Loading...

ГЛАВНАЯ
НОВОСТИ
Вохурӣ бо донишҷӯёни факкултаи тиббӣ

Вохурӣ бо донишҷӯёни факкултаи тиббӣ

2017-12-11 /  Автор:Editor2 /  Просмотров:138

08.12.17 дар деканати факултети тиббӣ бо сарварии декани  факултет д.и.т.,профессор Муҳаббатов Ҷ.Қ.  тибқи нақша-чорабиниҳо бо донишҷӯёни  курси якуми тибқи квотаи Президентӣ таҳсилкунанда дар масъалаи омодагӣ ба сессияи зимистона ва   масъалаҳои дигари тарбиявӣ вохӯрӣ гузаронидашуд.

Дар ҷамъомад муовинони  декани факултет оиди корҳои тарбиявӣ  Бурҳонова З.У.,тибқи квотаи Президентӣ таҳсилкунанда Иргашева Ҷ.З. ва муовини декани донишҷӯёни курси якум иштирок доштанд. З.У.Бурҳонова оиди тағйиру иловаҳои ба  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросимҳо” воридшуда ва  қоидаҳои дохилидонишгоҳӣ, яъне пӯшидани сару либоси тавсиявӣ, рафтору муносибати  хоса доштан бо якдигар ва устодон суханронӣ намуданд.

​Ҷ.З. Иргашева оиди масъалаҳои шомил нашудан ба гурӯҳҳои ифротӣ, дуруст ва самаранок истифода бурдани шабакаҳои Интернетӣ  ба донишҷӯён маслиҳатҳо доданд.

Декани факултети тиббӣ

д.и.т., профессор

Муҳаббатов Ҷ.Қ.