Loading...

ГЛАВНАЯ
НОВОСТИ
Мулоқот бо кормадони Лоиҳаи Швейтсарияги

Мулоқот бо кормадони Лоиҳаи Швейтсарияги

2017-10-05 /  Автор:Editor /  Просмотров:164

Рӯзи 5 октябри соли 2017 бо кормадони Лоиҳаи ислоҳои таҳсилоти тиббӣ дар ҶТ (ЛИТТ) мулоқот баргузор гардид. Дар мулоқот аз ҷониби Лоиҳа ҳамоҳангсози миллии ЛИТТ Ярбаева Шаҳло, коршиноси байналмиллалӣ аз Швейтсария Грета Росс, мутахассис оид ба таълими ЛИТТ Давлатова Дилбар ва аз донишоҳ ҳамоҳангсози донишгоҳии ЛИТТ, декани факултети НТҶ Носиров Қ.Н. ва сардори шуъбаи таҷрибаомӯзӣ Хокироев Т.З. иштирок доштанд.
Дар мулоқот масъалаи ҷараёни амаликунии таҷрибаомӯзии истеҳсолии соли таҳсили клиникии донишҷуёни курси 6-уми факултети тиббии донишгоҳ  дар соли таҳсили 2017-2018 баррасӣ карда шуда, гузаронидани семинари омӯзишӣ барои мураббиён ва гузаронидани мониторинги сифати таҷрибаомӯзии истеҳсолии соли таҳсили клиникии донишҷуёни курси 6-уми факултети тиббии донишгоҳ дар доираи марҳилаи 3-юми ЛИТТ муҳокима гардид.


Натиҷаи амаликунии таҷрибаомӯзии истеҳсолии соли таҳсили клиникии донишҷуёни курси 6-уми факултети тиббии донишгоҳ дар 126 пойгоҳҳои таҷрибаомӯзии муассисаҳои тиббии 16 шаҳру ноҳияҳо, баррасӣ карда шуд. Аз ҷониби кормандони ЛИТТ барои дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронида шудани таҷрибаомӯзии истеҳсолии соли таҳсили клиникӣ дар соли таҳсили 2017-2018 арзи қаноатмандӣ карда шуда, ба раёсат  ва ректори  донишгоҳ, профессор Гулзода М.Қ. арзи сипос баён карда шуд.
Бо мақсади таҳкимбахшӣ ба сатҳу сифати таҷрибаомӯзии истеҳсолии соли таҳсили клиникии донишҷуёни курси 6-уми факултети тиббии донишгоҳ, хусусан омӯзиши малакаҳои амалию муоширатии касбии донишҷӯёни курси 6-уми факултети тиббӣ, барои мураббиёни соли таҳсили клиникӣ аз пойгоҳҳои клиникии ш. Душанбе ва мудирону омӯзгорони таълимии кафедраҳои клиникии донишгоҳ  оид ба усулҳои муосири омӯзонидани малакаҳои амалию муоширатии касбӣ ба донишҷӯёни дар рӯзҳои 9-13 октябри соли 2017 дар Маркази омӯзиши малакаҳои амалии донишгоҳ гузаронидани семинари омӯзишӣ ба нақша гирифта шуд. Инчунин, дар рӯзҳои 10-14 октябри соли 2017 мониторинги сифати таҷрибаомӯзии истеҳсолии соли таҳсили клиникии донишҷуёни курси 6-уми факултети тиббии донишгоҳ дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ, дар 126 пойгоҳҳои таҷрибаомӯзии  муассисаҳои тиббии 16 шаҳру ноҳияҳо бо дастгирии молиявии ЛИТТ гузаронида мешавад.   

Ҳамоҳангсози донишгоҳии ЛИТТ,
декани факултети НТҶ, н.и.т., дотсент
Носиров Қ.Н.