Loading...
ГЛАВНАЯ
СОБЫТИЯ
Қабули шунавандагон ба курси 4-моҳаи Маркази омодагии қаблии

2017-12-13 /  Автор:Editor2/  Просмотров:182

Қабули шунавандагон ба курси 4-моҳаи Маркази омодагии қаблии

img

ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино қабули ҳуҷҷатҳоро аз рӯи кластери 5-ум (ихтисосҳои тиббӣ, биологӣ ва варзиш) дар ш. Душанбе барои супоридани имти- ҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон менамояд. Дар Маркази омодагии қаблӣ ҳамаи хоҳишмандон ва хатмкунандагони муасси- саҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, коллеҷҳо ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, ки мехоҳанд сатҳи дониши худро баланд бардоранд, таҳсил карда метавонанд. Дарсҳо мувофиқи барномаи таълимии тасдиқшуда аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик (тест ва эссе), таърихи халқи тоҷик ва асосҳои давлат ва ҳуқуқ, математика, химия, биология ва физика, гузаронида шуда, 4-моҳ давом мекунад.

Барои таҳсил намудан ҳуҷҷатҳои зерин лозим аст: 1) Шиноснома ё Шаҳодатномаи таваллуд—асл ва нусха 2) Аттестат— асл 3) Маълумотномаи тиббӣ 038/У 4) Маълумотномаи ҳарбӣ—нусха 5) Расм 6-дона 3х4 6) Маълумотнома аз мактаб (барои хонандагони синфи 11) 7) Табели синфи-10 (барои хонандагони синфи 11) 8) Хилъати сафед

Суроғаи мо: Бинои ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар шаҳраки «Шифобахш» (Қарияи Боло), рӯ ба рӯйи бинои 15-и беморхонаи «Шифобахш» 

Телефон барои тамос: (+992) 907-01-00-10 E-mail: tajmedun14omodagi@gmail.com