Loading...

ГЛАВНАЯ
НОВОСТИ
Ҷаласаи навбатии ҶИД-и кафедра

Ҷаласаи навбатии ҶИД-и кафедра

2017-12-13 /  Автор:Editor /  Просмотров:428

Рӯзи 12 декабри соли 2017 дар кафедраи биологияи тиббӣ бо асосҳои генетика  ҷаласаи навбатии  ҶИД-и кафедра баргузор гардид.  Дар он маърузаи илмии донишҷӯи гуруҳи 18 курси  2-и факултети тиббӣ дар мавзӯи «Алоқамандии нақшҳои гуногуни ангуштон бо гуруҳҳои хун ва резус омил»   ва донишҷӯи курси 1, гӯгуҳи 21-и факултети тиббӣ дар мавзӯи «Растаниҳои шифобахши Тоҷикистон» шунида шуд.  
Дар ҷаласа 32 нафар аъзоёни ҶИД –и кафедра ҳамроҳи омӯзгорон иштирок намуданд.  Дар охир ҷаласаро мудири кафедра дотсент Холбегов М.Ё ҷамъбаст намуда,  ба донишҷӯёни курси якум бори дигар  оиди муҳимияти  корҳои илмӣ тадқиқотӣ, тарзи  навиштан ва дуруст таёр намудани презентатсияи илмӣ  гуфта гузашт. Ҳамчунин  таъкид намуд, ки беҳтарин корҳои илмӣ-тадқиқотии донишҷӯён ба конференсияи илмӣ-амалии олимони ҷавон  ва донишҷӯён, ки рӯзи 27 апрели соли 2018 баргузор мегардад  пешниҳод мегарданд.     


Кафедраи  биологияи  тиббӣ  бо асосҳои  генетика