Loading...
АСОСӢ
Кафедраи анестезиология ва реаниматология

 Диданд: 0

Кафедраи анестезиология ва реаниматология

 
Суроғаи кафедра: хиёбони И.Сомонӣ 59, МД ММТ ҶТ бинои 5-ум ошёнаи 2-юм
7@tajmedun.tj тел.корӣ: 2-36-34-84
 
Мудири кафедра н.и.т., дотсент Ахмедов Ҷамолиддин Ахмедович
 
Таърихи кафедра
       Анестезиология ва реаниматология илми ҷавон, зудтараққӣ кунанда ва мустақил мебошад. Бо вуҷуди ҷавон буданаш ба тараққиёти илми тиб таъсири калон расонид.
      Ба тараққиёти илми анестезиология ва реаниматология ва хизматрасонӣ дар Ҷумҳурии мо кушодашавии курси анестезиология ва реаниматология дар соли 1971 замина гузошт, ки дар соли 1974 ба кафедраи анестезиология ва реаниматология табдил дода шуд. Ташкилотчӣ ва роҳбари он доктори илми тиб профессор Муродов Мухтор Қодирович буд. Асистентҳои аввали кафедра номзади илми тиб, сипас доктори илми тиб А.В. Воҳидов, номзади илми тиб В.И. Фисечко, номзади илми тиб С.П. Езеев, номзади илми тиб Ҷ.А. Ахмедов ва номзади илми тиб Ҷ.Б. Ҳамидов буданд, ки дар тараққиёти анестезиология ва реаниматология саҳми босазо гузоштанд.
     Кормандони кафедра аз рӯзи аввали фаъолияташон барои тайёр кардани духтурони баландсифати анестезиологҳо ва реаниматологҳо, ки муассисаҳои тиббии Ҷумҳуриамон ба онҳо ниҳоят эҳтиёҷ доштанд, саҳми босазо гузоштанд. Дар кафедра омода сохтани табибони анестезиолог ва реаниматолог ба таври нақшавӣ гузаронида мешуд, ки дар сатҳи замонавӣ касби худро аз худ намуда буданд. Дарсомӯзии ин фан дар тамоми факултетҳо ба роҳ монда шуда буд,зеро табибони дигар соҳаҳо гузаронидани ёрии аввалин ва табобати вусъатнок ҳангоми ҳолатҳои терминалиро гузаронида тавонанд.
    Бо ширкати фаъоли  кормандони кафедра  дар Ҷумҳурӣ соли 1973-юм ҷамъияти илмӣ-амалии  анестезиологҳо ва реаниматологҳо ташкил карда шуд,ки дар кори он дастовардҳои охирини илмӣ, баромадҳо оиди масъалаҳои мубрами беҳискунӣ ва табобати вусъатнок, санҷиши пешакии диссертатсияҳо гузаронида мешуданд, инчунин таҳлили фаъолияти шуъбаҳои анестезиология ава реаниматология, сабабҳои оризаҳое,ки ҳангоми беҳискунӣ ва баъд аз он баамал омадаанд, дида баромада мешуданд. Алалхусус ҳолатҳои ниҳоят вазнин дар вақти  реаниматсия ва табобати вусъатнок намоиш дода мешуданд.
    Дар кафедра корҳои илмӣ-тадқиқотӣ вобаста ба масъалаҳои ташхис, асоси пешгирӣ ва биокимиёвии табобати вусъатнок ва  барқарорсозии вайроншавии гомеостаз бурда мешавад. Солҳои 1970-1980 дар кафедра якчанд корҳои диссертатсионӣ оид ба ташхис, пешгирӣ ва табобати норасоии нафас дар беморони ҷарроҳӣ омода ва ҳимоя карда шуданд(А.А. Лебедев, В.И. Фисечко, Н.М. Шкляр, А.В. Воҳидов, С.П. Езеев).
     Солҳои 1990-1997 кормандони кафедра корҳои илмӣ - тадқиқотӣ оид ба масъалаҳои ташхис ва табобати вусъатноки диққи нафасро гузарониданд. Ба ин мавзӯъ корҳои диссертатсионии Р.М. Эркаев, Ю.Н. Бадридинов, Ҷ.А. Ахмедов, И.Ф. Давронов, Ҷ.Б. Ҳамидов, А.А. Аминов бахшида шудаанд. Инчунин ба ин мавзӯъ монографияҳои М.К. Муродов “Интенсивная терапия асматических состояний”, “Гелиокс в интенсивной терапии дыхательной недостаточности”, “Диагностика и лечение милиарного ателектаза лёгких” ,”Ошибки и опасности лечения асматического статуса”. Дар қатори инҳо китоби дарсӣ барои донишҷӯён ва давраи васеъи хонандагон “Асрори кушодани банди аҷал” ва як қатор дастурамалҳои методӣ дар ҳамкорӣ бо кормандони кафедра бароварда шуд.
      Маротибаи аввал дар ҶШС Тоҷикистон соли 1979 дар кафедра ба омӯзиши фаъолияти ғайригазии шушҳо дар беморони терминалии акушерӣ-гинекологӣ, ки ба норасоии шадиди гурдаҳо дучор шудаанд, садамаи вазнини косахона ва мағзи сар, синдроми респираторӣ-дистресии калонсолон ва беморони септикӣ шурӯъ карда шуд. Натиҷаи тадқиқотҳо, муайянсозии ташхис, пешгирӣ ва бартарафсозии вайроншавии фаъолияти ғайригазии шушҳо ба пастравии фавти беморон оварда расонид. Ба ин мавзӯъ корҳои дисертатсионии М.Г. Шаропов, Ҷ.А. Шамсиев, З.Ф. Тағоҷонов, А.В. Воҳидов бахшида шудаанд.
    Натиҷаи ҳамкории илмӣ - тадқиқотӣ бо дигар кафедраҳо, ки ба табобати беморони сӯхта ва ҷарроҳии шуши кӯдакон бахшида шудаанд, ба корҳои диссертатсионии Ҳ.К. Нурмуҳамадов, Р.Р. Рофиев, Т.А. Абдуфатоев таалуқ доранд.
    Дар муддати 20 соли охир кормандони кафедра оиди ҷорӣ намудани усулҳои нави детоксикатсионӣ: гемодиализ, гемосорбтсия, ултрафилтратсия ва нурафшонии ултрабунафши (НУБ) хун, ки дар табобати ҳолатҳои терминалӣ бо муваффақият истифода карда мешаванд, саҳми калон доранд.
    Якҷоя бо кормандони донишкадаи илмӣ - тадқиқотии кимиёи АУ ҶТ дар кафедра зери роҳбарии М.Қ. Муродов гемодиализи гидрогелевӣ омода ва дар амал ҷорӣ карда шуд, ки дар натиҷа профессор М.Қ. Муродов сазовори ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино гардид.
     Дар муддати фаъолияти кафедра зиёда аз 20 рисолаи номзадӣ ва 3 рисолаи докторӣ, зиёда аз 550 корҳои илмӣ, ки аз он 6 монография, 10 китоби дарсӣ ва 10 дастурамали методӣ бароварда шуд.
    Кормандони кафедра иштирокчиёни доимии ҷамомадҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ мебошанд. Бо иштироки фаъоли кормандони кафедра дар Ҷумҳурии мо конферентсияи якум(1978) ва дуюми(1987) Ҷумҳуриявии анестезиологҳо ва реаниматологҳо гузаронида шуд.
    Роҳбарии кафедраро аз соли 1997 н.и.т. Ҷ.А. Ахмедов ба ӯҳда дорад. Зери роҳбарии ӯ корҳои таълимӣ-методӣ, табобатӣ-машваратӣ ва илмӣ - тадқиқотӣ дар мавзӯъи “Табобати вусъатнок ва реаниматсияи ҳолатҳои терминалӣ ҳангоми садамаи вазнини омехтаи косахона ва мағзи сар” корҳои диссертатсионӣ бурда мешавад.
     То давраи ҳозира аз ҷониби мудир ва кормандони кафедра чунин китобҳои дарсӣ бароварда шудаанд:
  1. Интенсивная терапия и реанимация при терминальных состояниях.
  2. Интенсивная терапия и реанимация при критических состояниях.
  3. Нарушения водно-электролитного обмена и их коррекция.
  4. Общее обезболивание.
  5. Частная анестезиология.
  6. Асосҳои анестезиология ва реаниматсия.
  7. Беҳискунии ҷӯзъӣ .
                        Дастурамалҳои методӣ:
  1. Интенсивная терапия и реанимация в акушерстве.
  2. Интенсивная терапия и реанимация судорог и эпилептического статуса.
  3. Методы коррекции водно-электро литного баланса и кислотно-щелочного состояния.
  4. Интенсивная терапия и реанимация при инсультах.
 
 
Корҳои муолиҷавӣ- машваратии кафедра
           Мудири кафедра,профессор Ахмедов Ҷ.А. якҷоя бо  кормандони кафедра ва табибони шуъбаи анестезиология ва
      реаниматсияи МД ММТ ҶТ маҷлиси пагоҳирӯзиро мегузаронад.
Профессори кафедра  Воҳидов А.В. ва дотсенти  кафедра Хокироев Т.З. интихоби намуди беҳискунии беморони нақшавиро машварат менамоянд.Ассистентҳо Қуватов Ш.Қ. ва Раҳимов Н.Г. беморони шуъбаи ҷарроҳии асаб ва асабро машварат медиҳанд.
                       Корҳои илмӣ-методии кафедра
     Корҳои тадқиқотии кафедра дар поягоҳи муассисаи давлатии маркази миллии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон (МД ММТ ҶТ) гузаронида мешавад. Кормандони кафедра бо ҳамроҳии ординаторҳои клиникӣ корҳои илмӣ - тадқиқотӣ бурда, дар натиҷаи он мақолаву фишурдаҳо дар матбуоти гуногуни илмӣ ба табъ мерасонанд. Ба ғайр аз ин кормандони кафедра бо ҳамроҳии ординаторҳои клиникӣ дар кори конфронсҳои илмӣ-амалӣ ва анҷуманҳои миқёси ҷумҳуридошта иштироки фаъол доранд.
       Самтҳои асосии илмии кафедра дар солҳои 2013-2017
Мавзӯъ:”Бартарафсозии гомеостаз ҳангоми садамаи вазнини косахона ва мағзи сар”.
Муҳимият: ҷабрдидагоне, ки мубталои садамаи вазнини косахона ва мағзи сар ва дигар осебҳо гаштаанд, яке аз гурӯҳи мураккаби беморон аз лиҳози ташхис ва табобат ба шумор мераванд. Ҳангоми садамаи омехта, осебҳои ғайри косахонаи сар ба муҳимияти патогенетикии садамаи косахона ва мағзи сар таъсир расонида, ҳолати ҷабрдидаро аз сабаби хунравии зиёд ва фарорасии садма вазнинтар мегардонад. Гипоксия, гиперкапния, вайроншавии гардиши хун дар мағзи сар ва хунравии зиёд ба вайроншавии фаъолияти мағзи сар ва фишороварии марказии нафас, ки дар натиҷа зарарёбии ғайри махсуси шушҳо ба амал омада, ба норасоии шадиди нафас дар беморони садамаи вазнини омехта оварда мерасонад. Ин чиз дар 20-30% беморон, ки марҳилаи вазнини садмаро гузаронидаанд, мушоҳида карда мешавад (В.А. Неговский, А.М. Гуревич, 1979 сол; Г.Г. Радзивил, А.М. Мусарёв, 1980 сол). Мувофиқи нишондоди бисёрии муаллифон (В.Л. Кассиль, 1981 сол, Е. Колесникова, 1992 сол) дар ҷабрдидагони садамаи омехта бо хунравӣ “садмаи шушҳо” вобаста аз марҳилаҳо сабаби асосии фавти беморон гашта, аз 20 то 90%-ро ташкил мекунад.
    Аз таҳлили натиҷаҳои тадқиқот мунтазирем, ки имконияти табобати дурусти вусъатнок ихтиёр карда мешавад ва сатҳи фавти чунин беморон ба маротиб кам мегардад.
           Дастовардҳои кафедра дар давраи солҳои 2010-2017
 Кормандони кафедра 2 китоби дарсӣ бо забони давлатӣ ба табъ расониданд:
  1. Асосҳои анестезиология ва реаниматсия (Душанбе 2010, 237 саҳ.).
  2. Беҳискунии ҷузъӣ (Душанбе 2011, 236 саҳ.).
                
                                Дастурамали методӣ:
1. Интенсивная терапия и реанимация в акушерстве (Душанбе 2011, 26 саҳ.).
2. Интенсивная терапия и реанимация в акушерстве ( Душанбе 2011, 12 саҳ.). 
3.Методы коррекции водно-электро литного баланса и кислотно-щелочного состояния (Душанбе 2011, 20 саҳ.).
4.  Интенсивная терапия и реанимация при инсультах ( Душанбе 2012, 30 саҳ.).
    Ба ғайр аз ин зиёда аз 80 мақолаву фишурдаҳо дар матбуоти илмӣ-тадқиқотии гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ба табъ расидаанд.
    Дар замони ҳозира дар кафедра кормандони зерин фаъолият доранд: мудири кафедра Ахмедов.Ҷ.А.,профессори кафедра Воҳидов А.В., дотсенти кафедра ва ассистенти таълимӣ Хокироев Т.З., ассистенти хоҷагӣ Қуватов Ш.Қ.,ассистент оид ба корҳои тарбиявӣ Раҳимов Н.Г., ассистентҳои ҳамкор Қодирова Д.Д., Сафаров О.З. ва Нуров  А.П. Сарбории кафедра 5,75 воҳиди кориро ташкил медиҳад.