Loading...

ГЛАВНАЯ
НОВОСТИ
Терроризм ва экстремизм – хатари глобалии ҷаҳон

Терроризм ва экстремизм – хатари глобалии ҷаҳон

2017-12-25 /  Автор:Editor /  Просмотров:157

  Яке аз мушкилиҳое, ки тамоми ҷомеаи муосирро фаро гирифтааст, ин экстремизм, терроризм ва дигар зуҳуроти номатлубу хатарзо  мебошад.
Қурбони терроризм асосан ҷавонон мебошанд. Аз ин рӯ, ҷавононро мебояд, ки зиракиро аз даст надода,  сабабу омилҳои пайдо шудани гурӯҳҳои ифротгаро ва террористиро биёмӯзанд ва барои дафъи он кӯшиш  намоянд, то сулҳ, ваҳдат ва амнияти кишвар  ҳифз  гардад.
Терроризм аз нуқтаи назари ҳуқуӣ чунин аст: «Ин содир намудани амалҳои мебошад, ки ба одамон хатари марг ба миён меоварад, истифодаи он мақсади ҷисман бартараф  кардани рақибони сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад».
Зуроварӣ, зулм, фишороварӣ, таҳқир ва паст задании шаъну шарафи инсон, хусусан гурӯҳҳои дигари этникӣ аз ҷониби ҷомеъа мумкин аст, эътирозро ба вуҷуд оварад, ки он мумкин ба ифротгарӣ сабзида расад. Боз як сабаби пайдоиш ва паҳн гардидани чунин падидаҳои номатлуб ин бехабар будан аз маърифати ҳуқуқӣ ва худшиносӣ, таълиму тарбияи нокифояи насли наврас мебошад. Аз ин лиҳоз мо кӯшиш ба харҷ диҳем, ки фарҳанги динию миллӣ, сатҳи донишҳои дунявию илмӣ ва ҳамчунин донишҳои динӣ дар чаҳорчубаи мазҳаби суннатии мо – ҳанафияи ҷавононро боло бардорем.
Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд кардаанд: «Ман эътиқоди қавӣ дорам, ки ифротгароӣ, терроризм ва радикализмро ба ягон дин, аз ҷумла дини мубини Ислом нисбат додан мутлақо раво нест. Зиёда аз он ҳадаф, мазмуни ва амали ин зуҳурот комилан хилофи руҳ ва мазмуни волои инсонии динҳо, аз ҷумла дини Ислом аст. Террорист, ба пиндори ман, дар асли худ миллат, мазҳаб ва Ватан надорад ва душмани Худованду бандагони ӯст».
         Барои пайдории сулҳу субот, оромиву осудагӣ дар Тоҷикистон ва дар ҳисси ватанхохиву инсондӯстӣ тарбия кардани ҷавонон, ҷорӣ кардани дарсҳои одоби ҳамида ва амсоли он нақши муҳимро мебозад.
 
Кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона