Loading...

ГЛАВНАЯ
НОВОСТИ
Шӯрои олимони факултети тиббӣ

Шӯрои олимони факултети тиббӣ

2017-12-29 /  Автор:Editor /  Просмотров:443

 
 
29-уми декабри соли ҷорӣ ҷаласаи Шӯрои олимони факултети тиббӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа мавзӯъи рисолаҳои илмии аспирантони кафедраҳои таълими асосҳои бемориҳои дарунӣ, травматологияи ортопедӣ, бемориҳои ҷарроҳии №1, бемориҳои ҷарроҳии №2 ва урология ба тасвиб расид. Дар ҷаласа тариқи озмун 26 омӯзгори кафедраҳои гуногуни донишгоҳ ба ҳайси ассистентони кафедраҳо интихоб гардиданд.
Мудири Шуъбаи таҷрибаомӯзӣ Т.З. Хокироев доир ба ҷамъбасти таҷрибаомӯзии истеҳсолии донишҷӯёни факултети тиббӣ гузориши муфассал дод. 
Ҳисоботи раиси Ҷамъияти илмии ҷавонон Х.Р Маҳмудов доир ба дастовардҳои донишҷӯён дар соли 2017 шунида шуд. 
 
Деканати факултети тиббӣ