Loading...
АСОСӢ
Чорабиниҳо
Озмун барои олимони ҷавон ва омӯзгорон

2017-08-16 /  Автор:Admin/  Диданд:1194

Озмун барои олимони ҷавон ва омӯзгорон

img
Вазорати маориф ва илми Ҷумурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки Бонки Исломии Рушд тасмим гирифтааст, ки шумораи 16 –уми Мукофоти пулии худро дар соҳаи илм ва техника эълон намояд. Бинобар ин олимони ҷавон ва омузгорону хоҳишмандон метавонанд, ки дастовардҳои худро то санаи 30 – юми ноябри соли 2017 ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумурии Тоҷикистон – Дафтари Мудири Бонки Исломии Рушд дар Тоҷикистон пешниҳод намоянд.
Маросими супоридани мукофоти пулӣ моҳи апрели соли 2018 ҳангоми гузаронидани чаласаи 43 – уми Шурои Мудирони Бонки Исломии Рушд дар шаҳри Туниси Ҷумҳурии Тунис ба нақша гирифта шудааст. 
                 
               Маълумоти иловагӣ дар Шуъбаи илм ва инноватсия
Шуъбаи илм ва инноватсия