Loading...

2017-10-27 /  Автор:Editor/  Диданд:192

Эълон

img

Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳуии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳуии Тоҷикистон ҷиҳати дарёфти ҷавонони лаёқатманду навовар озмуни ҷумҳуриявиро миёни навоварон ва ихтирокорони ҷавон таҳти унвони «Беҳтарин лоиҳаи инноватсионӣ (навоварӣ)» марбут ба рушди илм ва татбиқи навоварӣ бо мақсади пешрафти ҷомеа бахшида ба «Соли ҷавонон» эълон менамояд. 
Малумоти иловагӣ аз Тартиби баргузории озмуни ҷумҳуриявии навоварон ва ихтироъкорони ҷавон зери унвони «Беҳтарин лоиҳаи инноватсионӣ (навоварӣ)» дар поён оварда шудааст.


Талаботҳо барои иштирокчиёни озмун:

Барои иштирок дар озмун довталабон бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд:
- ариза ба унвони Роҳбари ташкилкунандагони озмун;
-  нусхаи шаҳодатномаи таваллуд ё шиноснома:
- тарҷумаи ҳоли иштирокчӣ:
- матлумот оид 6a лоиҳаи пешниҳодшавнада, ки хусусияти навоварӣ ё ихтирокорӣ дорад (дap якчоягӣ бо суратҳо, нақшаҳо ва дигар маводхо дар шакли матн), аз он чумла: лоиҳаҳои инноватсионие. ки барои бехтар кардани соҳаи техника, технология, кор, хизматроасонӣ ё идоракунӣ, коммуникатсия пешбинӣ гардидаанд. инчунин лоихахоми инноватсионӣ ва ихтирооте, ки ба сохаи кимиё, механика, физика, металлургӣ, тиб, бойторӣ, гармидиҳӣ ва саноати хурокворӣ на ғайpa таалуқ доранл.
Лоиҳаҳои бехтарини инноватсионнӣ (навоварӣ) бо нишон додани мақсад, натиҷаи амалигардӣ, сахм дар пешрафти иқтисодиёти кишвар ба буҷети татбиқшавӣй бояд пешниход гардад;
Лоиҳаҳо вобаста ба соҳаҳоӣ гуногун аз ҷумла: кимиё, тиб, механика, физика, байторй, металлургия, гармидихӣ, саноати хӯрокворӣ ва дигар сохаҳо бояд пешниҳод карда шаванд;
Вокеияти татбиқи лоиҳаҳои пешниҳодгардида бо далелҳои реалӣ ва мутобиқ ба шароити имрӯза асоснок карда шаванд: Лоиҳаҳои инноватсионнӣ дар шакли чопӣ ва макет (аёният) қабул карда мешаванд.
Мӯҳлати қабули лоиҳаҳои инноватсионнӣ то санаи 1 декабри соли 2017 мукаррар гардидааст.

Талаботҳои ихтиёрӣ оид ба лоиҳаҳои пешниҳодшаванда


Ба дархосги довталаб хуҷҷатҳои зерин ҳангоми мавҷуд будан замима мегарданд:
- тавсифи лоиха (бо дарназардошти маълумот дар бораи талабот оиди амалишавӣ);
- тахлилӣ - маркетингӣ (маълумот дар бораи рақибони асосӣ ва ҳаммонандиҳо):
- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқ ба объектоҳои моликияти зеҳнӣ (хангоми мавҷудияти он). Дар сурати мавҷуд будани якчанд муаллифон ба натиҷаи фаъолияти зехнӣ, розигии онҳхо оид ба интирок дар озмун замима мегардад;
- бизнес - накқшаи лоиҳа;
- нақшаи тақвимии иҷрои корҳо:
- тақдими лоиҳа.
Дар ҳолати имконназири маълумотҳои пурракунандаи лоиҳаҳо бо шакли электронӣ (тавассути почтаи электронӣ, гирдаҳои оптикӣ, CD, DVD ва ғайра) низ қабул карда мешаванд.

Иҷрокунандагон:

- Раёсати кор бо ҷавонони Кумитаи ҷавонон ва варзиш
 - Сохторҳои маҳалии Кумита дар шаҳру ноҳияҳо.

Гурӯҳҳои мақсаднок

Ҷавонони аз 14-30 сола

Комиссияи озмун


Барои гузаронидани озмун ва ҷамъбасти натиҷаҳо Комиссияи озмун таъсис дода мешавад. Раис, аъзоён ва котиби Комиссия дар асоси Фармоиши ташкилкунандаи озмун таъсис дода мешавад. Аъзоёни Комиссия озмун аз ҳисоби намояндагон вазорату идораҳо вобаста ба самтҳо иборат мебошад.

Вазифаҳои комиссия:
- баррасии ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда ба озмун ва муайян намудани ҷоизаҳо тибқи меъёрҳои муқараршуда;
- тартиб додани протокол ва қарор оид ба натиҷаҳои озмун.
Комиссияи озмун тартиби кори худро мустақилона дар доираи тартиби мазкур муайян мекунад.
Маҷлиси Комиссияи озмун дар ҳамон вақт салоҳиятдор шуморида мешавад, агар дар он на камтар аз 3/2 ҳиссаи аъзоёни он иштирок намоянд, ё ин ки агар дар вақти овоздиҳӣ 3/2 аъзоёни он бетараф набошанд.
Қарори Комиссияи озмун аз рӯи бартарияти овози аъзои он, бо роҳи овоздиҳӣ қабул карда мешавад. Дар сурати баробар шудани овозҳо, овози Раис ҳалкунанда мебошад.

 

Комиссия аз натиҷаи баррасии ҳуҷҷатҳо протокол ва қарор бо имзои Раиси Комиссия оид ба натиҷаи озмун тартиб дода барои тасдиқ ба ташкилкунандаи озмун пешниҳод менамояд. 
Дархостхои донталабоне. ки баъд аз ба охир расидани мӯҳлати қабули дархостҳо пешниҳол шудаанд ва ё ҳуҷҷатҳое, ки ҷавобгӯи талаботи пенбининамудаи тартиби баргузории озмунн мазкур нестанд. ба баррисӣ қабул карда намешаванд.

Ҷамъбасти озмун:

Меъёрҳои интихоби ғолибони озмун бо тартиби зайл муайян карда мешаванд:
- навӣ ва актуалӣ будани лоиҳа;
- имконпазир будани татбиқи лоиҳа;
- асоснокии мақсади лоиҳа;
- мавчудияти қисми тадқиқотӣ ва озмоишии лоиҳа;
- самаранокии иқтисодии лоиҳа.
Озмуни мазкур аз ҷониби Комиссиям босалоҳият иборат аз 7 нафар. Раиси Комиссия ва аъзоён ҷамъбаст гардида, ғолибон дар арафаи чамъбасти 'Соли ҷавонон" бо Диплом ва тӯҳфахҳои хотиравӣ кадрдонӣ карда мешаванд.

Суроға

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. шаҳри Душанбе, кӯчаи Спортивная 6.
Та: (837) 235 19 53; 236 37 26; 235 10 25; 90 406 60 74 Почтаи электоронӣ: (muhsin.murodzoda@mail.ru)