аз тарафи кормандони кафедра  барои донишҷӯёни хориҷӣ «Барномаи забони русӣ барои донишҷӯёни хориҷии курсҳои 1.2 ва 3-юми ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино»  (дараҷаи олӣ ) таҳия карда шуд:
У.Р. Юлдошев, М.Р.Назарова, Х.И. Хайрова,С.А. Хотамова – Душан6е; 2013. 40 с.
 Соли таҳсили 2015-2016  дар донишгоҳ  донишҷӯёни хориҷӣ -  бакалаврҳо бо таҳсил фаро гирифта шуданд.Ба ин муносибат устодони   кафедра «Барномаи забони русӣ барои донишҷӯёни хориҷӣ-бакалаврҳои ДДТТ ба номӣ Абӯлӣ ибни Сино»-ро таҳия намуданд. Мураттибон: У.Р. Юлдошев, М.Р.Назарова, Х.И. Хайрова,С.А. Хотамова – Душан6е; 2015 с. 25.
  Соли 2008  бинобар ба  системаи кредитии таълим гузаштани ДДТТ кормандони кафедра барои донишҷӯёни курси 1 ва П факултети нигаҳдории тандурустӣ аз забони русӣ барномаи таълимӣ таҳия намуданд. Барнома  барои  3 нимсола (90) соат (ҳамагӣ  3 кредит) пешбинӣ шудааст: 1 кредит  1 семестрро ташкил медиҳад ( 1 соат машғулияти амалӣ ва 1 соат  кори мустақилона бо роҳбарии омӯзгор). Назорати  ҷории саводнокии донишҷӯён баъди ҳар як кредит гузаронида мешавад. Аттестатсияи ҷамъбастии рейтингӣ  дар охири курс ба тариқи тестӣ сурат мегирад. 1.Силлабус (Syllabus)  барномаи корӣ системаи модулӣ-кредитӣ аз фанни забони русӣ барои донишҷӯёни курси 1 (дараҷаи аввал); мураттибон: У.Р. Юлдошев, В.А. , Х.И. Хайрова – Душанбе, ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Душанбе 2013- с.90;  2. Силлабус (Syllabus)  барномаи корӣ системаи модулӣ-кредитӣ аз фанни забони русӣ барои донишҷӯёни курси 1 (дараҷаи олӣ); мураттибон: У.Р. Юлдошев, В.А. , Х.И. Хайрова – Душанбе, ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Душанбе 2013- с.91 3. Силлабус (Syllabus)  барномаи корӣ системаи модулӣ-кредитӣ аз фанни забони русӣ барои донишҷӯёни курси 2 (дараҷаи аввал); мураттибон: У.Р. Юлдошев, В.А. , Х.И. Хайрова – Душанбе, ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Душанбе2013 – с.62 . 4. Силлабус (Syllabus)  барномаи корӣ системаи модулӣ-кредитӣ аз фанни забони русӣ барои донишҷӯёни курси 2 (дараҷаи олӣ); мураттибон: У.Р. Юлдошев, В.А. , Х.И. Хайрова – Душанбе, ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино . 2013- с.69.
Соли  таҳсили  2014-2015 бо сабаби ташкил шудани факултети педиатрӣ аз тарафи устодони кафедра барномаҳои зерини таълимӣ тартиб дода шуданд: «Программа   по предмету «Русский язык» для студентов 1 и 2 курсов педиатрического  факультета(сильный уровень)» 2014, 40  саҳ. Тартибдиҳандагон У.Р.Юлдошев В.А.Должикова, Х.И. Хайрова «Программа   по предмету «Русский язык» для студентов 1 и 2 курсов педиатрического  факультета(слабый уровень)» Тартибдиҳандагон У.Р.Юлдошев В.А.Должикова, Х.И. Хайрова Душан6е, ТГМУ имени Абуали ибни Сино; 2014. –36 саҳ.
Бинобар ба системаи кредитии таълим гузаштани донишгоҳ  соли таҳсили 2016-2017 устодони кафедра барномаҳои зерини таълимиро таҳия намуданд:      1.Учебная программа по предмету «русский язык» для студентов 1 и 2 курсов медицинского факультета., \ Тартибдиҳандагон У.Р. Юлдошев, В.А.Должикова, Х.И. Хайрова – Душан6е, ТГМУ имени Абуали ибни Сино; 2016. –31 стр.2.Учебная программа по предмету «русский язык» для студентов 1 и 2 курсов  педиатрического  факультета Составители У.Р. Юлдошев, В.А.Должикова, Х.И. Хайрова – Душан6е, ТГМУ имени Абуали ибни Сино; 2016. –33 стр. 3.Учебная программа по предмету «русский язык» для студентов 1 и 2 курсов стоматологического\ Составители У.Р. Юлдошев, В.А.Должикова, Х.И. Хайрова – Душан6е, ТГМУ имени Абуали ибни Сино; 2016. –стр 34. 4.Учебная программа по предмету «русский язык» для студентов 1 и 2 курсов фармацевтического факультета Составители У.Р. Юлдошев, В.А.Должикова, Х.И. Хайрова – Душан6е -5.Учебная программа по предмету «русский язык» для студентов 1 и 2 курсов  факультета общественного здравоохранения\ Составители У.Р. Юлдошев, В.А.Должикова, Х.И. Хайрова – Душанбе-33 стр.
Инчунин барои таълими системаи кредитӣ дар соли таҳсили 2016-2017 бо супориши шуъбаи таълими донишгоҳ устодони кафедра чунин барномаҳои таълимиро таҳия намуданд:      аз саҳ.4: 1.Программа  (Syllabus)по предмету «Русский язык» для студентов 1 и 2 курсов медицинского  факультета/ составители У.Р. Юлдошев, В.А. , Х.И. Хайрова – Душан6е, ТГМУ имени Абуали ибни Сино; 2016. - 100 стр. 2. Программа  (Syllabus) по предмету «Русский язык» для студентов 1 и 2 курсов педиатрического  факультета\ составители У.Р. Юлдошев, В.А. , Х.И. Хайрова – Душанбе, ТГМУ имени Абуали ибни Сино 2016. --102стр.3. Программа  (Syllabus)по предмету «Русский язык» для студентов 1 и 2 курсов  факультета общественного здравоохранения \ - составители У.Р. Юлдошев, В.А. , Х.И. Хайрова – Душанбе, ТГМУ имени Абуали ибни Сино. 2016. -104стр. 4.Программа  (Syllabus) по предмету «Русский язык» для студентов 1 и 2 курсов стоматологического  факультета/- составители У.Р. Юлдошев, В.А. , Х.И. Хайрова – Душанбе, ТГМУ имени Абуали ибни Сино,- 2016. -106-стр. 5. Программа  (Syllabus)по предмету «Русский язык» для студентов 1 и 2 курсов фармацевтического факультета \- составители У.Р. Юлдошев, В.А. , Х.И. Хайрова – Душан6е, ТГМУ имени Абуали ибни Сино, 2016,-104-стр.
  Соли таҳсили 2016-2017 бо сабаби таъсисёбии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар Данғара аз тарафи устодони кафедраи забони русӣ барномаҳои зерини таълимӣ таҳия шуданд: «Учебная  программа по  предмету «Русский язык» для студентов 1 и 2 курсов медицинского, стоматологического  и фармацевтического факультетов - составители У.Р. Юлдошев, В.А., Х.И. Хайрова, В.А.Должикова. – Душан6е; 2016.40 стр..
   Тамоми синфхонаҳои кафедраи забони русӣ бо дастурҳои таълимӣ-методӣ,китобҳои дарсӣ,таблитсаҳо,овезаҳо.реферату албомҳои таҳиянамудаи донишҷӯён,баннерҳои ҷашнӣ ва таълимию методӣ таъмин мебошанд.  
   Бояд қайд намуд, ки  сарварии кафедраи забони русиро профессор У.Р.Юлдошев  ба уҳда дорад.Натиҷаи корхои бисёрсолаи илмӣ-педагогӣ ва тадқиқотии  мудири кафедра, профессор У.Р. Юлдошев дар китоби «Асосҳои лингвометодии омӯзондани забони русӣ дар раванди  тайёрии касбии донишҷӯёни тиб дар шароити дузабонии тоҷикӣ-русӣ (У.Р. Юлдошев – Душанбе, 2000)  оварда шудаанд.
Дар солҳои мавҷудияти кафедра аз тарафи кормандони кафедраи забони русӣ  4 рисолаи номзадӣ  ҳимоя карда шуданд: Р.П. Черенкова «Роҳҳои мукаммалгардонии захираи луғавии донишҷӯёни тоҷик дар машғулиятҳои амалии  забони русӣ» (Душанбе, с. 1971); Л.Н. Заретская «Ташакулёбии хусусиятҳои ахлоқии донишҷӯён дар раванди омӯзиши забони русӣ дар гӯруҳҳои миллӣ» (Душанбе, с. 1972); Аҳмедова Р.К. «Мукаммалгардонии малакаи нутқи русии донишҷӯёни тоҷик ҳангоми кор бо муродифоти синтаксисӣ» (Тошкент, с. 1988); У.Р. Юлдошев «Дузабонии тоҷикӣ-русӣ ҳамчун шарти тайёрии касби донишҷӯёни тиб дар мактабҳои олии Тоҷикистон» (Маскав, с. 2000).
Аз соли 1964 то соли 1988дотсент Л.Н.Заретская роҳбарии кафедраи забони русиро ба уҳда дошт.Аз соли 1988 то имрӯз профессор У.Р.Юлдошев мудири кафедра мебошад. ӯ соли 1989  рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Омӯзондани нутқи хаттии русӣ ба донишҷӯёни соҳаи тиб дар шароити дузабонӣ» ва   соли 2000 дар Донишкадаи  масъалаҳои миллии маорифи Федератсияи Русия дар шаҳри Маскав  рисолаи доктории худро дар мавзӯи «Дузабонии тоҷикӣ-русӣ ҳамчун шарти тайёрии касбии донишҷӯёни тиб дар мактабҳои олии Тоҷикистон»  ҳимоя намудааст.
            Ҳоло профессор У.Р.Юлдошев аъзои Шӯрои диссертатсионӣ оид ба  ҳимояи рисолаҳои докторӣ ва номзадии Пажӯҳишгоҳи илмҳои тадкиқотии АТТ(Академияи таҳсилоти Тоҷикистон)  ва аъзои Шӯрои диссертатсионӣ  оид ба  ҳимояи рисолаҳои докторӣ ва номзадии ДДОТ ба номи С.Айнӣ мебошад. У.Р.Юлдошев аз 16 апрели 2010 аъзои ҳақиқии Академияи илмҳои педагогӣ ва иҷтимоии Федератсияи Россия мебошад (рақами 1561).Таҳти роҳбарии профессор У.Р.Юлдошев 8 нафар аспиранту унвонҷӯ рисолаи номзадӣ ҳимоя кардаанд,4 нафари дигар барои ҳимояи рисолаи номзадӣ омодагӣ мебинанд.
        Соли 2012 зери роҳбарии  Юлдошев У.Р. устоди кафедра Абдуллоева Т.М.  дар ДДОТ ба номи С.Айнӣ  рисолаи номзадӣ ҳимоя намуд ва сазовори унвони номзади илмҳои педагогӣ гардид.Ҳоло бошад,ҳимояи рисолаи номзадии муаллими калони кафедра В.А.Должикова ба нақша гирифта шудааст.
     Кормандони кафедра инчунин дар як қатор конфронсҳои илмӣ-амалӣ, ки ба масъалаҳои муҳими лингводидактика, луғатшиносӣ, луғатнависӣ бахшида шудаанд,бо маърӯзаҳои пурмазмун иштирок кардаанд: (Душанбе, с. 1985, 1986, 1995, 1996, 1997, 2001, 2003, 2006, 2007, 2008; Бишкек, с. 1986; Тошкент, с. 1989; Самарканд, с. 1989; Даугавпилс, с. 1991), инчунин дар конгресси VII байналмиллали МА ПРЯЛ «Забон ва адабиёти рус дар муоширати халқҳои ҷаҳон. Масъалаҳои фаъолият ва усули таълим» (Маскав, с. 1990) .
Таълифоти мудири кафедра ва муаллимон  дар маҷаллаҳои илмӣ-методии  «Забони русӣ дар мактабҳои тоҷикӣ», Забони русӣ дар мактаби миллӣ» (Маскав); «Забони русӣ дар ИҶСС» (Маскав), дар маҷаллаи илмӣ-методии ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино «Паёми Сино» нашр шудаанд.
Тӯли солҳои мавҷудияти кафедра аз тарафи кормандони он зиёда аз 286  корҳои илмӣ-методӣ, дастурамалҳои  методӣ, мақолаҳо таҳия ва нашр шудаанд,ки  амалан дар таълими донишҷӯёни  тамоми факултетҳои ДДТТ ба номи  Абӯалӣ ибни Сино истифода бурда мешаванд.
  Омӯзгорони кафедра савияи дониши худ, малакаи худро мунтазам дар факултети такмили ихтисос: дар ДДМ ба номи М.В. Ломоносов,дар ДД Калинин,ДДСР,ДМТ ва муассисаҳои олии кишварҳои дуру наздик  такмил медиҳанд.
   Дар кафедраи забони русӣ  ҶИД амал менамояд. Ин маҳфил аз Рӯйи барномаи махсус амал менамояд,барои донишҷӯёни курсҳои 1 ва 2-юми донишҷӯёни ватанӣ ва хориҷӣ пешбинӣ шудааст.Маҳфили кафедра 30 нафар аъзо дорад.Устодони кафедра дар якҷоягӣ бо аъзоёни маҳфил ва донишҷӯёни дигар конференсияҳои адабӣ,мизи мудаввар,мубоҳисаҳо мегузаронанд,бо маърӯзаю рефератҳо баромад мекунанд.Донишҷӯёни донишгоҳ ҳамасола дар    олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ аз фанни забони русӣ иштирок карда,сазовори ҷойҳои намоён мегарданд.Ҳаминро бояд қайд кард,ки дар давоми 5 соли охир (аз соли 2009 то соли 2013) донишҷӯёне,ки дар олимпиадаҳои фанни забони русӣ иштирок кардаанд,ҷойҳои фахрии  якуму дуюмро соҳиб шуданд.Соли 2011-2012  донишҷӯён дар олимпиада ҷойи якумро сазовор гаштанд,соли 2014 дар ш.ҳуҷанд сазовори ҷойи 1 шуданд.Инчунин соли 2013 донишҷӯёни курси 2  дар Интернет-олимпиадаи байналмлалии фосилавӣ   ширкат варзиданд.Ба иштирокчиёни олимпиада муаллими калони кафедра,Аълочии маорифи ҶТ В.А. Должикова  роҳбарӣ менамояд.
      Яке аз самтҳои асосии фаъолияти кафедра корҳои тарбиявӣ мебошад,ки ҳам дар давоми машғулиятҳои амалӣ ва ҳам дар дарсҳои тарбиявӣ амалӣ мегардад.Устодони кафедра бо мақсади баланд бардоштани тарбияи маънавии донишҷӯён,ҳисси худшиносии миллӣ ва ватандӯстии онҳо дар кафедра доир ба ҷашнҳои гуногуни кишвар ва шахсони маъруф чорабиниҳои гуногун доир менамоянд.
    Ҳаминро бояд қайд кард,ки бо супориши Вазорати маориф ва илми ҶТ аз тарафи кормандони кафедра се барнома тартиб дода шуд: «Программа по русскому языку для мигрантов,выезжающих в РФ» (барои таълими курси 1-моҳа.3-моҳа ва 6-моҳа).Ғайр аз ин  бо  супориши Вазорати маориф ва илми ҶТ аз тарафи кормандони кафедра профессор У.Р. Юлдошев ва муаллимаи калон Хайрова Х.И. ду Стандарт аз фанни забони русӣ: «Стандарти фанни забони русӣ барои синфи 8-и мактабҳои тоҷикӣ»  «Стандарти фанни забони русӣ барои синфи 9-и мактабҳои тоҷикӣ» таҳия намуда,  ба чоп супорида шуд.
    Инчунин устодони кафедра дар  таҳия ва ба нашр омода сохтани китобҳои «Таърихи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино»  (бахшидаба 75-солагии Донишгоҳи тиббӣ ) ва «Андарзҳо дар бораи тиб ва табиб» саҳми зиёд гузоштанд.
       Дар асоси супориши Вазорати маориф ва илми ҶТ аз тарафи мудири кафедраи забони русӣ,профессор У.Р.Юлдошев дар ҳамкорӣ бо профессорони факултети филологияи руси ДМТ  Нағзибекова М.Б.,Ҳоҷиматова Г.М. ва Мухаметова Г.Б.  «Барномаи таълимӣ аз фанни забони русӣ » (барои  донишҷӯёни донишгоҳҳои ғайрифилологӣ)  Душанбе,2016 тартиб дода шуд,ки бо  Қарори коллегияи  ВМИ  ҶТ аз 30.07.2016 таҳти  № 11/14 барои донишгоҳҳои ғайрифилологии ҶТ таҳия карда шуд.
     Хизматҳои  кормандони кафедра бо мукофотҳои гуногун қадр карда шудааст.Аз ҷумла, профессор У.Р.Юлдошев бо Нишони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» ва медали «Хизмати шоиста » сарфароз гардонида,муаллимаи калони кафедра В.А.Должикова бо нишони «Аълочии маориф ва илми ҶТ»,Ифтихорномаҳои ВМИ ҶТ ва ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва ДДОТ ба номи С.Айнӣ  мукофотонида шуда,соли 2010   соҳиби унвони «Муаллими сол» гардид.
    Дар соли 2017 воҳиди кории кафедра  17 нафарро ташкил медиҳад.  
     Айни ҳол  дар кафедраи забони русӣ  мудири кафедра,профессор У.Р.Юлдошев, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент М.Р. Назарова, номзади илмҳои педагогӣ Т.М. Абдуллоева, муаллимони калон В.А. Должикова, Х.И. Хайрова, С.А. Хотамова; омӯзгорон М.А. Холматова, З.И. Шарипова, Н.Ш. Алиева,  Баҳромӣ Ш.Б.,  Абдуллоева Ф.М., Олимпур Ё.М ва мудири кабинет Одинаева Ш.М. кор ва фаъолият доранд.
Устодони  кафедра фаъолияти худро дар асоси таҷрибаи пешқадами педагогӣ ба роҳ монда,барои баланд бардоштани сифати таълими забони русӣ дар донишгоҳ саъю кӯшиш менамоянд. Ҳайати кафедра кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳад, ки маҳорати педагогии худро баланд бардорад, методикаи дарсдиҳии забони русиро ба донишҷӯён-духтурон боз ҳам мукаммалтар намояд.