Loading...

ГЛАВНАЯ
НОВОСТИ
Баргузории мизи мудаввар оид ба баланд бардоштани сифати малакаҳои амалӣ дар МОМА

Баргузории мизи мудаввар оид ба баланд бардоштани сифати малакаҳои амалӣ дар МОМА

2017-06-17 /  Автор:Admin /  Просмотров:157

Дар асоси фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ аз 06.06 соли 2017, таҳти №428 дар Маркази омӯзиши малакаҳои амалии (МОМА) донишгоҳ рӯзи 9 июни соли 2017 Мизи мудаввар оид ба баланд бардоштани сифати малакаҳои амалӣ дар доираи марҳилаи 3-юми Лоиҳаи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ дар ҶТ баргузор гардид. Дар Мизи мудаввар  аз донишгоҳ муовини ректор оид ба таълим Солиҳов Д.Н., ҳамаҳангсози донишгоҳии Лоиҳа, декани факултети НТҶ Носиров Қ.Н., директори МОМА Усмонов Ҷ.Н., сармутахассиси МОМА Чистяк В.И., мутахассисони МОМА, аз муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ сармутахассиси Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ, директор, муовини директор оид ба таълим, мудир ва омӯзгорони кафедраи тибби оилавии  Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявии  шаҳри Душанбе, муовини директор, мудир ва омӯзгорони  кафедраи тибби оилавии  Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ва намояндаи Ассотсиатсияи  табибони тибби оилавии ҶТ, ҳамоҳангсози миллию кормандони Лоиҳаи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ дар ҶТ, таҳлилгари ЮНФПА, менеҷери барномаи Хадамоти тандурустии ОғоХон (AKHS), ҳамагӣ 24 нафар иштирок доштанд. Мизи мудаввар таҳти роҳбарии Носиров Қ.Н. гузаронида шуд. Дар Мизи мудаввар мутобиқи барномаи  он ҳамаҳангсози донишгоҳии Лоиҳа, декани факултети НТҶ Носиров Қ.Н., муовини ректор оид ба таълими ДДТТ Солиҳов Д.Н. ва мушовири Лоиҳа оид ба таълим Грета Росс бо сухани ифтитоҳи баромад карда, доир ба ислоҳоти таҳсилоти олии касбии тиббии тодипломии муштараки ДДТТ ва Лоиҳа гузаронида шуда, саҳми таълими симулятсионӣ дар МОМА доир ба натиҷагирию дастоварҳо оид ба баланд бардошта шудани сатҳу сифати донишандӯзию малакҳои амалию муоширатии касбии донишҷӯёну хатмкунандагони ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, таҳти роҳбарии бевоситаи ректори донишгоҳ, профессор Гулзода М.Қ. маълумот пешниҳод карда шуд.

Директори МОМА Усмонов Ҷ.Н. дар мавзӯи “Фаъолияти Маркази омӯзиши малакаҳои амалии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино”, сармутахассиси МОМА Чистяк В.И. дар мавзӯи “Таълим дар Маркази омӯзиши малакаҳои амалии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино” ва мутахассиси Лоиҳа Давлатова Дилбар дар мавзӯи “Роҳҳои баланд бардоштани сифати таълими малакаҳои амалӣ” маърӯза карда, иштирокчиёнро бо сохтор, фаъолият, таълими симулятсионии МОМА ва ҳамкорию корҳои иҷрокардашудаю дастовардҳои якҷояи донишгоҳ ва Лоиҳаро баҳри баланд бардоштани сифати таълиму омӯзиши малакҳои амалию муоширатии касбии донишҷӯёну хатмкунандагони ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино шинос карданд. Баъд аз маърӯзаҳо аз ҷониби маърӯзачиён ва кормандони донишгоҳ ба саволҳои сершумори иштирокчиён ҷавобҳои мушаххас дода шуда, маърӯзаҳо бо иштирокм фаъолонаи ҳамаи ҳозирин муҳокима карда шуданд.

Дар фарҷоми Мизи мудаввар аз ҷониби ҳамаҳангсози донишгоҳии Лоиҳа, декани факултети НТҶ Носиров Қ.Н.  ва мушовири Лоиҳа оид ба таълим Грета Росс оиди роҳҳою пешниҳодҳо доир ба  боз ҳам баланд бардоштани сифати таълиму омӯзиши малакҳои амалию муоширатии касбӣ  хулосабарорӣ карда шуда, Мизи мудаввар ҷамъбаст карда шуд.
Пасон, иштирокчиёни Мизи мудаввар бо кабинетҳою таҷҳизотҳои МОМА ва истифодаи онҳо шинос карда шуданд.
 Дар охир,  иштирокчиёни Мизи мудаввар барои дар сатҳи баланд ташкилу гузаронидани Мизи мудаввар ва аз шиносоӣ бо сохтору таҷҳизотҳои МОМА изҳори қаноатмандӣ карда,   ба раёсати донишгоҳ, ректори донишгоҳ, профессор Гулзода М.Қ., роҳбарияту кормандони МОМА ва Лоиҳа  арзи сипос карданд.   

       Ҳамоҳангсози донишгоҳии Лоиҳа,
       декани факултети НТҶ, н.и.т., дотсент  Носиров  Қ.Н.

       Директори  МОМА, н.и.т.   Усмонов  Ҷ.Н.