Loading...

ГЛАВНАЯ
НОВОСТИ
Мулоқот бо донишҷӯёни факултет

Мулоқот бо донишҷӯёни факултет

2017-12-23 /  Автор:Editor /  Просмотров:92

 
  Рӯзи 20 декабри соли 2017 бо донишҷӯёни сустхон ва аз дарсҳо ғоибдори курсҳои аз 1 то 6-уми факултети нигоҳдории тандурустии ҷамъиятӣ аз ҷониби декан ва муовини декани факултет мулоқот гузаронида шуд. Дар мулоқот бо донишҷӯён доир ба сатҳу сифати донишандӯзӣ ва давомот ба дарсҳо, инчунин супоридани маблағи таҳсили шартномавӣ сӯҳбат гузаронида шуд. 
Бо донишҷӯёне, ки таҳсилашон дар сатҳи пасттар қарор дорад ва аз дарсҳою лексияҳо ғоиб доранд, сӯҳбати ҷиддии фаҳмондадиҳии ҷиддӣ гузаронида шуд.  Ба донишҷӯён танбеҳ эълон карда шуда, онҳо таъкид карда шуданд, ки ҳангоми такрор  кардани камбудиҳои зикргардида, аз ҷониби деканати факултет ва раёсати донишгоҳ чораҳои қатъӣ андешида мешавад. Донишҷӯёне, ки тариқи таҳсили шартномавӣ таҳсил мекунанд, таъкид карда шуданд, ки маблағи таҳсилашонро сари вақт пардохт кунанд. 
Дар охири мулоқот донишҷӯён изҳор карданд, ки ҳамаи  эродҳою маслиҳатҳои  муфидро ба назар гирифта, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дар оянда ба камбудиҳо роҳ надиҳанд ва бо баҳои хубу аъло таҳсил намоянд. 
 
 
                    Декани факултети НТҶ,
                    н.и.т., дотсент Носиров  Қ.Н.