Loading...

ГЛАВНАЯ
НОВОСТИ
Чу танзим гардид расму оин

Чу танзим гардид расму оин

2017-12-25 /  Автор:Editor /  Просмотров:128

          Бо ташабусси кормандони кафедраи  бемориҳои дарунии №3  дар толори лексиони кафедраи мазкур  чорабинии маърифатӣ – фарҳангӣ –фароғатӣ бо иштироки ординаторони клиникӣ, интернҳо ва донишҷӯён  бахшида ба «Соли ҷавонон»  таҳти унвони «Ҷавонон пайрави Пешвои миллат»  баргузор гардид. Дар чорабинӣ барои татбиқ ва амалӣ гардонидани қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», касби пуршарафи табибӣ, никоҳи хешу таборӣ, кадбонуи беҳтарин саҳначаҳои  диданӣ ва шеъру сурудҳои ҷаззоб  пешкаш гардид. Байни дастаҳои «Интерн-кардиологҳо» ва «Интерн-ҳаматологҳо (терапевтҳо)» озмун баргузор гардид.  Дар охири маҳфил аз ҷониби аъзоёни ҳакамон озмун ҷамъбаст гардида ба ғолибон  тӯҳфаҳо тақдим карда шуд. 

 

 

Мудири кафедра
        Мустафоқулова Н. И