Loading...

ГЛАВНАЯ
НОВОСТИ
Умри туҳмат кӯтоҳ

Умри туҳмат кӯтоҳ

2017-12-12 /  Автор:Editor2 /  Просмотров:399

       Хоҷагони   Шумо, ки хориҷиҳоянд, албатта  дар  меҳмонхонаҳои  бошукуҳ истироҳат карда мегардед. (Чи тавре ки  худатон ишора  намудаед).

  Қайд намудаед, ки  “Шоҳнаим ” ҷиноятҳои “ худро тибки  ривояти  макомоти  Тоҷикистон”  бо дастури  ман  анҷом  додаст. Ин ҷо ривоят нест,ҳакикати исботшуда,  далелҳои кофии  макомоти хифзи хукуки ҶТ шаҳодат медиҳад,ки дастур дастури «Шумо»-ву  хоҷагонатон аст  эътибору манзалат ва ҳатто сиёсати давлатии як кишварҳои мутаммадани гарбро сарзаниш кардаед… барои мардуми  Юнонро «тавсиф» намудан, пеш аз ҳама таърихро бихонед ! 

     Шумо, ки худ як ҷинояткор дар арсаи байналмилал этироф шудаед, ҳатто иктисоди кишварҳои дунёро заиф мешуморед.

   Пеши назаратон чехрахои Сайидумар, Маҳмадалӣ, Зайд ва дигар зиндониён гузаштааст …. Нигарон набошед, бо дуои модарон,ки фарзандонашон аз низоъҳои дар кишварамон  бо дастурҳои «Шумо» -ву  ҳоҷагонатон  ба миён омада, курбон шуданд, инчунин бо дуои кудакони ятиммонда  ба дидори бародаронатон мерасед… (манзур Сайдумарро дигарон …) ҳамаи онҳоро дар зиндон огуш хоҳед  гирифт.

    Мутмаинем, ки дастони Шумо низ бо завлона баста шуда, бо хиёнатҳои кардаатон дар назди ҳалку ватани Тоҷикстон  ҷавоб хоҳед гуфт .

    Дар гуфторатон ҳатто ғаразҳои зиёде нисбати динҳои олам ҳис мешавад. Табъизи динӣ (дискриминация) мафкураи «Шумо» - ву ҳаммаслаконатонро заиф  намудааст. На ин ки байни динҳо, ҳатто байни миллатҳо, халкиятҳо, нажотҳо тафрикаандози мекунед...(Чоҳилон!) «Шумо»-ву ҳаммаслаконатон бо  китоби  “Қуръон”  кассам мехуреду дуруғ мегӯед, лек дигаронро  бед алел сиёҳашон мекунед.

 Шумову ҳизбиёнатон аз рӯзи оғози фаъолият то ин ҷониб ИҶШС ва умуман системаи Шӯравиро пазиро набудед. Шӯравиҳоро кофар мехондед. Боз имрӯз аз қаҳрамонҳои зани ҷасури шӯравӣ Зоя Космедемская ёдовар мешавад. Ҳол он ки «Шумо»-ву ҳизбиёнатон, ҳаммаслаконатон солҳои ҷанги шаҳрвандӣ садҳо зани руссу украин, беларусро (Шуравиҳоро) дар шаҳри Душанбеву дигшар манотиқи Тоҷикистон, ба хотири мусалмон набуданашон ба қатл расонидаед… Аз дасти Шумо барин «мусулмонҳо» ҳама аз кишвари биҳиштосои Тоҷикистон фирор намуда буданд.

Намешуд, ки мисолатонро аз ҷасурии занҳое, ки ҳаммилатони хоҷагонатонанд меовардед.

Ба фикратон, ин кори «Шумо»-ву ҳамҳизбонатон «Қаҳрамон»-ист.

Вале иштибоҳ мекунед.  Қонуни асосӣ чи мегуяд? (Ин суолро аз мурофиа иқтибос овардаед.)

Қонуни асосӣ мегӯяд:

«Кабириву ҳаммаслаконаш, ки ба халқу Ватан ва миллати тоҷик хиёнат кардаанд ҷавоб хоҳанд гуфт. Хуни ғуррамаргон ва ҷавонмардоне, ки ҷонашонро барои ҳаёти осоиштаи миллати тоҷик нисор кардаанд, дар гардани «Шумо»- палидон аст. «Шумо»-ву ҳаммаслаконатон сазовори ҷазои қатлед!

Миллати тоҷик ва ҳатто ҷомеаи ҷаҳонӣ медонанд, ки «Шумо»-ён чӣ «Хидматҳои Шоёни»-е кардаед! Таърих гувоҳ аст….

А.Лоҳутӣ гуфтааст:

Ҳар шаб зи худат бипурс, ту гар мардӣ,

К-имрӯз чӣ хидмате ба мардум кардӣ

 

Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа