Loading...

ГЛАВНАЯ
НОВОСТИ
Иқдоми нек дар арафаи Соли нав

Иқдоми нек дар арафаи Соли нав

2018-01-02 /  Автор:Editor /  Просмотров:373


29-уми декабри соли равон бо ташаббуси Раёсат ва Иттифоқи касабаи кормандони донишгоҳ барои кӯдакони хурдсоли омӯзгорону кормандон базми идонаи солинавӣ барпо гардид.  Чорабиниро муовини ректори донишгоҳ С.Т. Ибодов ифтитоҳ бахшида, табрикоти ректори донишгоҳро ба аҳли нишаст иброз намуд.


Сипас, давоми як соат дастаи «Шифо» бо суруду тарона ва рақсҳои зебо ҳунарнамоӣ карданд. Бобои Барфӣ ва Барфак дар рафти чорабинӣ бо иштирокчиёни хурдсол бозиҳои солинавӣ ва шеъру чистонгӯӣ намуда, ба онҳо туҳфаҳои солинавии аз ҷониби Раёсат ва Иттифоқи касабаи кормандони донишгоҳ пешбинишударо супориданд.
Дар нимаи дуюми рӯз аз ҷониби Садорати факултети тиббӣ барои беш аз 200 нафар донишҷӯёни фаъоли факултет маҳфили солинавӣ ташкилу баргузор карда шуд. Декани факултет д.и.т., профессор Ҷ. Қ. Муҳаббатов зимни суханронӣ дар бораи дастовардҳои донишгоҳ ва саҳми донишҷӯёни фаъол дар болоравии шаъну эътибори чӣ факултет ва чӣ донишгоҳ маълумоти судманд манзури ҳозирин намуд. Баъди суханронӣ профессор Ҷ. Қ. Муҳаббатов 131 нафар донишҷӯи фаъоли факултетро бо туҳфаву Ифтихорномаҳои Садорати факултет сарфароз гардонида, ба суроғаи волидайни онҳо барои тарбияи фарзандон Сипоснома ирсол намуд. Аз ҷумла, 5 нафар аъзои дастаи «Шифо» низ аз эътибори роҳбарияти факултет фориғ намонд.  Чунин муносибат ва таваҷҷуҳ ба донишҷӯён метавонад ба васеъ гардидани доираи донишҷӯёни соҳибистеъдод, илмҷӯ ва фаъол мусоидат намояд.   
Ба махфил барномаи консертии дастаи «Шифо» ҷилои фарҳангӣ ва ҳусни анҷом бахшид.

Шуъбаи фарҳанг