Loading...

ГЛАВНАЯ
НОВОСТИ
Иштироки донишҷӯён ва кормандони донишгоҳ дар ҷашни 45-солагии Рӯзи байналмилалии муҳити зист

Иштироки донишҷӯён ва кормандони донишгоҳ дар ҷашни 45-солагии Рӯзи байналмилалии муҳити зист

2017-06-17 /  Автор:Admin /  Просмотров:163

 Мутобиқи мактуби Муовини Раиси шаҳри Душанбе аз 23.05 соли 2017, таҳти 13/47/7 рӯзи 5 июни соли 2017 138 нафар донишҷӯёни курсҳои 1,2,3,4-уми факултети НТҶ, мудиру омӯзгорони кафедраҳо, декани факултет Носиров Қ.Н., мовини декан Мансуров Ҳ.Н., мутахассиси низоми кредитии  факултети НТҶ Комилов И.Ш. таҳти роҳбарии муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ ва фарҳангӣ Қурбонбекова П.Қ. дар ҷашни 45-солагии Рӯзи байналмилалии муҳити зист,  дар назди шаршараи МД “Наврӯзгоҳ”иштирок карданд. Дар ташкили намоиши чорабинӣ ва муаррифии донишоҳ мудирон ва омӯзгорони кафедраҳои биология (Холбегов М.Ё.), беҳдошт ва экология (Ҳасанов Ф.Ҷ.), беҳдошти муҳити зист (Дабуров К.Н.), НТҶ (Миралиев С.Р.), фармакогнозия ва тиф ва Маркази таълимӣ, илмӣ–истеҳсолии “Фарматсия”(Раҷабов Г.О.), фармакология (Юлдашева У.П.), эпидемиология (Азимов Г.Ҷ.), мудири шуъбаи тарбия ва фарҳанг Расулов С.Н., мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Шарипов Қ.О., раиси ИКД Саидов И.С., китобхона (Хайруллоева С.Э.) ва фаъолон-валантёрони факултети НТҶ иштирок доштанд. Аз ҷониби кафедраҳои қайдгардида маводҳо, асбобҳо, аёниятҳо, банерҳо, муляжҳо, аз ҷониби Маркази таълимӣ, илмӣ–истеҳсолии “Фарматсия” гиёҳҳои шифобахши дар донишгоҳ истеҳсолшуда дар қуттиҳо, аз ҷониби кафедраи фармакология гиёҳҳои шифобахши ҷамъоварикардашуда ва аз ҷониби китобхона китобу дастурҳо ба намоиш гузошта шуда, дастовардҳои донишгоҳ доир ба ҳифзи муҳити зист дар сатҳи баланд ташкил  ва муаррифӣ карда шуд.

    Аз ҷониби Комиссия таҳти роҳбарии мудири шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе ба намоиши маводҳою дастовардҳои ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино баҳои баланд дода шуд. Хусусан, аз ҷониби раис ва аъзои комиссия ба гиёҳҳои шифобахши дар Маркази таълимӣ, илмӣ–истеҳсолии “Фарматсия”-и донишгоҳ истеҳсолшудаи дар қуттиҳо ҷойгиркардашуда таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда шуда, ба раёсати донишгоҳ барои дар сатҳи баланд ташкил кардани намоиш ва дастовардҳои донишгоҳ доир ба ҳифзи муҳити зист изҳори миннатдорӣ баён карда шуд.

    Декани факултети НТҶ,   
         н.и.т., дотсент Носиров Қ.Н.