Loading...

ГЛАВНАЯ
НОВОСТИ
Аёдати кӯдакони бепарастор

Аёдати кӯдакони бепарастор

2017-12-11 /  Автор:Editor /  Просмотров:147

Дар таърихи 17-уми ноябри соли ҷорӣ донишҷӯёни курси якуми гуруҳи 2-и  факултети стоматологӣ  иқдоми некро пеша карда, бо тӯҳфаҳое, ки ба маблағи ҷамъовардаи донишҷӯён ва куратори гурӯҳ харида буданд, ба дидани кӯдакони бепарастор ба хонаи кӯдакони рақами 2 , ки дар ноҳияи Сино ҷойгир аст, бо роҳбарии куратори гуруҳ Холматова М.А. рафтанд.


Ҳангоми боздид донишҷӯён бо кӯдакон шинос шуданд, аз ҳолу аҳволи онҳо пурсон шуданд. Диданд, ки бо шарофати дастгирии Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат, Президенти кишвар мӯҳтарам Э.Рахмон кӯдакон ягон камбудӣ надоранд, аз ҷиҳати моддӣ ҳаматарафа таъмин карда шудаанд. Ба онҳо фақат меҳру муҳаббати падару модар намерасад. Донишҷуён қарор карданд, ки аз ин баъд ба ин ҷо зуд-зуд омада, аз дӯстрӯякон хабар мегиранд. 

Кафедраи забони русӣ