Loading...
ГЛАВНАЯ
СОБЫТИЯ
Баргузории конфронс дар Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб

2017-05-29 /  Автор:/  Просмотров:1177

Баргузории конфронс дар Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб

img

Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки дар Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб дар якҷоягӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва технологияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 29-30-уми майи соли 2017 конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ бахшида ба 20-солагии Ваҳдати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани соли 2017 – Соли ҷавонон дар мавзӯи «Рушди илм, инноватсия ва технологияҳо – асоси таъмини гузариш аз минтақаҳои аграрӣ-саноатӣ ба саноатӣ-аграрӣ» баргузор мегардад. Аз ин рӯ, ҷиҳати иштирок дар конференсияи мазкур мақолаҳоятонро ба кумитаи тадорукот ирсол намоед.
Маълумоти пурра дар бораи пешниҳод ва чопи мақолаҳо аз почтаи электронӣ: ilm_dtmik@mail.ru гирифта метавонед ё бо телефонҳои (+992-83322) 2-13-57 ва (+992) 918-55-45-48 дар тамос шавед.

Шуъбаи илм