Loading...
ГЛАВНАЯ
СОБЫТИЯ
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛЛИИ ДОНИШҶӮЁН, МАГИСТРАНТҲО ВА ОЛИМОНИ ҶАВОН ДАР ВИЛОЯТИ ИССИҚ-ҚӮЛИ ҶУМҲУРИИ ҚИРҒИЗИСТОН

2017-05-18 /  Автор:Редактор/  Просмотров:1037

ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛЛИИ ДОНИШҶӮЁН, МАГИСТРАНТҲО ВА ОЛИМОНИ ҶАВОН ДАР ВИЛОЯТИ ИССИҚ-ҚӮЛИ ҶУМҲУРИИ ҚИРҒИЗИСТОН

img

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил донишҷӯён, магистрантҳо ва олимони ҷавонро ҷиҳати иштирок дар Форуми байналмилалии донишҷӯён, магистрантҳо ва олимони ҷавони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ - иштирокчиёни консорсиуми донишгоҳҳои техникӣ, ки рӯзҳои 22-23 сентябри соли 2017 дар вилояти Иссиқ-Қӯли  ҶУМҲУРИИ ҚИРҒИЗИСТОН баргузор мегардад, даъват менамояд.

Хароҷоти сафар аз ҷониби иштирокчиён пардохт мегардад.
Хароҷоти будубош аз ҷониби даъваткунанда пардохт мегардад.

Довталабон метавонанд, маълумоти муфассал ҷиҳати иштирок аз шуъбаи тайёр намудани кадрҳои илмӣ ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино дастрас намоянд.

    ШУЪБАИ ТАЙЁР НАМУДАНИ КАДРҲОИ ИЛМӢ