Loading...
АСОСӢ
Чорабиниҳо
Қабули шунавандагон ба курси 8-моҳаи Маркази омодагии қаблии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино

2017-08-29 /  Автор:Admin/  Диданд:489

Қабули шунавандагон ба курси 8-моҳаи Маркази омодагии қаблии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино

img
        ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино қабули ҳуҷҷатҳоро аз рӯи кластери 5-ум (ихтисосҳои тиббӣ, биологӣ ва варзиш) дар ш. Душанбе барои супоридани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон менамояд.
        Дар Маркази омодагии қаблӣ ҳамаи хоҳишмандон ва хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, коллеҷҳо ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, ки мехоҳанд сатҳи дониши худро баланд бардоранд,  таҳсил карда метавонанд. Дарсҳо мувофиқи барномаи таълимии тасдиқшуда аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик (тест ва эссе), таърихи халқи тоҷик ва асосҳои давлат ва ҳуқуқ, математика, химия, биология ва физика, гузаронида шуда, 8-моҳ давом мекунанд.

 

Қабули ҳуҷҷатҳо ва дарсҳои машваратӣ (консултатсия):

01.09.2017 то 30.09.2017

Оғози машғулиятҳо аз:

01.10.2017

Барои таҳсил намудан ҳуҷҷатҳои зерин лозим аст:

  1.  Шиноснома ё Шаҳодатномаи таваллуд—асл ва нусха        
  2.  Аттестат— асл ва нусха   
  3.  Маълумотномаи    тиббӣ 038/У       
  4.  Маълумотномаи ҳарбӣ—нусха           
  5.  Маълумотнома аз мактаб (барои хонандагони синфи-11)             
  6.  Расм 6-дона 3х4        
  7.  Хилъати сафед

Суроғаи мо:

Бинои ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар шаҳраки «Шифобахш» (Қарияи Боло), рӯ ба рӯйи бинои 15-и беморхонаи «Шифобахш»

Телефон барои тамос:

(+992) 907-01-00-10

E-mail: tajmedun14omodagi@gmail.com