Loading...
АСОСӢ
Кафедраи бемориҳои кӯдаконаи №2

 Диданд: 0

Кафедраи бемориҳои кӯдаконаи №2

Cуроға: ш.Душанбе, МДММТҶТ, к. И. Сомони 59, бинои 11, кафедраи бемориҳои кӯдаконаи №2,
тел.: 236-92-92, e-mail: 12@tajmedun.tj
Мудири кафедра д.и.т., профессор Исмаилов Комилҷон Исроилович
 
 
Таърихи кафедра
Таърихи  кафедраи бемориҳои кӯдаконаи  аз соли 1959 оғоз меёбад. Дар ин сол дар заминаи бинои соматикии кӯдаконаи беморҳонаи клиникавии  чумхуриявии № 3 ба номи  А.М.Дяков  кушода шуд.
Мудири аввалини  кафедраи бемориҳои кӯдакона  доктори илмҳои тиб, профессор Г.Е.Левина дар соли дар соли 1959 интихоб шуд. Бо  сарварии Левина Г.Е.  6 рисолаҳои номзадии дар мавзуҳои  актуалии педиатри дар Тоҷикистон дифоъ карда шуд(А.Х. Халилова, С.М. Мухаммадиева, А.М. Миракилова, С.М. Кабулова).
Якум ассистентҳо дар кафедра С.М. Кабулова, А.М. Миракилова, М.Ш. Мухамадиева,    М.Ш., Расовская, Э.А. Немировский будан.  
Дар давоми фаолияти худ факултаи педиатри  кафедраи педиатрияи госпиталиро таъсис намуд.
Аз соли 1968 ба хайси рохбарии кафедра доктори илмхои тиб, профессор   Е.А.Надеждина  пешниҳод карда мешавад.
Бо ташаббуси Е.А.Надеждина дар базаи кафедра шӯъбаҳои кардиолоҷӣ, измоишгохи ревматолоҷӣ ва иммунолоҷӣ ташкил шуд, ки самти назарияи  илмиро пурзӯр гардонид . Корҳои илмӣ – тадқиқотии кафедра проблемаҳои иммуногенези ғайрисироятиро дар кӯдакони гирифтори бемориҳои системавӣ дар бар мегирифт.  Дар зери    роҳбарии ӯ дар давоми 5 сол 8 рисолаи номзадӣ дифоъ карда шуд (Н.Т. Мансурходжаева, Н.Н.Негматуллина, И.Б. Крейтнер, Г.А. Лутская). 
Зиёда аз 120 кори илмӣ, 3 монография оид ба бемории ревматизм дар кӯдакон  аз чоп баромад. 
Аз соли 1974 ба ҳайси роҳбарии кафедра доктори илмхои тиб, профессор Мирақилова М.М. (1974- 2004) пешниҳод карда мешавад. 
Бо ташабусси  А.М.   Мирақилова гурӯҳҳои неонатолог- субординаторҳо ташкил шуд. Соли 1981 дар кафедраи педиатрия курси баланд бардоштани тахассус барои педиатрони Ҷумхурӣ ташкил карда шуд ва ассистентон номзадии илми тиб Рыжкова И,Б., Тоҷибоева  З.А. кор мекарданд. 
Оғоз аз соли 1990 дар кафедраи педиатрия зери роҳбарии Мирақилова М.М. корҳои илмӣ – тадқиқотӣ дар самти неонатология ва гематология ҷараён гирифт. Кормандони кафедра рисолаҳои илмии худро дифоъ намуданд (Бахмут Е.В. «Внутриутробное инфицирование вирусом краснухи» 1990с., Бузрукова Н.Д. «Эпидемиология и диагностические критерии цитомегаловирусной инфекции у новорожденных  детей» 1992с., Олимова К.С. «Прогноз и метаболическая терапия перинатальной патологии в Таджикистане» 1992с., Исаков О.М. «Эффективность восстановительного лечения детей с бронхиальной астмой в горноклиматических условиях Таджикской ССР» 1991с., Умарова Д.С. «Инфицированность вирусом гепатита В и С новорожденных в регионе с широким распространением  НВ-вирусной инфекции» 1995с.
Кафедра доимо дар бораи тайёрии мутахассисҳои илмӣ-педагогӣ дар марказҳои илмии марказӣ диққати махсус медод. Бо пешниҳоди кафедра дар институти илмӣ-тадқиқотии Педиатрии Академияи илмии тиббии федерацияи Россия дар  шаҳри Москва аспирантон  Б.М. Ҳадаров (Особенности гипертрофической кардиомиопатии у детей,1987), Г.Х. Саидмурадова («Маловесные дети» - клинико-социальные исследования» бо баҳодиҳии инкишофи ҷисмонии навзодони шаҳри Душанбе, 1990) ва З.А. Муҳитдинова («Этиологическая роль внутриутробных смешанных вирусных инфекций в неонатальной патологии», 1991) диссертатсияҳои номзадии худро дифо намуданд.
Кормандони кафедра диссертатсияҳои докториро оиди саволҳои реабилитатсияи кӯдакони бемориҳои системавии хун дошта аз тарафи Исмоилов К.И. («Адаптационные возможности кардиореспираторной системы в различные сроки ремиссии онкологических заболеваний») дар соли 1994 ва Джураев М.Н. «Лекарственная аллергия в детском возрасте»  дар соли 1997 дифо карданд . 
Аз соли 2004 то имрӯз ин вазифаро доктори илмҳои тиб, профессор  Исмаилов Комилҷон Исроилович ба зимма дорад. 
Имрӯз кафедраи бемориҳои кӯдаконаи № 2 дар бинои 11 ММТ ҶТ, ки барои бемориҳои соматикии кӯдакон таҷҳизонида шудааст (211 кат), ҷойгир аст. Дар беморхона чунин шӯъбаҳои махсус вуҷуд доранд: бемориҳои кӯдакони навзод, кӯдакони ширмак, кардиоревматологӣ, гематологӣ, пулмонологӣ, карантинию ташхисӣ ва шӯъбаи муолиҷаи интенсивӣ-эхёгарӣ (11 кат). Дар беморхона ҳуҷраҳои ташхиси функcионалӣ, рентгенӣ ва физиотерапевтӣ фаъолият доранд. Заминаи клиникии кафедра имконияти иҷро намудани барномаҳои таълимии курсҳои V, VI ва магистрҳоро дорад. Кафедра дорои толори лексионӣ барои 100 нафар  донишҷӯён, 11 утоrҳои таълимӣ барои 10 -12 нафар  донишҷӯён ва лаборатория мебошад.
Донишҷӯён аз ҷараен ва намудҳои бемориҳои асосии синни хурдсоли, аз давраи навзодӣ то калонсолии кӯдакона бархурдор шуда, сабаб, тарзи пайдоиш,  тасниф, равиши беморӣ, намуди табобат, роҳҳои пешгирӣ, малакаҳои ёрии таъҷилиро ҳангоми ҳолатҳои ниҳоят вазнин   аз худ менамоянд. 
Мавзӯи ташаббусии кафедра: «Ҳолати системаи кардиореспиратирӣ дар кӯдакони дорои бемориҳои гуногуни соматикӣ».  Дар тӯли ин солҳо зиёда аз 280 корҳои илмӣ чоп карда шудааст, аз он ҷумла дар маҷмӯаҳои давлатҳои хориҷи дур ва наздик. 
Дар зери рохбарии Исмаилов Комилҷон Исроилович 5 рисолаи номзадӣ дифоъ карда шуд. (Давлатова С.Н. «Адаптационные возможности сердечно-сосудистой системы у      детей с анемиями»., Зоирова М.А. «Особенности адаптации детей с перинатальным поражением ЦНС к школе». Рахимова Н.Н. «Состояние здоровья детей раннего возраста с перинатальным поражением ЦНС». Кудратова С.Н. «Особенности гомеостаза у детей раннего возраста с острыми бактериальными пневмониями». Ходжаева Н.Н. «Клинико-иммунологические особенности у детей с НГА и ЖДА»
 
Заминаи  клиникӣ ва кадрҳои кафедра

Кафедраи бемориҳои кӯдаконаи № 2 дар бинои 11 ММТ ҶТ, ки барои бемориҳои соматикии кӯдакон таҷҳизонида шудааст (211 кат), ҷойгир аст. Дар беморхона чунин шӯъбаҳои махсус вуҷуд доранд: бемориҳои кӯдакони навзод, кӯдакони ширмак, кардиоревматологӣ, гематологӣ, пулмонологӣ, карантинию ташхисӣ ва шӯъбаи муолиҷаи интенсивӣ-эхёгарӣ. Дар беморхона ҳуҷраҳои ташхиси функcионалӣ, рентгенӣ ва физиотерапевтӣ фаъолият доранд.                                                       
Заминаи клиникии кафедра имконияти иҷро намудани барномаҳои таълимии таҳсилоти тодипломӣ (курсҳои V, VI) ва баъдидипломиро (интернахо, ординаторхо, магистрҳоро) дорад. Кафедра дорои толори лексионӣ барои 150 нафар  донишҷӯён, 13 утоrҳои таълимӣ мебошад. Толори лекcионӣ дар бинои номбаршуда ҷойгир буда, пурра таҷҳизонида нашудааст. Дар давоми 5 соли ҳисоботӣ барои кафедра таҷҳизотҳои мавҷудаи номбаршуда дастрас карда шуд.                                                
                         
Ҳайати омӯзгорони кафедра

Штатҳои кафедра аз 13,0  воҳид таuйир ёфт .
Ҳайати муаллимони кафедра аз 13  нафар устодон иборат мебошад, аз он ҷумла: 2 нафар д.и.т, профессорон, 7 – номзадҳои илмҳoи тиб (4 нафари онҳо дотсент), 7 – ассистентон (5 нафар  мавзӯи рисолаи номзадиро тасдиr намуданд).

Фаъолияти таълимии кафедра

Дар давоми давраи ҳисоботӣ  дар кафедра донишҷӯёни курси VI, донишҷӯёни курси V факултаи тиббӣ  ихтисоси педиатрияро омӯхтанд.
Донишҷӯёни курси VI мувофиrи барномаи корӣ ва наrшаи дар аввали соли хониш сохташуда машuулиятҳоро гузаштанд. Барои донишҷӯёни курси VI наrшаи гузаштани машuулиятҳои силсилавӣ тайёр карда шудааст. Дар муддати гузаштани сикли педиатрия донишҷӯён дар шуъбаҳои бемориҳои кӯдакона дониш омӯхтанд. Дар ин ҳолат онҳо дар статсионар 1 маротиба ҳамчун ёрдамчии духтурони навбатдор иштирок намуданд. Онҳо рӯзномаҳо навишта, оиди навбатдорӣ дар конференсияи пагоҳирӯзӣ ҳисобот медиҳанд, дар ваrти азназаргузаронии беморон иштирок намуда, беморонро маърӯза мекунанд. Дар давоми сикл онҳо мустаrилона 2 – 3 беморонро назорат менамоянд. Дар охири сикл бо донишҷӯёни курси VI дарси хотимавӣ ва санҷишӣ бо иштироки мудири кафедра ва ё дотсентон гузаронида мешавад. 
Донишҷӯёни курси V мувофиrи барномаи корӣ ва наrшаи дар аввали соли хониш сохташуда машuулиятҳоро гузаштанд.Онҳо дар клиника хусусиятҳои ҷараёни бемориҳои кӯдакони расо ва норасо, патологияҳои модарзодӣ, ташхиси дифференсиалӣ, муолиҷаи синдромӣ ва инчунин хусусиятҳои клиникӣ, ҷараён, ташхиси дифференсиалӣ, табобати бемориҳои системаи хунро меомӯзанд.
 
 Фаъолияти табобатӣ ва ташхисӣ

Заминаи клиникии кафедра дар бинои 11 ММТ  ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир буда, барои 166 кат пешниҳод карда шудааст. Дар  он шӯъбаҳои кардиоревматологӣ (30 кат), гематологӣ (30), бемориҳои кӯдакони навзод (40), пульмонологӣ (30), бемориҳои кӯдакони ширмак (30) ва муолиҷаи интенсивию эҳёгарӣ (11 кат) фаъолият.
Шахси мутасаддӣ барои кори табобатӣ дотсент Таджибаева З.А. мебошад.