Loading...

ГЛАВНАЯ
НОВОСТИ
Неши ақраб на аз раҳи кин аст…

Неши ақраб на аз раҳи кин аст…

2017-12-12 /  Автор:Admin /  Просмотров:472

     

  Дар мақолаи навбатии худ роҳбари созмони мамнӯи террористию экстремистии ҲНИТ -Муҳиддин Кабирӣ, ки таҳти сарлавҳаи «Як рӯз дар Афина дар ҷустуҷӯи адолат» дар яке аз сомонаҳои интернетӣ ба нашр расондааст, гӯё кӯшиш намудааст, ки талошҳои худро барои аз маҳбас озодкунии як нафар «ҳамсафу ҳаммаслак»-и худ ба дигарон ба намоиш гузорад. Вале боз ҳам чун пешина садои ӯ аз тиннати ғуборолудаш берун баромада, чеҳраи як давлати озоду ҳуқуқбунёдро, ки пешравиҳои бесобиқааш ба табъи нозуки Кабирӣ баринҳо ҳеҷ хуш намеояд, дар назари дигарон сиёҳ карданӣ мешавад.  Чи илоҷ, мегӯянд, ки:

Неши ақраб на аз раҳи кин аст,

Муқтазои табиаташ ин аст.

Ҳисси кину адоват чашмони Кабириро то дараҷае хира намудааст, ки ӯ ҳатто дар ин навиштааш юнониҳоро паст заданӣ шуда, онҳоро ба каси дигар не, балки ба тоҷикон, яъне ҳаммилатони худ шабеҳ намуда менависад: «хунгарм, дар муносибат содда ва як каме бепарво». Аз ин хулоса намудан мумкин аст, ки ин шахси раҳгумзада ба ҳеҷ ваҷҳ падидаи хубро дида наметавонад ва дар ҳар куҷое, ки бошад, чашмони хирабинаш камбудӣ меҷӯянд. Ҳол он ки мардуми соҳибхиради мо мақоле доранд, ки «худиро танқид кардӣ, эътиқоди бегона мехезад».

      Аз рӯи навиштааш гӯё ҳини мурофиа аз ҳамсафи ӯ Шоҳнаими Карим танҳо аз сохторҳои сиёсии Тоҷикистон суолу ҷавоб карда бошанд. Ҳол он ки ба каси каме аз табиати қонунгузорӣ огаҳ маълум аст, ки додгоҳ ҳеҷ вақт аз мавзӯи мурофиавии худ берун намебарояд ва ин хилофи талаботи қонун аст. Аз ин хулоса баровардан мумкин аст, ки вазъи орому рӯ ба тараққии Тоҷикистон ҳолати рӯхии Кабирию ҳамсафонашро рӯз то рӯз табоҳ намуда истодааст ва  онҳо барои ҷои бароҳати худро дар Аврупо аз даст надодан омодаанд, ки ҳама нопокию ифлосӣ ва разилию қабоҳати худро ба сари Ватану миллати хеш бирезанд. Бехабар аз он, ки ин Ватану миллат кайҳо аз чунин ҳомиёни бешарафи худ рӯ гардонда ҳаволаи онҳоро ба худо супоридааст.

 Раёсати ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино