Loading...

ГЛАВНАЯ
НОВОСТИ
Дар "Соли ҷавонон" киҳо беҳтарин шуданд?

Дар "Соли ҷавонон" киҳо беҳтарин шуданд?

2017-12-30 /  Автор:Editor /  Просмотров:168

Кумитаи ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон дар як маросими вижа дар Душанбе аз "Соли ҷавонон" натиҷагирӣ ва 100 ҷавони беҳтаринро дар бахшҳои гуногуни ҷомеа бо ҷоизаҳо қадрдонӣ намуд. Ин маросим шоми 26-уми декабр дар "Кохи Наврӯз" багузор шуд. 
Дар миёни онҳое, ки ҷоизаҳои ин кумитаро соҳиб шуданд, олимону ихтирокорони ҷавон, кормандони ҷавони вазорату идораҳо, ғолибони олимпиадаҳои ҷаҳонӣ ва варзишгарони маъруф буданд. Аксари ин ҷавонон аз рӯи дастовардҳои илмиву эҷодӣ ва варзишӣ сазовори ҷоизаҳо шуданд.
Шабнам Муродова ҷарроҳи 29-солаи тоҷик, аз ҷумлаи ҷавононест, ки барои анҷоми бомуваффақи даҳҳо амалиёти ҷарроҳӣ, ҷоизаи махсуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзишро соҳиб шуд. Ӯ ин ҷоизаро дар бахши “Ихтирооти техникӣ дар соҳаи тиб” гирифт. Шабнам унвонҷӯи соли сеюми Донишгоҳии тиббии Тоҷикистон аст ва аллакай дар ин муддат даҳҳо ҷарроҳии рӯдаю меъдаро бомуваффақона анҷом додааст. 

Дар беморхонаи марказии шаҳраки тиббии пойтахт ба ҳайси ҷарроҳ фаъолият дорад ва аллакай дар ин сину сол бисёре аз нозукиҳои ин касбро медонад. То имрӯз чандин пажӯҳишҳоро дар бахши “тарз ва усули беҳтар кардани ҷарроҳӣ” анҷом дода, ният дорад роҳҳои осони ҷарроҳӣ ва кӯмак ба беморонро омӯзад.
Мисли Шабнам ҷоизаҳои Кумитаи ҷавонон ва варзишро онҳое соҳиб шуданд, ки ба гуфтаи масъулини Кумитаи ҷавонон дар кору эҷодашон муваффақ мебошанд.


 

Шуъбаи таҳлил назорат ва робита бо ҷомеа