Loading...
MAIN
Б

Views: 1

Б

1. Ҳамаи калимаҳои эзоҳшаванда ба тартиби алифбо паси ҳам омадаанд ва бо ҳарфҳои нимғафс чоп шудаанд. 2. Калимаҳои ҳамшакл дар як модда эзоҳ ёфта, бо рақами арабӣ қайд мешаванд. Масалан: ОБИЛА 1 آبله . об гирифтан ё варам кардани пӯст аз сӯхтан ё суда шудан... 2. нағзак, чечак; 3. табхола, доначае, ки аз таб ё тарс дар лаб мебарояд; 3. Агар калима шаклҳои дигари фонетикӣ ё имловӣ дошта бошад, онҳо пас аз аломати мувозӣ (//) гузошта мешаванд. Дар айни замон ҳар кадоми он шаклҳо аз рӯи тартиби алифбо дар ҷои худ низ омадааст, лекин танҳо шакле, ки асосист ё бештар истеъмол мешавад, шарҳ ёфтааст. Чунончи: АБИРАФШОН//АБИРФИШОН عبیرفشانпошандаи абир, паҳнкунандаи хушбӯйӣ;хушбӯй. АБИРФИШОН عبیرفشان ниг. абирафшон. 4. Агар калимае ба алоҳидагӣ истеъмолнашавад ё онро ҷудогона эзоҳ додан мушкилбошад, пас аз зикри он дунуқта гузошта, баъдиборае, ки ин калима одатан дар дохили онмеояд, зикр ва эзоҳ мешавад. Масалан: РАГКАШ: رگکش рагкаш шудан дар натиҷаи изтиробу ҳаяҷони зиёд кашидани рагҳо. 5. Ҳарфи факултативии охири калимаҳодар тартиби алифбо ба назар гирифта нашудааст. Масалан, по(й) дар он ҷое, ки боядаз рӯи алифбо бояд “по” истад, гузошта шудааст. Лекин шакли пурраи калима боз дарҷои худ (ба тартиби алифбо) такрор меёбад: ПО(Й) پای узви бадани инсон ва ҳайвон, киба воситаи он роҳ мегарданд ва бадан дар онқарор гирифтааст, Pes. 6. Шакли мухтасар ё тағйирёфтаи калимаҳоба тартиби алифбо дар ҷои худ зикр ёфта, дарин маврид аз эзоҳ худдорӣ шуда, танҳо башакли аслии калима ишора рафтааст: САГЛОВ سگلاو тибби қадим ба маъниисаглоб. СОИДАН سایدن шакли дигари судан. БАНҶ بنج шакли арабишудаи банг. 7. Сифати нисбӣ шарҳ наёфта, ба исме, киин сифат аз он сохта шудааст, ишора рафтааст: АБАВӢ ابوی мансуб ба аб. 8. Он қисми калимаҳои мураккаб, ки дараввал ё охир меоянд шарҳ ва аз рӯи тартибиалифбо ҷой дода шудаанд. Масалан: СИТО... ... سیتو ба маънии: таом, хӯрок;хӯрдан. Sit(i)o... ...СИТОЗ سیتوز ба маънии зиёдии миқдориҳуҷайраҳо, мас., лейкотситоз – зиёдии миқдори лейкотситҳо. ...cytosis. АЛИФБОИ ТОҶИКӢ АЛИФБОИ ЛОТИНӢ