Loading...

ГЛАВНАЯ
НОВОСТИ
Гузаронидани ташхисҳои морфологӣ дар ОМИТ

Гузаронидани ташхисҳои морфологӣ дар ОМИТ

2017-10-06 /  Автор:Editor /  Просмотров:158

Дар бахши морфологияи ОМИТ гузаронидани ташхисҳои морфологӣ, дар ду самт ба роҳ монда шудааст: илмӣ тадқиқотӣ ва ташхисҳои клиникӣ. Гузаронидани ташхисҳо аз тарафи ходими хурди илмӣ Тағойқулов Э.Х. ва ходими илмӣ Абдуллоев С.М., гузаронида мешаванд. Дар муддати нуҳ моҳи сипаришуда 239 ташхисҳои морфологӣ гузаронида шудаанд, ки аз онҳо 109 таҳқиқоти илмӣ ва 130 ташхисҳои клиникиро ташкил медиҳанд. Барои натиҷагирии корҳои илмӣ-тадқиқотии аспиранти кафедраи бемориҳои ҷарроҳии №2 Муродова Ш. ва аспиранти кафедраи онкология Икромов З., 29 ташхиси морфологӣ гузаронида шудаанд.  Барои натиҷагирии корҳои илмӣ-тадқиқотии профессор Азонов Ҷ.А., дар бахши фармакологияи экперименталӣ оиди омузиши хусусиятҳои гепатопротектории маводҳои тадқиқотшаванда 80 ташхиси морфологӣ гузаронида шудаанд. 

Ғаниев Х.А директори ОМИТ