Loading...

ГЛАВНАЯ
НОВОСТИ
Донишҷӯёни мо дар «Нигоҳи нав»

Донишҷӯёни мо дар «Нигоҳи нав»

2018-01-02 /  Автор:Editor /  Просмотров:86


28 декабр бо иштироки донишҷӯёни донишкадаву донишгоҳҳои пойтахт ва коршиносону мутахассисони соҳаҳои гуногун дар шабакаи ТВ «Сафина» барномаи «Нигоҳи нав», бахшида ба Соли нави милодӣ ва натиҷагирии Соли ҷавонон баргузор ва сабт гардид. Дар барномаи мазкур донишҷӯёни донишгоҳи мо фаъолона ширкат варзида, дар бораи дастовардҳои донишгоҳ дар соли 2017, аз ҷумла мавриди истифода қарор гирифтани бинои нав ва ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ дар шаҳраки Шифобахш, таъсис додани Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии фарматсия, сохтмон ва ифтитоҳи майдончаи варзишӣ барои гузаронидани бозии футболи хурд, ободу зебо гардидани атрофи биноҳои донишгоҳ ва ғайра сухан гуфта, ҳамаи ин комёбиҳоро ба Соли ҷавонон мансуб донистанд. Мавриди зикр аст, ки ровии барнома Фарзона Каримова ординатори клиники кафедраи бемориҳои дилу рагҳои донишгоҳ буда, тайи 2 сол бо ин шабака ҳамкорӣ дорад. Дар барнома, инчунин аъзои дастаи «Шифо» 4 суруди тозаэҷод манзури тамошобинон намуданд. Барномаи «Нигоҳи нав» рӯзҳои 31-уми декабр ва 1-уми январ тавассути шабакаи ТВ «Сафина» намоиш дода шуд.

Шуъбаи фарҳанг