Loading...
АСОСӢ
Чорабиниҳо
Ба диққати аспирантон, магистрон ва олимони ҷавон

2017-05-03 /  Автор:/  Диданд:1023

Ба диққати аспирантон, магистрон ва олимони ҷавон

img

Ба диққати аспирантон, магистрон ва олимони ҷавон
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалигардонии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 13 январи соли 2017, №817 “Дар бораи эълон гардидани соли 2017 Соли ҷавонон” ва иҷрои Протоколи ҷаласаи Шӯрои миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июни соли 2016, №1с/22-2 якҷоя бо оҷонсиҳои Созмони милали муттаҳид (СММ) тасмим гирифтааст, ки аз 21 апрел то 23 майи соли ҷорӣ дар 4 номинатсия дар худуди ш. Душанбе озмун эълон менамояд:
1.    Номинатсия барои мақолаю эссеи беҳтарин байни рӯзноманигорони ҷавони ВАО-и чопӣ ва электронӣ бо инъикоси Ҳадафҳои рушди устувор (ҲРУ) дар алоқамандӣ бо ҳадафҳои стратегии кишвар (синну сол: аз 18 то 35 сола);
2.    Номинатсия барои эссеи беҳтарин байни донишҷӯён ва магистрантони макотиби таҳсилоти касбии олии пойтахт оид ба Ҳадафҳои стратегии дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон (СМР) барои давраи то соли 2030 дарҷшуда ва ҲРУ;
3.    Номинатсия барои видеороликҳои кутоҳмуддати беҳтарин (то 2 дақиқа) ҷиҳати оммафаҳм шарҳ додани ҲРУ (синну сол: аз 18 то 35 сола);
4.     Номинатсия барои мақолаву маводҳои пажуҳишӣ-таҳлилӣ байни аспирантон ва олимони ҷавон доир ба ҲРУ ва нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳия ва татбиқи он (синну сол: аз 18 то 35 сола);

Довталабон метавонанд, маълумоти муфассал ҷиҳати иштирок аз шуъбаи тайёр намудани кадрҳои илмӣ ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино дастрас намоянд.

    Шуъбаи тайёр намудани кадрҳои илмӣ