Loading...

ГЛАВНАЯ
НОВОСТИ
Баргузории санҷиши амалӣ мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ, бо усули ОСКЭ дар Маркази омӯзиши малакаҳои амалии донишгоҳ

Баргузории санҷиши амалӣ мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ, бо усули ОСКЭ дар Маркази омӯзиши малакаҳои амалии донишгоҳ

2017-12-23 /  Автор:Editor /  Просмотров:515

 Дар доираи марҳилаи 3-юми Лоиҳаи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷкистон (Лоиҳа) тибқи барномаи нави таълимии факултети тиббӣ, фармоиши ректори донишгоҳ, профессор Гулзода М.Қ. ва ҷадвали таҳияшуда дар рӯзҳои аз 18 то 28 декабри соли 2017 дар Маркази омӯзиши малакаҳои амалии донишгоҳ (МОМА) бо мақсади баҳодиҳӣ ба сатҳу сифати таҷрибаомӯзии истеҳсолии соли таҳсили клиникии соли таҳсили 2017-2018-и донишҷӯёни курси 6-уми факултети тиббӣ ва дониши назариявӣ, малакаҳои амалию муоширатӣ, фикрронии аналитикию клиникӣ, маҳорати касбии донишҷуён мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ тариқи ОСКЭ (Объективный структурированный клинический экзамен) қабули санҷиши амалӣ ба нақша гирифта шудааст. Барои қабули санҷиши мазкур аз донишҷӯён  тибқи стандартҳои байналмилалӣ бо истифода аз беморони стандартикунонидашуда ва технологияи симулятсионӣ бо ҳалли масъалаҳои ситуатсионӣ дар МОМА-и донишгоҳ ҳамаи шароитҳои муфид муҳайё аст.

Якҷоя бо намояндагони Лоиҳа, ҳамоҳангсози миллии Лоиҳа Ярбаева Шаҳло, коршиноси байналмилалии Лоиҳа оид ба таълим аз Швейтсария Грета Росс, мутахассиси Лоиҳа Давлатова Дилбар рӯзҳои 18-22 декабри соли 2017 дар МОМА санҷиши амалӣ тариқи усули ОСКЭ аз донишҷӯёни курси 6-уми факултети тиббӣ таҳти роҳбарии муовини ректор оид ба корҳои муолиҷавӣ Гадоев Б.Ш. қабул карда шуд ва қабули санҷиши мазкур  то 28 декабри соли 2017 идома меёбад. Санҷиши амалӣ тариқи ОСКЭ аз донишҷӯён дар 5 стансия аз фанҳои асосии клиникии тибби оилавӣ, терапия, педиатрия ва неонатология, ҷарроҳӣ, акушерӣ гинекологӣ аз ҷониби омӯзгорони кафедраҳои клиникию мутахасссисони МОМА-и донишгоҳ ва комиссияи санҷишӣ таҳти раисии дотсенти кафедраи тибби оиолавии №2, н.и.т. Иномзода Ҷ.И. қабул карда шуд. Ҳангоми қабули санҷиши амалӣ тариқи ОСКЭ аз донишҷӯён  кормандону коршиносони байналмилалии Лоиҳа иштирок доштанд ва аз ҷониби онҳо қайд карда шуд, ки барои қабули санҷиши амалӣ тариқи ОСКЭ аз ҷониби раёсат, сохторҳои дахлдори донишгоҳ ва ҳамоҳангсози донишгоҳии Лоиҳа Носиров Қ.Н. корҳои зиёди самаранок ба анҷом расонида шуда, санҷиши мазкур тибқи стандартҳои байналмилалӣ ташкил карда шуда, дар сатҳи баланд гузаронида шуда истодааст.
Таҳлили натиҷаи санҷиши амалии донишҷӯён дар рӯзҳои  18-22 декабри соли 2017  нишон дод, ки дониши назариявӣ, малакаҳои амалию муоширатӣ, фикрронии аналитикию клиникӣ ва маҳорати касбии донишҷӯёни курси 6-уми факултети тиббӣ дар сатҳи хуб қарор дорад. Хулосабарорӣ кардан мумкин аст, ки беҳтар шудани сатҳу сифати дониши назариявӣ, малакаҳои амалию муоширатӣ, фикрронии аналитикию клиникӣ ва маҳорати касбии донишҷӯён бо фароҳам оварда шудани шароити муфиди таълимӣ, беҳтар карда шудани базаи моддию техникии донишгоҳ, таъсиси МОМА-и нав, ислоҳоти таҳсилоти  тиббӣ бо мутобиқкунонии он ба стандартҳои байналмилалӣ ва эҳтиёҷоти соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷкистон аз ҷониби раёсати донишгоҳ таҳти роҳбарии бевоситаи ректори донишгоҳ, профессор Гулзода М.Қ. ва дастгирии шарикони хориҷӣ, кормандону коршиносони байналмилалии Лоиҳа аз Швейтсария ва Канада вобастагӣ дорад. Кайд кардан лозим аст, ки ҳамаи маводи сарф барои қабули санҷиши амалӣ тариқи ОСКЭ аз ҷониби Лоиҳа таъмин карда мешавад. 

Ҳамоҳангсози донишгоҳии ЛИТТ,
декани факултети НТҶ, н.и.т., дотсент
Носиров Қ.Н.