Loading...

2017-11-07 /  Автор:Editor/  Просмотров:164

Эълон!

img

 

Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар таърихи 15-уми декабри соли 2017 конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ бахшида ба 25-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани соли 2017 – Соли ҷавонон дар мавзӯи «Илм ва амнияти миллӣ» баргузор мегардад.

Аз ин рӯ, ҷиҳати иштирок дар конференсияи мазкур мақолаҳоятонро то 10-уми декабри соли ҷорӣ ба суроғаи кумитаи тадорукот ш. Хуҷанд, кӯчаи Мавлонбеков – 1, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, ҳуҷраи №23, ё тариқӣ почтаи электронӣ: saidzoda1968@mail.ru ирсол намоед.

Мақолаҳо на зиёда аз 7-8 саҳифа бо формати А-4, ҳуруфоташ 14 Times Nes Roman буда, бо роҳхати роҳбари илмӣ ва имзои муаллифон, пас аз 1,5 фосилагӣ (интервал), дар 1 нусхаи чопӣ, бо нусхаи электронӣ пешниҳод карда шавад.

Маълумоти пурра дар бораи пешниҳод ва чопи мақолаҳо бо телефонҳои (+992) 93-780-05-24 ва Саидов Саидумрон Ғаниҷонович (шахси мутасаддӣ) (+992) 92-772-77-07 дар тамос шавед. 

Шуъбаи илм ва иноватсия