Loading...

ГЛАВНАЯ
НОВОСТИ
Семинар-тренинг

Семинар-тренинг

2017-12-23 /  Автор:Editor /  Просмотров:391

 


Санаи 22 декабр дар бахши иттилоот оид ба маводи дорувории Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии «Фарматсия» бо иштироки кормандони Марказ, кафедраи фармакогнозия ва донишҷӯёни факултаи фармасевтии бахши 5, гурӯҳи 3, семинар-тренинг дар мавзӯи «Хусусиятҳои шифобахши решаи ширинбия ва истифодаи он дар тиб» баргузор гардид. 

Дар семинар-тренинг ба иштирокчиён оиди таркиби кимиёвии решаи ширинбия, хосиятҳои зиддиилтиҳобӣ, балѓамронӣ, зиддимикробӣ, пешобронӣ, дарунронӣ, зиддигистаминӣ, таскинкунандаи дард, қавикунандаи умумӣ, истифодабарӣ дар тиб ҳангоми бемориҳои роҳи нафас, тарзи дуруст тайёр кардани обҷӯш, қиём маълумоти муфассал дода шуд.  
Инчунин қайд карда шуд, ки аз решаи ширинбия маводи дорувории «Ликвиритон», ки барои табобати захми меъда ва рӯдаи 12-ангушта, илтиҳоби музмини меъда бо баландшавии таровиши шираи он, чун зиддиилтиҳобӣ ва ташануҷбардор ва доруи «Глицерам» барои табобати бемориҳои зиққи нафас, газаки пӯст, заҳролудшавӣ, баҳолӣ, бемадорӣ ва дар саноати фарматсевтӣ истеҳсол мешавад.

Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии «Фарматсия»