Loading...
АСОСӢ
Кафедраи бемориҳои дарунии №3

 Диданд: 0

Кафедраи бемориҳои дарунии №3

Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе, х.Сомонӣ 59, Маркази миллии тиббӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, бинои 6-ум, ошёнаи сеюм
Tелефон: 918 76-24-94, e-mail: 10@tajmedun.tj
Мудири кафедра
д.и.т., профессор Мустафакулова Намуна Ибрагимовна
 
Таърихи кафедра
Дар донишгоҳи давлатии тибби Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино 17 августи соли 1942 (фармони № 135) кафедраи терапияи госпиталӣ (ҳоло кафедраи бемориҳои дарунии №3 ДДТТ) таъсис ёфт. Аз сентябри соли 1942 то октябри 1944 роҳбари кафедра профессор В.Ю. Иоффе буд.
Баъдан мудирятро (1944) дотсент Кулматов, профессор П.М. Степанов (1946-1948),дотсент А.М. Диковскй (1948-1949), профессор Баркаган (1940-1953), профессор Х.Х. Мансуров (1953-1954), дотсентБаркаган З.С. (1955-1960), профессор Х.Х. Мансуров (1961-1974) ба ӯҳда доштанд.
Аз соли 1974 то 1990 сол мудири кафедра корманди шоистаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ҷамъияти илмии терапевтон ва кардиологони ҷумҳурӣ профессор М.Х. Бобохоҷаев буд. Бо роҳбари ӯ 19 рисолаи номзадӣ ва 2 рисолаи докторӣ ҳимоя карда шудаанд. 
Аз соли 1991 то соли 2015 профессор, аълочии тандурустии СССР, барандаи мусобиқаи сотсиалисти СССР, аълочии маъорифи ҶТ, кормандишоистаи ҶТ У.Р. Расулов сарвари кафедра буд. У бо медали «Шавқат» мукофотонида шудааст. Кафедра дар назди шӯъбаҳои бемориҳои дарунии ММТҶТ воқеъ мебошад.
Аз соли 1992 номи кафедраи бемориҳои дарунии №1 буд барои субординаторҳо бо самти сайёри ҳарбӣ буд, ҳоло номи кафедраи бемориҳои дарунии №3 мебошад. Дар кафедра донишҷӯёни курси 6 дарс меомӯзанд. Инчунин дар кафедра терапияи сайёри ҳарби донишҷӯёни курси 4 факултаи НТҶ ва курси 5 дигар факултаҳо дарс мегузаранд.
Мувофиқи нақшаи КИТ кафедра солҳои 1991 то 1993 дар мавзуи: «Паҳншавии коркади стандартҳои усулҳои ташхис ва таъсири табобат ба узвҳои дохили ҳангоми гемобластозҳо» корҳои илми мегузаронид. Аз соли 1994 то 1998 кафедра дар мвзуи: «Хусусиятҳои клиникӣ ва морфологии гломерулонефритҳо дар сокинони иқлими хушк ва гарми ҷануби Тоҷикистон» тадқиқот гузаронид. 
Кормандони кафедра зиёда аз 1500 таълифоти илмӣ, аз он ҷумла 35 пешниҳоди методӣ, маҷмӯи корҳои илмии кафедра ва 5 монография аз чоп баровардааст. Соли 2012 китоби дарсӣ «Курси лексияҳо аз фанни бемориҳои дарунӣ» бо забони давлатӣ ва забони русӣ таҳия гардидааст. 
Кормандони кафедра дар съездҳо, симпозиумҳо ва конференсияҳо баромад кардагӣ ҳастанд. Ҳоло хатмкунандагони кафедраи бемориҳои дарунии №3 дар ҳар кунҷу канори кишвар ва берун аз он дар мамлакатҳои СНГ, Германия, Афѓонистон ва дигар мамлакатҳо кор ва фаъолият мебаранд.
Кафедра доимо бо ташкилотҳо пеш барии пажуҳишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотии Руссия, Қазоқистон, Қирѓизистонва Чин ҳамкорӣ мекунанд.
Солҳои 2009-2014 кафедра корҳои илмӣ дар мавзӯи: «Хусусиятҳои равиши клиникӣ ва табобати бемориҳои дарунӣ» бурдааст. 
Аз соли 2015 то ҳол мудири кафедраи бемориҳои дарунии №3 д.и.т., дотсент Мустафақулова Н.И. мебошад. Яке аз проблемаҳои илмии кафедра ҳоло «Такмили усулҳои муайян созии омилҳои хатарнок, саририят ва табобати бемориҳои дарунӣ бо назардошти хусусиятҳои минтақавии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аст. Бо роҳбарии д.и.т. Мустафақулова Н.И. 3 рисолаҳои номзадӣ ҳимоя шудаанд ва 5 унвонҷуй корҳои илмӣ бурда истодаанд. 
Кори ташкилоти илмии донишҷӯён дар кафедра хеле фаъол буда доимо конфронсҳои илмӣ ва кори тарбиявӣ бурда мешавад. Ҳоло бо роҳбари имудири кафедра д.и.т.  Мустафақулова Н.И. кормандони кафедра н.и.т., дотсент Хоҷиева Г.Б., н.и.т., дотсент Ганиева М.П., н.и.т. Уроқов К.З. ва унвонҷуи кафедра Кароматова Т.И. дар болои лоиҳаи «Омилҳои хатарнок, хусусиятҳои равиши клиникӣ ва табобатию ташхисӣ лейкозҳои шадид ва музмин бо назардошти хусусиятҳои миқёсии ҶумҳурииТоҷикистон» кор бурда истодаанд.