Loading...

ГЛАВНАЯ
НОВОСТИ
Форуми V анҷуманҳои дӯстӣ ва Фестивали донишҷӯёни хориҷӣ

Форуми V анҷуманҳои дӯстӣ ва Фестивали донишҷӯёни хориҷӣ

2017-12-21 /  Автор:Editor /  Просмотров:128

Санаи 19.12.2017 дар Маркази илму фарҳанги Россия дар Тоҷикистон ва дар толори Донишгоҳи славянии Россия-Тоҷикистон Форуми V анҷуманҳои дӯстӣ ва Фестивали донишҷӯёни хориҷӣ ва тоҷик бахшида ба 25-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷамъбасти соли ҷавонон бо тасмими якҷояи Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ, намояндагии Россотрудничество ва дастгирии Сафорати Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони корпусҳои дипломатии мустақар дар шаҳри Душанбе, аъзои иттиҳодия ва марказҳои фарҳангии ақаллиятҳои миллии муқими Тоҷикистон доир гардид, ки намояндагони шӯъбаи равобити байналмилалӣ, шӯъбаи тарбия ва фарҳанг, муовинони деканҳои факултети тиббӣ, НТҶ ва 100 нафар донишҷӯёни ватанию хориҷӣ иштирок варзиданд. Инчунин овозхонии дастаи «Шифо»-и донишгоҳ ҷамъомадро рангинтар намуд.

Шуъбаи тарбия ва фарҳанг