Loading...
АСОСӢ
Кафедраи биологияи тиббӣ бо асосҳои генетика

 Диданд: 0

Кафедраи биологияи тиббӣ бо асосҳои генетика

Суроға: хиёбони Рӯдакӣ 139, бинои асосии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино
Тел: (+992) 44 600 36 55, (+992) 93 426 81 10, E-mail: 19@tajmedun.tj

Мудири кафедра н.и.б., дотсент Холбегов Мирзоҳамдам Ёрбегович

Таърихи кафедра

Кафедраи биология бо асосҳои генетикаи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино бо пешниҳоди Шӯрои олимон, соли 1939 таъсис дода мешавад ва дотсент В.Г.Остроумов нахустин мудири он тайин карда мешавад. 
Дар солҳои 1950-1953 мудирияти кафедраро номзади илмҳои биологӣ М.Н.Нарзикулов, ки баъдан то мақоми узви пайвастаи АИ ҶТ, директори Пажуҳишгоҳи зоология ва паразитология, ноибраиси АИ ҶТ иҷрои вазифа карда буд, ба дӯш дошт.
         Аз соли 1953 то соли 1973 дотсент, полковники хадамоти тибби А.И.Шуренкова мудири кафедра ба шумор меомад. Мавсуф ба манзури мубориза бо амрози тропикӣ ҳамроҳи академик Е.Н. Павловский вориди ҷумҳуррӣ мегардад ва барои ҳамеша дар ин ҷо ба хотири кору фаъолият  мемонад. А.И.Шуренкова ҳамзамон ба фаъолияти омӯзгоряш дар донишкадаи тиббӣ умури илмию пажуҳишро ҳам пеш мебарад.
Байни солҳои 1973- 1993 ба кафедра доктори илми биология, профессор Л.И. Исмоилова роҳбарӣ кардааст.  Дар давраи роҳбарии А.И.Шуренкова ва Л.И.Исмоилова устодоне чун С.А. Ростовшиков, М.М.Мансурова, М.О.Олимбоева, В.И.Толстой, Л.Х.Урунова, Е.Ф.Гаджей, Р.А.Пилосов, Т.К.Сайгафаров, М.Н.Назаров, А.М.Баҳромов, М.Д.Давлатшоев, З.В.Музаффарова, Т.Г.Чуватова, М.М.Дониёрова, В.Л.Гафурова, М.М.Майюсупов, З.У.Бурҳонова, Ю.С. Ли ва дигарон масруфи кору фаъолият буданд, ки бархе аз онҳо то имрӯз фаъолияти илмию омӯзгориро идома медиҳанд.
         Соли   1988 кафедра ба ду бахш ҷудо карда мешавад, ки мутаносибан бо номҳои кафедраи биология барои факултаҳои муолиҷавию стомотологӣ мудираш профессор Л.И.Исмоилова ва кафедраи биология барои факултаҳои педиатрию фарматсевтӣ мудираш профессор  Н.Б.Бердиев.
         Соли 1994 дубора кафедраҳо муттаҳид мешаванд ва профессор Н.Б.Бердиев ба вазифаи мудирӣ тайин мешаванд ва то сентябри соли 2008 дар ин мақом боқӣ мемонанд.
         Аз соли 2008 бад-ин сӯ мудирияти кафедра ба дӯши н.и.б. дотсент М.Ё. Холбегов,  вогузор  шудааст.
         Дар давраи мудирии дотсент Холбегов М.Ё ду нафар кормандони кафедра Каримова И.С ва Чориев С.А рисолаи номзадиашонро дифоъ намуданд. Айни замон унвонҷӯи кафедра Николаева В.В, Ризоева О.А ва Шахсуфбекова О.Н ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ  машғуланд.
Соли 2011 барои фаъолияти самараноку сермаҳсул «кафедраи беҳтарини сол» дониста шуд. 
Аз соли 2009 ин ҷониб кормандони кафедра нақша ва барномаҳои таълимиро аз нав таҷдиди назар намуда, онро бори дигар ба стандарти давлатӣ мувофиқ кунониданд.
Аз соли 2008 то инҷониб кормандони кафедра профессор Бердиев Н.Б ва дотсент Гафурова В.Л китоби «Биология», дотсент Баҳромов А.М ва муаллимаи калон Бурҳонова З.У китоби «Биологияи тиббӣ» (китоби таълими барои коллеҷҳо ва омӯзишгоҳҳои тиббӣ),   кормандони кафедра зери роҳбарии дотсент Холбегов М.Ё китоби «Консепсияи табиатшиносии муосир» (бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, «Курси лексияҳо аз географияи Тоҷикистон бо асосҳои демография» (бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, «Тестҳо барои санҷиши дониши хонандагон аз фанни биология» -дастур барои довталабони мактабҳои олӣ (бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ) «луғати биологии русӣ- тоҷикӣ- дарӣ- англисӣ», ва «дастури таълимӣ аз фанни биология бо асосҳои генетика» (бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ)- ро аз чоп бароварданд.
Ҳамасола донишҷӯёни донишгоҳ дар олимпиадаи байни донишҷӯёни мактабҳои олӣ аз фанни биология фаъолона ширкат варзида аз рӯи равияҳои тахассуси ва ғайритахассуси ҷойҳои намоёнро ишғол менамоянд.
          Феълан ҳайати кормандони кафедра аз   мудири  кафедра, дотсент М.Ё.Холбегов, дотсентҳо А.М.Баҳромов, А.Т. Ашуров муаллимони калон  калон н.и.б. Г.Н.Азимова, н.и.б.    И.С.Каримова, З.У.Бурҳонова, ассистентон н.и.б., Қурбонова Б.А,  В.В.Николаева, О.А.Ризоева., О.Н. Шахсуфбекова,  Ёрова Б.Д, Носирова Д.С, лаборанти калон Саидикова М.И иборат мебошад.
            Фаъолияти таълимию-методӣ

Мавҷудияти китоб, дастурҳо ва дастурамалҳои методӣ

 
Номи мавод
Намуди нашр
Миқдори саҳифаҳо
Соли нашр
Муаллиф
1.
Китоби дарсии «биология»
Китоб
 
2008
Бердиев Н.Б
2.
Биология
Китоб
 
2009
Исмоилова ва диг.
3.
Консепсияи табиатшиносии
муосир
Китоб
 
 2009
Холбегов М.Ё ва диг.
4.
Тестҳо барои санҷиши дониши хонандагон аз фанни биология
Дастур
 
2012
Холбегов М.Ё ва диг.
5
Курси лексияҳо аз географияи Тоҷикистон бо асосҳои демография
Дастур
 
2012
Холбегов М.Ё ва диг.
6.
Дастури таълими барои гузаронидани машғулиятҳои амалӣ аз фанни биология
Дастур
 
2013
Холбегов М.Ё ва диг.
7
Биология дар нақшаҳо ва тасвирҳо
Дастур
 
2014
Холбегов М.Ё ва диг
8
Тарзи нави худбаҳодиҳи ба дониш аз фанни биология
Дастур
 
2014
Холбегов М.Ё ва диг
9
Биология
Дастур
 
2015
Холбегов М.Ё ва диг
10
«Биология. Экология».
Дастур
 
2016
Холбегов М.Ё ва диг
11
Дастури таълими барои гузаронидани машғулиятҳои амалӣ аз фанни биологияи тиббӣ
Дастур
 
2016
Холбегов М.Ё ва диг
12
Курси лексияҳо аз фанни биологияи тиббӣ
Дастур
 
2016
Холбегов М.Ё ва диг
 
Дар суратҷаласаҳои кафедра, ки рeзҳои  чумъа дар миёна ва охири ҳар моҳ  гузаронида мешаванд,   масъалахои методӣ ва натиҷаҳои дарсазхудкунии донишҷӯёнро муҳокима мешуданд.
Аз он ҷумла:
- аз нав дида баромадани мавзӯҳои  дарсҳои лексионӣ ва амалӣ барои донишҷӯёни курси 1 ;  Ҷаласаи кафедра №1 аз 29.08.15сол.
-  Муҳокима ва тасдиқ намудани Силлабусҳо ва нақшаи тақвимию-мавзӯи  дарсҳои лексионӣ ва амалӣ барои донишҷӯёни курси якуми амаи факултетҳо;
- тартиб додани мавзӯҳои дарсҳои лексионӣ ва амалӣ аз фани «Экология», барои донишҷӯёни крси якуми ҳамаи факултетҳо; Ҷаласаи кафедра №11 аз 23.01.17сол.
- муҳокимаи  натиҷаҳои сессияи зимистона  аз рӯи нишондодҳои -  сифати дарсазхудкунӣ, дарачаи дарсазхудкунӣ, балли миёна; Ҷаласаи кафедра №11 аз 23.01.17сол
- аз нав дида баромадани саволҳои имтиҳони фосилавӣ  ба забони давлатӣ ва русӣ; Ҷаласаи кафедра №14  аз 16.02.17сол
- тартиб додани мавзӯҳои дарсҳои лексионӣ ва амалӣ барои донишҷӯёни курси 1-и ҳамаи факултетҳо аз фанни биология ва экология 
- муҳокимаи   тартибу интизом ва иштироки донишҷӯён дар дарсҳои лексионӣ ва амалӣ; Дар давоми сол.-
Дар кафедра  барномаҳои корӣ (силабус) ва намунавӣ  барои донишҷӯёни ҳамаи факултетҳои курси якум ба забонҳои давлатӣ ва русӣ мавҷуд аст.
 
Корҳои тарбиявӣ
Корҳои тарбиявӣ дар кафедраи Биологияи тиббӣ бо асосҳои генетика  мувофиқи нақшаи тасдиқшудаи муовинати тарбия ва фарҳанги донишгоҳ, нақшаи кафедра ва нақшаҳои иловагӣ роҳнамоӣ мешаванд.
     Баҳри хуб ба кор мондани корҳои тарбиявӣ дар байни донишҷӯён  аз ҷониби омӯзгорони кафедра ғайр аз нақшаи тасдиқгардида инчунин   оид ба мавзӯъҳои Ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, худогоҳии миллӣ, пешгирии ақидаҳои ифротгароӣ, экстремистӣ ва террористӣ  сӯҳбатҳои тарбиявӣ  гузаронида мешаванд. Инчунин оид ба   тартибу интизом дар дохили донишгоҳ, пӯшидани сару либоси  тавсиявӣ, тоза, саъю кушиш ба дарсазхудкунӣ ва иштироки донишҷӯён  дар байни донишҷӯён кор бурда мешавад.   Дар кафедра банерҳо ва овезаҳо бахшида ба «25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  (9 сентябр)» ва  «Рӯзи Ваҳдати миллӣ (27 июн)   омода шуданд.  Мувофиқи нақшаи тарбиявии кафедра бахшида ба 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кафедра  сӯҳбатҳо дар байни донишҷӯёни факултети тиббӣ дар мавзӯъи  “Шукри Истиқлол мегӯем мо” маърӯза омода намуданд.  9 сентябри соли 2016 ҳамаи кормандони кафедра дар чорабиниҳои  Ҳукумати шаҳр иштироки фаъолона намуданд. Бахшида ба “Рӯзи забони тоҷикӣ” 5 сентябр дар мавзӯи “Забони тоҷикӣ ” оид ба таърихи забон, паҳн шудани забон дар кишвархои ҳамсоя ва ҷалби нависандагону олимони олам аз тарафи донишҷуёни курси 5 факултети тибби ба забони тоҷикӣ баромад намуданд. Омӯзгорон ҷавононро баҳри азхуд кардани на танҳо забони давлатӣ балки  забонҳои  хориҷӣ низ даъват намуданд.   Дар кафедра оид ба ҷашни 22-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон   аз тарафи  омӯзгорон ба   донишҷӯёни гуруҳҳои кураторӣ  маҳфил гузаронида шуд.    Бахшида ба Рӯзи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу Ваҳдат  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ  Раҳмон 16 ноябр дар байни донишҷуёни гуруҳҳои кураторӣ дар мавзӯи “Дастовардҳои  миллати тоҷик   дар солҳои истиқлолият таҳти роҳбарии  Пешвои миллат ”  сӯҳбатҳои тарбиявӣ гузаронида шуд.
    Корҳои илмию-тадқиқотӣ
Корҳои илмӣ тадқиқотии кафедра айни замон дар мавзӯи  “Омӯзиши нишондиҳандаҳои генетикӣ ва демографии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон” (2011-2016) ба анҷом расидаи стодааст. Зери роҳбарии мудири кафедра унвонҷӯёни кафекдра Николаева В.В ва Ризоева О.А корҳои илми тадқиқотӣ анҷом додаистодаанд. Мавзӯъҳои илмиашонро тасдиқ ва имтиҳонҳои минумумро супоридаанд. Зиёда аз 15 мақола ва фишурдаҳо аз чоп бароварданд. 
 
Фаъолияти нашрии кафедра   дар 5 соли охир (2012-2017с.):
Фаъолияти илмии кафедра
Номгӯй
Миқдор
1
Монография
3
2
Патент (ихтироот)
-
3
Пешниҳоди навоварӣ
-
4
Мақола дар маҷаллаҳои Тоҷикистон
28
5
  - аз он ҷумла дар маҷаллаҳои ВАК (ҳамагӣ)
16
6
Мақола дар хориҷи кишвар (ҳамагӣ)
11
7
   - аз ҷумла дар маҷаллаҳои ВАК
8
8
Фишурдаҳои дар ҳудуди Тоҷикистон чоп шуда
12
9
Фишурдаҳои дар хориҷи кишвар
5
 
 
Тайёр намудани кадрҳои илмӣ
Унвонҷӯёни номзади илмҳои биология
 
Ному насаб
Роҳбари илмӣ
Соли таҳсил
1.
Каримова И.С
 
2006-2010
2.
Чориев С.А
Устоев М.Б., Холбегов М.Ё
2008-2011
3.
Николаева В.В
Холбегов М.Ё
2014-2017
4
Ризоева О.А
Холбегов М.Ё
2015-2018
5
Шахсуфбекова О.Н
Азонов А.А
2015-2018
 
 
Мукофотҳои кормандони кафедра
 
Холбегов М.Ё. – «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (соли 2014)
 
Баҳромов А.М. – «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (соли 2015)
 
Бурҳонова З.У. – «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (соли 2016)
 
Ашуров А.Т. – «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (соли 2016)