Loading...

ГЛАВНАЯ
НОВОСТИ
Баргузории маҷлиси курсии донишҷӯёни курсҳои 3-6-уми факултети НТҶ

Баргузории маҷлиси курсии донишҷӯёни курсҳои 3-6-уми факултети НТҶ

2017-12-30 /  Автор:Editor /  Просмотров:69

 
  Аз ҷониби декан ва муовини декани факултети нигоҳдории тандурустии ҷамъиятӣ Носиров Қ.Н. ва Мансуров Ҳ.Н. рӯзи 28 декабри соли 2017 бо донишҷӯёни курсҳои 3,4,5,6-уми факултети НТҶ маҷлиси курсӣ гузаронида шуд. Дар маҷлис бо донишҷӯён муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон муфассал баррасӣ карда шуд. Матни Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар рӯзномаи донишгоҳии «Ворисони Сино» чоп ва дастраси донишҷӯён карда шуд. 
Инчунин, доир ба сатҳу сифати донишандӯзӣ, давомот ба дарсҳо, риояи тартиботи дохилии донишгоҳӣ, аҳлоқу интизом, супоридани маблағи таҳсили шартномавӣ ва имтиҳонҳои сессияи имтиҳонии зимистонаи соли таҳсили 2017-2018 бо донишҷуён сӯҳбат гузаронида шуд.
Донишҷӯён изҳор карданд, ки супоришҳое, ки дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидааст сармашқи кори худ карда, ҳамаи  нуктаҳои  гуфташударо ба назар гирифта, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ба камбудиҳо роҳ надиҳанд, бо баҳои хубу аъло имтиҳонҳоро супоранд ва дар оянда барои боз ҳам рушду нумуи донишгоҳ ва ватани азизамон саҳми арзандаи худро гузоранд. 
 
                    Декани факултети НТҶ,
                    н.и.т., дотсент Носиров  Қ.Н.