Loading...

ГЛАВНАЯ
НОВОСТИ
Баргузории маҷлиси курсии донишҷуён

Баргузории маҷлиси курсии донишҷуён

2017-12-16 /  Автор:Editor /  Просмотров:108

  Рӯзи 15декабри соли 2017 бо донишҷӯёни курсҳои 1ва 2-юми факултети нигоҳдории тандурустии ҷамъиятӣ маҷлиси курсӣ гузаронида шуд. Дар маҷлис бо донишҷӯён доир ба сатҳу сифати донишандӯзӣ, давомот ба дарсҳо, риояи тартиботи дохилии донишгоҳӣ, аҳлоқу интизом, супоридани маблағи таҳсили шартномавӣ ва имтиҳонҳои ҷамъбастии сессияи имтиҳонии зимистонаи соли таҳсили 2017-2018 сӯҳбат гузаронида шуд. Дар маҷлис ҳамаи донишҷӯён иштирок доштанд.
Бо донишҷӯёне, ки таҳсилашон дар сатҳи пасттар қарор дорад ва аз дарсҳою лексияҳо ғоиб доранд, сӯҳбати ҷиддии фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.  Донишҷӯёне, ки тариқи таҳсили шартномавӣ таҳсил мекунанд ва то ҳол  маблағ таҳсилашонро пардохт накардаанд, таъкид карда шуд, ки маблағи таҳсилашонро сари вақт пардохт кунанд. 
Донишҷӯён бо ҷадвалу тартиби супоридани имтиҳонҳои ҷамъбастии сессияи имтиҳонии зимистонаи соли таҳсили 2017-2018 тибқи низоми кредитии таҳсилот бо барномаҳои кмпютерӣ дар Маркази ягонаи тестии донишгоҳ шинос карда шуда, шрих-коди инфиродии ҳар як донишҷӯён ба маълумоти онҳо расонида шуд. 
Бо донишҷӯён оид ба баланд бардоштани ҳисси ватанпарварию миллатпарварӣ, гиромӣ доштани муқадассоти миллӣ, садоқат ба ватану халқи азизамон, ба донишгоҳ, қатъӣ риоя кардани тартиботи дохилии донишгоҳӣ, риояи сару либос, намуди зоҳирӣ, бо  автомашина наомадан ба дарсҳо, истифода накардани телефонҳои мобилӣ ҳангоми машғулиятҳо, риоя кардан ба тозагии синфхонаҳою биноҳои донишгоҳ, кӯчаҳою хиёбонҳои шаҳри Душанбе, эҳтиёткорона ва ғамхорона муносибат кардан ба молу ашёи донишгоҳ ва ҳамарӯза бо тайёрии хуб омадан ба дарсҳо сӯҳбати фаҳмондадиҳии муфассал гузаронида шуд.
 
Дар охири маҷлис донишҷӯён изҳор карданд, ки ҳамаи  маслиҳатҳои гуфташкдаро ба назар гирифта, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ба камбудиҳо роҳ надиҳанд, бо баҳои хубу аъло имтиҳорҳоро супоранд ва дар оянда барои боз ҳам рушду нумуи донишгоҳ ва ватани азизамон саҳми арзандаи худро гузоранд. 
Декани факултети НТҶ,
                    н.и.т., дотсент Носиров  Қ.Н.