Loading...

ГЛАВНАЯ
НОВОСТИ
БЮЛЛЕТЕНИ АДАБИЁТИ НАВ

БЮЛЛЕТЕНИ АДАБИЁТИ НАВ

2017-12-22 /  Автор:Editor2 /  Просмотров:83

           Нишондиҳандаи библиографии мазкур «БЮЛЛЕТЕНИ АДАБИЁТИ НАВ  ВОРИДШУДА»  барориши №3  нашрияҳоеро дар бар мегирад, ки   дар семоҳаи сеюми  соли 2017ба китобхонаи илмӣ ворид гардидаанд.

Мақсади нишондиҳандаи библиографӣ- ба хонандагон пешниҳод намудани маълумоти фаврӣ оид ба ҳамаи нашрияҳои ба китобхонаи донишгоҳ воридшуда мебошад.

Бюллетен дар асоси маълумотҳои  феҳристи электронӣ тартиб дода шуда, қайдҳо  бо истифодаи  формати муносиби АБИС ИРБИС гузаронида шудаанд.

Материал  мураттабан аз рӯи ҷадвали УДК  ва ББК  ва дар дохили  қисмҳо аз рӯи алифбо,   ҷо ба ҷо гузошта шудааст.

Дар нишондиҳанда нашрияҳо оид ба тиб дар аввал, баъд аз он адабиётҳои дигар соҳа ҷой карда шудаанд. Тасвири библиографӣ  мутобиқи «ГОСТ:  7.1-2003 «Библиографическая запись. Библиографическое описание» оварда шудааст.

Қайдҳо,  тасвири библиографии нашрияҳо, шифри китоб, УДК, ББК, нишони муаллифӣ, ҷои нигоҳдорӣ ва  шумораи нусхаро, дар бар мегирад.

Бюллетен варианти чопии нашрияҳо: китоб, брошюра, маҷаллаҳо ва мақолаҳои маҷаллаҳое, ки ба китобхона ворид шудаанд ва ба кормандони илм, муаллимон ва донишҷуёни донишгоҳ тавсия шударо  дар бар гирифта, аз он ҷумла (инчунин) дар корҳои  маълумотӣ-библиографӣ ва иттилоотӣ  истифода бурдан мумкин аст.

Бюллетени адабиёти нав

Китобхонаи илмӣ