Loading...

ГЛАВНАЯ
НОВОСТИ
Меҳмонони мо Аловуддин Абдуллоев: «Аз ҳисоби табибон дӯстони зиёд дорам»

Меҳмонони мо Аловуддин Абдуллоев: «Аз ҳисоби табибон дӯстони зиёд дорам»

2017-12-29 /  Автор:Editor2 /  Просмотров:107

  Бешак, номи Ҳунарманди халқии Тоҷикистон, директори театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Қурғонтеппа Аловуддин  Абдуллоев ба ҳар як сокини фарҳангдӯсти Тоҷикистон шинос ва худи ӯ кайҳо азизи ҳар як хонадон гаштааст. Истеъдоди нодири ҳаҷвнигорӣ ва талошу ҷустуҷӯҳои пайвастаи эҷодӣ Аловуудинро дар радифи ситораҳои санъату ҳунари асили тоҷик мавқеи сазовор додааст. Дар арафаи Соли нави милодӣ ин ҳунарманди шинохта меҳмони идораи рӯзномаи «Ворисони Сино» гашт. Аз фурсат истифода бурда, ба ӯ бо чанд савол муроҷиат намудем.

 

-Устод, ба Донишгоҳи тиббӣ хуш омадед. Махфӣ набошад, кадом ҳоҷат Шуморо ба ин даргоҳ овард?

-Ташаккур. Ман ба табибон эҳтироми хоса дорам ва аз ҳисоби онҳо дӯстони зиёд ҳам пайдо кардаам. Табиист, ки одами зинда аз дарду иллати маризӣ худро канор гирифта наметавонад. Агар худам ва ё ягон шахси наздикам ба беморие гирифтор шаванд, албатта ҳама корро партофта аз пайи дарёфти табиби хуб мешавам. Дар чунин даҳзаҳо аксаран ба баъзе дӯстонам, ки дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино фаъолият мекунанд, муроҷиат менамоям. Зеро медонам, ки беҳтарин табибони мо маҳз дар ҳамин даргоҳи муқаддас гирд омадаанду ба  табибони ҷавони оянда ин касби муқаддасро меомӯзонанд. Имрӯз ҳам яке аз наздиконамро ба назди табиби осебшинос Мирзо Абдуллоев, ки қариб 30 боз бо он кас дӯстӣ дорам, барои муоина овардаам.

-Саҳнаҳои хурди ҳаҷвии «Шӯхиҳои Аловуддин» имрӯз ба дили миллионҳо ҳаводорони ҳунари Шумо роҳ ёфта, ба яке аз барномаҳои дӯстдоштаи шабакаҳои телевизионӣ табдил ёфтаанд. Бигӯед, идеяи эҷоди чунин саҳнаҳое, ки асосан худи шумо дар як намоиш чанд нақшро мебозед, чи тавр ба хаёлатон омад?

- Бори аввал иҷрои чунин саҳнаҳои хурдро дар иҷрои ҳунарманди рус Игор Илинский, ки аз рӯи ҳикояҳои Антон Павлович Чехов ба саҳна мегузошт, тамошо кардам ва бисёр писандам афтод. Унсурҳои чунин ҳаҷви заминиву хурдро дар иҷрои ҳунарманди шинохта, устод Убайдулло Раҷаб низ тамошо кардаем. Баъди шиносо гаштан ба нозукиҳои ин навъи саҳнаофарӣ қарор додам, ки бо ягон шакли дигар чунин саҳнаҳои хурдро офарида, пешкаши тамошобинон гардонам. Албатта оғози ҳар кор мушкилиҳо дорад, вале оҳиста –оҳиста кас таҷриба андӯхта, боз паҳлуҳои нав ба нави кори оғозкардаашро кашф менамояд. Барои ман ҳам ҳамин тавр шуд.

 -Аввалин саҳнаи офаридаатон кадом буд?

-Ёдам ҳаст, ки ба ин кор соли 2007 шуруъ намуда будам ва саҳнаи аввалини офаридаам дар бораи кампире буд, ки вақти ҳезумчинӣ аз ёрдами ҷавони соддае бархурдор гашта, ба ӯ ваъдаи амалӣ намудани се орзуяшро медиҳад ва охири намоиш кампир соддагии ҷавонро пай бурда аз ин завқ мебарад. Бисёр хушҳолам, ки то ҳол ин намоишро тамошобинон бо таваҷҷӯҳи зиёд тамошо мекунанду дар бораи он ҳарф мезананд.

-Дар эҷоди кадом саҳна бештар мушкилӣ кашидаед?

-Умуман барои эҷоди як саҳнаи хурд 3-4 рӯз сарф мешавад. Лаҳзае, ки писандам наафтад, онро гаштаю баргашта аз нав сабт менамоем. Аз ин ҷиҳат ба навор бардоштани саҳнаи дар байни мардум аллакай маъруфи «Ҷентелмен» бо мушкилӣ муяссарамон гашт. Барои табъи дил баромадани он зарур омад, ки баъзе лаҳзаҳоро якчанд маротиба аз нав  ба навор гирем.

-Дар «Шӯхиҳои Аловуддин» Шумо  якчанд маротиба нақши татибро офаридаед, ҳадаф чист?

-Дар чунин давраи пур аз мушкилот табиист, ки мардуми мо аз ҳама бештар ба табибон ниёз пайдо мекунанд ва зимни ташрифи духтур муомилаву гуфтугӯҳои аҷиб ба мушоҳида мерасанд. Онҳоро ба саҳна овардан чандон душворӣ надорад, зеро ҳаётианд. Мақсади банда ҳам аз саҳнавӣ сохтани ин лаҳзаҳои ҷолиб зиндагии ҳаррӯзаи мардумамонро ба худи онҳо пешниҳод намудан аст ва хушбахтона то андозае ба мақсад расидаам. Зеро беш аз 10 саҳнае, ки аз ҳаёти табибон офаридаам, на танҳо дар байни мардум, балки дар байни худи табибон ҳам шуҳрат пайдо кардаанд. Ҳар боре, ки  бо ҳоҷате ба табибон муроҷиат намоям, албатта аз ин ва ё он саҳнаи ба табибон бахшидаам бо хушҳолӣ ёдовар мешаванд.   Воқеан, ба кадом беморхонае, ки наравам, табибон маро бо хубӣ мешиносанду ҳамчун одами наздику қадрдон муносибат менамоянд.

-Дар як намоишномаи хурд нақши агрономи русро бозӣ мекунед ва аз гуфторатон маълум, ки забони русиро бисёр аъло медонед. Забондониатон аз куҷо сарчашма гирифтааст?

-Ман мактаби рақами 6-и шаҳри Қурғонтеппаро дар давраи шӯравӣ хатм намудаам. Он вақтҳо дар мактаби мо миллатҳои гуногун  таҳсил менамуданд. Махсусан, теъдоди русзабонҳо зиёд буд. Аз ҳисоби онҳо дӯстони зиёд доштам ва алоқаи наздик имкон дод, ки забони русиро ба хубӣ аз худ кунам.Баъдан нозукиҳои ин забонро мустақилона омӯхтам ва то тавонистам онро барои худ наздик намудам.

-Шеваҳои маҳалҳои гуногунро чӣ?

-Боз ҳамон давра ва ҳамон дӯстоне, ки аз минтақаҳои гуногун доштам, шароит фароҳам овард, ки ба шеваҳои мухталифи тоҷикӣ наздикӣ пайдо кунам. Воқеан, ман аз хурдӣ кунҷков будам, ва ҳар чизи нав зуд таваҷҷӯҳамро меоварду ба осонӣ дар майнам ҷой мешуд.Дар мактаби мо бошад аз ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ бачаҳо таҳсил менамуданд, ки дар тарзи гуфтори кӯчагии ҳар кадоми онҳо хусусияти хоси гуфтори шевагии ҳамон маҳал таҷассум ёфта буд. Ҳамин тавр бо шеваҳои хоҳ ғармӣ бошаду хоҳ кӯлобӣ, хоҳ бадахшониву хоҳ хуҷандӣ ошноии наздик пайдо кадам, ки имрӯз онро дар кори эҷодиам озодона истифодамебарам.

-Аловуддин дар як қисм саҳнаҳо бо шеваҳои бадахшонӣ бисёр моҳирона ҳарф мезанад. Оё ин ба иззати нафси бародарони бадахшонӣ намерасад?

-Баракс, Аз соли 2008 инҷониб ҳар сол бо сафари ҳунарӣ ба Бадахшон меравам. Ин сарзамини биҳиштосо дар баробари табиати нотакрор боз одамони наҷиб дорад. Гумон мекунам дар Бадахшон нафаре нест, ки  ба санъату ҳунари асил бетараф бошад. Аз ҳамин хотир аст, ки ҳар дафъа дар он ҷо маро бо иизату икроми зиёде пешвоз мегиранд.

-О, мо гумон доштем, ки ту дар ҳақиқат бадахшонӣ ҳастӣ,-боре ҳангоми суҳбат бо тааҷҷуб иброз дошт яке аз мухлисони бадахшониам. Дар яке аз сафарҳои охиринам баъди анҷоми намоиш чун рамзи эҳтиром мардуми шаҳри Хоруғ ба китфонам  ҷорубҳои хушдӯхти бадахшонӣ гузошта, ба  сарам тоқии бадахшонӣ пӯшониданд. Раиси шаҳр бошад ба ман рубоби садафкории бадахшонӣ ҳадя кард.

- Дар як  намоиш нақши якчанд нафарро бозидани як нафар душвор нест?

-Албатта, душвор аст. Либос пӯшидану худро орову торо додан ин як тарафи кор аст. Илова бар ин, барои самимӣ баромадани саҳнача хислату характери ҳар  як қаҳрамони намоишномаро вобаста ба синну сол, ҷинс ва мавқеи ҷамъиятиаш пурра омӯхтан лозим меояд, ки ин мушкилиҳои хоси худро дорад. Вале чӣ хеле ки дар халқ мегӯянд « кори намешудагӣ нест». Одам аз пайи коре, ки шуд бояд онро то охир расонад ва ба мақсади пешгузоштааш ноил гардад.

- Дар филмҳо низ нақш офаридаед?

- Бале, дар бештар аз 20 филм нақшҳои хурду калонро бозидаам. Ҳамкорӣ бо яке аз таҳиягарони номии тоҷик Бахтиёр Худойназаров барои ман гӯё туҳфаи тақдир буд. Бахтиёр воқеан, дилбохтаи касби хеш буд ва ин касби ниҳоят мушкилро дар сатҳи режиссёрони маъруфи ҷаҳонӣ аз худ карда буд. Ман дар филми «Падари моҳтобӣ»-и ин таҳиягари номӣ нақш офаридаам ва то ҳол аз ин кори худ қаноатмандӣ ҳис мекунам. Устод Бахтиёр Худойназаров бисёр сахтгир буданд ва то ба ҳадди зарурӣ расонидани ҳар як нақш аз ҳунармандон сахтгириҳои зиёде мекарданд. Санъати синамогарии тоҷикро давоми  умри  кӯтоҳашон хеле муваффақона муаррифӣ мекарданд. Афсӯс, ки он кас бармаҳал аз дунё гузаштанду манзили охираташонро дар Олмон дарёфтанд. Ҷояшон ҷаннат бошад.

-Дар хориҷи кишвар ҳам будед?

-Ҳамчун ҳунарманд дар Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон баромад кардаам. Дар ҳама ҷо қарсакзаниҳои пурмавҷро сазовор гаштам, ки инро барои худ хушбахтии калон меҳисобам. Санъат паҳлуҳои зиёде дорад, ки ба кас руҳу ҳаловат бахшида, нигоҳашро ба зиндагӣ фарох месозад. Воқеан, ман тариқи шабакаҳои телелевизионӣ якчанд маротиба баромади дастаи «Шифо»-и Донишгоҳи тиббиро тамошо карда дар ҳайрат афтодам. Баромади донишҷӯёни Шумо дар сатҳи ҳунармандони ҳирфаӣ қарор дошт. Маълум аст, ки роҳбарияти донишгоҳ ба рушди фарҳанг диққати лозимӣ медиҳанд. Ҳоло ин даста вуҷуд дорад?

-Бале, дастаи «Шифо» мисли пешин фаъол аст.

- Ин тавр бошад ман омода ҳастам, ки якҷо бо дастаи «Шифо» дар мавридҳои қулай як барномаи муштарак омода намуда пешкаши устодону донишҷӯён гардонем.

-Дар арафаи соли нав чӣ таманниётҳо доред?

-Пири табибони шарқ Абӯалӣ ибни Сино фармудааст, ки табобат бояд бо сухан, теғ ва гиёҳдармонӣ амалӣ гардад. Ман ҳам табибро одатан шахси ҳалим, хоксор, доно ва мушкилкушо тасаввур мекунам. Орзӯи онро дорам, ки табибони ояндаи мо, ки аз ин даргоҳ ҳамчун мутахассис берун мешаванд, хислатҳои номбурдаамро дар худ тарбия карда тавонанд ва ба хизмати халқу Ватан бо дили гарму нигоҳи нек шуруъ намоянд. Дар соли нави милодӣ ба ҳамаи устодону донишҷӯёни ин даргоҳи олӣ саломатӣ, бахту иқболи баланд ва муваффақияту  бурдборӣ таманно дорам.

-Ташаккур барои як суҳбати хеле самимӣ.

-Муваффақ бошед.

 Ворисони Сино

 М.Мазиёев