Loading...
АСОСӢ
Чорабиниҳо
Ба диққати олимону муҳаққиқони ҷавон

2017-10-26 /  Автор:Editor/  Диданд:158

Ба диққати олимону муҳаққиқони ҷавон

img
Роҳбарияти Пажӯҳишгоҳи илмию клиникии стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй мувофиқи фармоиши  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи декабри соли 2017 дар Пажӯҳишгоҳ дар мавзӯи         “Масъалаҳои мубрами ташкили ҳизматрасониҳои тиббӣ дар самти стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй” мизи мудаввар баргузор менамояд. Барои иштирок мақолаҳои илмӣ то санаи 1 декабри соли равон бо ҳудуди компютери Times New Roman, андозаи 14, интервали 1,0;  мақола – 3-5 саҳифа, тезис – 1-2 саҳифаи чопӣ. Миқдори муаллифон на зиёда аз 3 нафар, аз ҳар як муаллиф то 2 мақола ё тезис гирифта мешавад. Дар нусхаи аввал имзои ҳамаи муаллифон ва роҳбари илмӣ ҳатмист. Мақолаҳо ва фишурдаи тезисҳоро ба суроғаи электронӣ pik-stomatologiya@mail пешниҳод намоед.
 
   Шуъбаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ